Бахшҳо

Шигифтзадагии Кабирӣ аз хабари “заминфурӯшӣ”-ю парвандаи ҷиноӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло дар хориҷ қарор дорад, аз нашри хабарҳо дар мавриди эҳтимоли боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ дар Ватан бо иттиҳоми заминфурӯшӣ, нигаронӣ кардааст.

Ӯ шоми 17 июн дар конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ: Чолишҳои муосир” дар шаҳри Маскав иттиҳоми муаллифи матлаби “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати кишвар алайҳи худро рад карда, таъкид кардааст, маконеро, ки 17 соли пеш фурӯхт, моликияти шахсии худаш буд. Раиси ҲНИТ гуфта, “ман бисёр шигифтзада шудам, ки дар арафаи таҷлили Ваҳдати миллӣ тавассути расонаҳои расмии кишвар эълон мекунанд, ки гӯиё алайҳи ман дар Ватан парванда боз мешаваду гӯиё ман 17 соли пеш моликияти шахсии худро нодуруст фурӯхтаам. Чи гуна метавонад парвандаи ҷиноӣ бошад, дар ҳоле ки макони фурӯхташуда моликияти шахсии ман буд. Ба ҳар ҳол, агар масъалаи ҳалношудае бо ман мешуд, имкон буд, баъди таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ба миён гузоранд. Дар ҳоле ки дар муддати ин 17 соли гузашта ман ду бор вакили парлумон интихоб шудааму қонунҳои авфи зиёде қабул гардидааст”.

Ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, вақтҳои охир бандҳои созишномаи сулҳ аз сӯи мақомоти давлатӣ шадидан нақз мешавад ва ин ҳама боис шуд, то Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо номаи бозе ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз ин ҳама шикоят барад: “Мо ин масъаларо дар сатҳи парлумону ҳукумат ба миён гузоштем ва ҳатто ба мақомоти қудратии кишвар муроҷиат кардем, вале ба муроҷиатномаи 189-саҳифаии мо, ки дар он тамоми таъқибу фишорҳо алайҳи пайравони ҳизб дарҷ шуда буд, вокунише нишон надоданд. Бовар дорем, сарвари давлат ҳамчун нафари имзонамудаи созишномаи сулҳ ва кафили иҷрои Сарқонун, ба ин масъала расидагӣ хоҳад кард”.

Раиси ҲНИТ афзудааст, фишорҳо алайҳи ҳизби ӯ баъд аз интихоботи парлумонии соли 2010-и Тоҷикистон, ки дар он ин ҳизб раъйи бештари мардумро ба даст овард, оғоз шуд: “Дар интихоботи парлумонии соли равон ҳизби мо на ҳамчун як ҷониби сулҳ, балки ҳамчун душмани бозарфияти халқи тоҷик шинохта шуд. Дар арафаи ин маъракаи сиёсии кишвар расонаҳо матолиби зиёдеро ба нашр расонданд, ки дар онҳо ҲНИТ дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ муттаҳам мешуд. Талош карданд, мафкураеро ба миён оранд, ки гӯиё ҲНИТ ба оянда ва Ваҳдати милии тоҷикон зарар дорад. Интихоботи парлумонии соли 2015 нуқтаи авҷи ин маърака буд. Моро на танҳо ба парлумон роҳ надоданд, балки бо вуҷуди он ҳама таҳлилу интизориҳо фисади овозеро доданд, ки барои як ҳизби аз рӯи шумори аъзо ва нуфӯз дар ҷумҳурӣ мақоми дуюм дорад, таҳқиромез мебошад. Бо ин ҳол низ, мо аз он фоҷеа насохтем. Фикр кардем, ҳукумат парлумони бидуни мухолифро соҳиб шуду ба ҳадафаш расид. Вале баъд аз интихобот таъқибу фишори пайравони ҳизб пурзуртар шуд”.

