Бахшҳо

ВИДЕО: "ОШтала" дар Хуҷанд

Ҷамшеди МАЪРУФ

Дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ва бахшида ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маркази маъмурии Суғд - шаҳри Хуҷанд, 2 тонна биринҷро дар 80 дег барои тахмин беш аз 10 ҳазор нафар ош карданд.

Нахустин ҷашнвораи “Оши палов”, ки ба иттилои Хадамоти матбуотии раиси вилоят, ба 18-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд, дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор шуд.

Ҷашнвораи мазкур барои иштирокчиёни беҳтарини фестивали “Оши палов” чанд номгӯи озмунро, ки аз 1 000 то 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дошт, муқаррар намуда буд, ки яке аз онҳо “Ошхури беҳтарин” (2 000 сомонӣ мукофотпулӣ) унвон дошта, мардумро низ сари мизи “Ошхури беҳтарин” ҷамъ карда буд. Яъне, ҳамин “номинатсия” барои аксари мардум бештар аҷоибу шавқовартар ба назар мерасид. Вақте табақҳои ошро назди “ошхурони беҳтарин” ё ба қавли мардум, “пурхӯрони беҳтарин»” оварданд, ҳаҷми табақҳо хурду калон буданд ва дар баъзе аз сари табақҳо ду нафарӣ нишастанд, ки озмун аллакай дар ҳамон лаҳза ҷаззобияти хешро гум карду боиси нигаронӣ гашт...

Вале саҳнаи аз ҳама намедонам, аҷиб гӯям ё ҳайратангез гӯям, хулоса саҳнае буд, ки дар назди соҳили дарёи Сир ошпазони моҳиру чирадасти вилояти Суғд барои мардум дар дегҳои калонҳаҷм оши палов мепухтанд. Ҳар нафар кушиш мекард, ки аз ин навъи таом як каме бошад ҳам, истеъмол намояд. Дар баробари истеъмол кардан, боз бо табақу табақча ва тағорачаҳои худ дар навбат истода, барои гирифта бурдани ош ба хона назди дигар пайвандон ва ё ба дидани беморе ба беморхона, онро “тала” мекарданд, ки ҳоло яке аз ин наворҳоро манзуратон медорем.

ВИДЕОИ "ОШтала" дар Хуҷанд:




Пас, ин чӣ гуна ҷашнвора буд - эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди он, тарғиби нафс ё чизи дигар?
Мӯҳр
Бехтараш хамон 2-тонна биринчу.700 кг равгану, 3 тонна сабзиро дар дахаи мохи шарифи Рамазон ба мардуми камбизоати вилоят таксим мекардед савобаш бисёртар мерасид мухтарам ташкилкунандагони "Ош-талла".ё дар вилояти Сугд камбизоатон нестанд ?

Кулябец
Ин як дахшат, бемаданиятиро нишон медихад . Пурхуронро чоиза (приз ) додан ин Кори Исмат (Кори Ишкамба)- и С. Айниро зинда кардан хаст. Мо мардуми мусалмон хастем ва ду нафарро ба пурхури мусобика андохтан баробари ду хайвонро чанг андохтан аст!

Э Чамшеди Маъруф ту магар гурури милли дори, чунин чашнвораи бохашамат ва бошукухро нодида мегири ва мардумро ба рохи худфиреби мебари. Ин чашнвора бори нахуст гузаронида шуд ва собит сохт, ки оши палав хуроки милли точикон буда, дар байни мардум махбубияти беандоза дорад ва ин ОШталош ба истилохи ту собит сохт, ки вокеан мардуми сарбалади точик ба анъанахои худ аз чумла ошхонадори арч мегузорад ва бо иштироки худ инро собит сохтааст. Ба чои чунин маколахои фач ту мебояд агар рузноманигор боши ба таргибу ташвики чунин анъанахои милли ачдоди камар мебасти ва маданияти волои точиконаро нишон медоди.

Истиклол
Ошашон шавад, дар тамоми давлатхои чахон хар сол озмуни пивахурхо, гамбургерхурхо, тортхурхо ва хатто дар давлати Бразилия хар сол Карнавал ташкил ва мегузаронанд, ки то ки сайхони аз тамоми чахон омада иштирок кунанд.
Давлати мо хукукбунёд, демократи ва дуняви мебошад, мо аз ягон кам не.Рахмат ба ташкилкунандагони озмун, кандашона зананд. ОФАРИН!
Баръакс мо бо ин сайхонро ба давлати худ чалб менамоем, агар хар сол ба хамин монанд озмунхо ташкил кунанд, сайёхони ворида ба давлати мо зиёд мешаванд, ки маблаг ба бучети чумхури ва махалли ворид мегарданд, ки давлат метавонад, ки аз ин нафакаи маъюбон ва хатто ба камбизоато чуброн пулиашонро зиёд кунад.

Истиклол,
хами журналистай ё ягон мардаки ситезачу...

Э, мардум хами мардак вокеиятро нишон додагй-ай. шумохон куред, ки намебинед, ки дар видео чй гап шудестай.
Ба чой НАФС, бехтар нестай, ки одоби таомхурй омузонд. Мо, ки хурда наметонем, баъд хамин хел мисле, ки дар чангал бошем, ба "хучум" медароем.

Банда
Мешудост кууууу ош бе гушт.

Фотима аз Панчакент
Банда ба бародарон яке Садриддин ва дигаре ки худро Кулябец номидааст чунин гуфтаниям"Эй ватандор максад аз ташкил намудани чунин чорабини муайян кардани камхурону пурхурон нест ва набуд. Максад аз ин чорабинии мазкур бори дигар эхё кардани анъанаву суннатхо ва хуроки миллии точикон буд. Оши паловро дар вилояти мо хурду калон меписанданд. Дар ин чорабини аз хоричи кишвар мехмонхо тащриф оварда буданд ва ба хуроки миллии мо бахои баланд доданд. Шумо агар заррае хам бошад хисси ватандусти медоштед як чорабиниро ки бахшида ба чашни иди Вахдати милли баргузор гардида буд ин кадар танкид намекардед. Ин хел чорабинихо ки соле як маротиба дар остонаи чашнхои бузург ташкил карда мешавад ва мардум дар он хурсанди мекарданд магар сазовори танкид аст. Вилояти Сугд дар арафаи иди Рамазон ба беш аз 300 оилахои камбизоат ва шахсони имконияташон махдуди ш.Хучанд ва навохии атрофи он кумаки модди расонид. Боз аз ин зиёда мешавад?

Шахрванд
Фотима аз Панчакент,
Э не ки миннат кардида!!! Медонем чи хел ердам мекунед! 70-80 фоизи маблаги кумакро ба чайбатон мезанед! Тамому кушушихои Президентро дар назди мардум шумо барин мансабдоракони махалли ба сифр баробар мекунед. То кай мардум ва хукуматро фиреб медихед?

ш Душанбе
э ташкил кунандагони ОШИ ПАЛОВ .....баскунед исрофкорира ...БАСКУНЕД ИСРОФКОРИРА.....О ХАМОН ЖУЛУТКААТОН КАФИДА НАМОНАД...

и ошои чалфасира ба трб хурдан даркор ки шкамравак мешай,кандшона занан уйгурои урумчи ана у оша ошшшш меган бмбрен наметонен пхта,чалфасои трбхр!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)