Бахшҳо

Пуштибонии президент аз иҷозаи бисёрзанӣ дар манотиқи мусулмоннишини Русия

Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон аз қонунӣ шудани бисёрзанӣ дар Русия, ба вижа дар ҷумҳурии таҳти раёсати худ ва Ингушистон ҳимоят кардааст.

Қодиров гуфтааст, дар манотиқи мусулмоннишини Русия бояд бисёрзанӣ иҷоза дода шавад, то мардон тавонанд, аз ду то чаҳор зан дошта бошанд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Чеченистон ин иқдом метавонад, мушкили маъшуқаҳоро ҳал кунаду мардонро аз “дарди сар” раҳо созад: “Агар мард нафари дигаре дорад, бигзор ин хонум расман ҳамсари дуюм ва сеюми ӯ шавад. Бархеҳо мегӯянд, ин чиз номумкин аст, вале ман ба онҳо савол дорам, ки мардеро мисол оред, ки маъшуқа надошта бошад? Марде нест, ки маъшуқа надошта бошад ва ҳамаи онҳо ба ҳамсарони худ дурӯғ мегӯянд. Вале ман ҳеч вақт наметавонистам, ба ҳамсари худ дурӯғ гӯям”.

Раисҷумҳури Чеченистон таъкид кардааст, ки бисёрзанӣ беҳтар аз маъшуқабозӣ асту метавонад, мушкили демографии Русияро ҳал кунад: “Агар ман зидди бисёрзанӣ баромад кунам, мусулмон нестам. Ман ҷонибдори онам, ки мард бояд чанд зан дошта бошад. Вале ба шарте ки ба онҳо ниёз дошта бошаду адолатро миёни онҳо ҷорӣ карда тавонад”.

Қодиров афзудааст, дар қаламрави Русия 25 миллион мусулмон зиндагӣ дораду барои ҷумҳуриҳои Доғистон, Чеченистон ва Ингушистон бояд ба бисёрзанӣ иҷоза дода шавад. Ӯ таъкид кардааст, ҳар кӣ мусулмононро ваҳшӣ мегӯяд, худ ваҳшӣ аст, чун бисёрзанӣ муносибати дурусту самимӣ ва покиза бо зан аст.
Мӯҳр
kanta bzan kadirov prizidenti ba tu halal bod

Абдуллоҳ
Худованд дар Куръони карим сураи Нисо ояти 3-юм мефармояд; "Пас, аз соири занон он чи шуморо хуш ояд, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор никоҳ кунед ва агар донед, ки (дар ин сурат низ) адл натавонед кард, пас, бо як зан (никоҳ кунед)".

сино
Хурд аст вале аз бисёре призидентҳо боақлу нотарс аст.

мард
haywon astu bas. Man hamchun zan hargiz haywonro dar bistaram didan namekhoham.

субхонАллох
мошоАллох Худо нигох дорад бародари азизама Хочи Рамзан Кодиров ин хаккони чавонмардист призденти 100сол насибат кунад шери нар

маладес рамзан, ба хами начальникут- Путин зан бтен то дига маъшукбози накна

Дар Точикистон ки 99фоизш Мусалмонай даракта биёван дузанагида 18 сол сутт мекнан .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)