Раиси ягона ҳизби расмии исломӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид карда, фишору таъқиб алайҳи пайравони ҲНИТ ба нафъи амну суботи Тоҷикистон набуда, мунҷар ба афзоиши гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои террористию ифротӣ, аз қабили ДИИШ-у “Толибон” ва “Алқоида” хоҳад шуд: “Замоне расидааст, ки бонги хатар зада шавад, чун эҳтимоли таркиши вазъ ба ҳадде зиёд аст, ки фардо дер хоҳад шуд. Аксарият бар ин назаранд, ки таҷрибаи муколамаи мусоламатомези мо бо ҳукумат ва ҳамкорӣ дар асоси қонунҳои демократӣ ба кор нарафт ва намояндаҳои зиёди ҷавонон низ аз ин норозиянд. Ҳоло ҳам мо фурсате барои фаҳмонидан дорем, ки рафтан ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ ғалат аст. Вале барои он ки ба онҳо умеде ба оянда диҳем, бояд роҳи алтернативиеро нишон дод. Магар дар сафи як ҳизби қонунии сиёсӣ будан, ки сарқонуни кишвару ҳукумати дунявиро қабул дорад ва низ аз таҷрибаи ҳамкории мусоламатомез бо аҳзоби сиёсии дигар баҳравар аст, беҳтар аз рафтан ба сафи ҷангҷӯёни ДИИШ ё “Алқоида”-ву “Толибон” нест?!”

Ӯ дар идома гуфтааст, “Гулмурод Ҳалимов, собиқ полковники дастаи таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъд аз пайвастанаш ба ДИИШ хеле хуб фаҳмонд, ки барои чӣ ӯ ин тасмимро гирифт. Ҳалимов гуфт, вақте дар ҷаласаи вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур шуд, то барои паст задани шаъну шарафи занони муҳаҷҷабаи тоҷик фоҳишаҳоро ҷалб кунанду бо пӯшидани либосҳои исломӣ филме ба навор гиранд, ӯ дигар тоқат карда натавонист ва фикр мекунам, нафарони ба мисли Гулмурод низ ҳоло кам нестанд. Ман ин ҳамаро барои он мегӯям, ки кишварҳои кафили созишномаи сулҳ - Афғонистон, Покистон, Русия, Эрон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд як каме дар мавриди суботу амният дар Тоҷикистон масъулияте эҳсос кунанд. Бахусус дар пасманзари афзоиши гаравидани ҷавонон ба саффи гуруҳои ифротӣ”.

Ин нигаронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҳолест, ки ахиран “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот ӯро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кард. Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”.

Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
"Ин нигаронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҳолест" Бехтар аст ин тавр навишт: Нигаронии Кабири дар холе изхор мегардад..

1
Мухочир
Миллати точик як фарзанди фарзона дорад мехоханд аз байн барандаш


ман нафахмидам барои чи 17 сол пеш ин масъаларо набардоштеду баъди оне ки аъзои хукумат шуду рохбари як хизби бонуфуз гашт баъд нисбаташ чора дидед????

Бандаи Худо
Саом ба хама. Мухиддин кабири метавони ба ватан дигар бар нагарди. Навбати ту шуд. Шояд, ки туро камаш 20 сол, бо суодираи амвол хабс кунанд. Ба кучое, ки шикоят намекуни фоида надорад. Ягона рох хамин ки дигар наё ба Точикистон. Дар пошинаат шиштаанд аллакай. МО хайрон шудаем ин хукумат чи ният дошта бошад. Худо ояндаи миллатро ба хайр биёрад

Иван
Судя
Кабири айб надорад
ХНИТ айб дорад

Агар суринат тоза бошад, хеч гап нест, ба Ватан гашта биё. Вагарна кокс бте.

Суханони Кабири сад дар сад дурустанд. Ин фарзанди арзандаи точик мисли як катор олимони(ноолимон) гапро тоб намедихад ва хомуш намешинад. МОШООЛЛОХ. Кабири рафик Зайду мархум Кувватов нест. у чонибдорони чандин солаи кави дорад. бо онхо бози кардан хатогии махз аст. монед ВАТАНРО обод кунанд. Онхо хам фарзанди ин Ватананд дили онхо хам барои ин Ватан месузад.

odilll
Muhidin Kabiri olimi siyosat ast tojikiston boyad Kabiriro bamanfiati khud usifoda kunand ammo mutasiiifonanaaaa ki kamsavoddon nameguzoran bosavod ho sari qudrat oynd eeeeeee mardumiiii saburi tojikkk
Na narm bosh ki ba tu sitezand
Na sakhtbosh ki az tu gurezand

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)