Сафари вакилони Ассамблеяи парлумонии НАТО ба Душанбе
Вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё худ НАТО дар доираи як сафари дурӯза ба шаҳри Душанбе меоянд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст. Манбаъ мегӯяд, сафари вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ба Тоҷикистон рӯзи 22 июн оғоз шуда, ду рӯз идома хоҳад ёфт.
Интизор меравад, вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти баландпояи ҷумҳурӣ, раисони палатаҳои парлумон, роҳбарони вазорату идораҳо гуфтугӯ ва мулоқот намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |