Парвандаи ҷиноӣ алайҳи қочоқчиёни чӯбу тахта ба Тоҷикистон
Дар шаҳри Омски Русия алайҳи масъулини як ширкати маҳаллӣ барои интиқоли ғайриқонунии чӯбу тахта ба Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Омск, ҳоло зидди масъулини ин ширкати маҳаллӣ 5 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ду тои он марбут ба қочоқи чӯбу тахта ба Тоҷикистон аст.
Манбаъ мегӯяд, масъулини ширкат дар асоси ҳуҷаттҳои қалбакӣ дар мавриди савдои берунӣ дар умум ба маблағи 9 миллиону 624 ҳазору 337 рубли русӣ аз Русия ба таври ғайриқонунӣ чӯбу тахта берун бурдаанд.
Ин ширкат, ки аз он бурда намешаваду дар шаҳри Омск ба қайд гирифта шудааст, ба Узбакистон низ чӯбу тахта интиқол медодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |