Бахшҳо
22 июн 2015 10:28Тоҷикистон / Сиёсат

Зокиров ба ҷои Муродалӣ Алимардон таъин шуд

Маҳмадтоир Зокиров, вазири кишоварзии Тоҷикистон раҳбари ҳайати ҳукумати кишвар барои гуфтушунид бо Қирғизистон дар мавриди марз таъин шудааст. Ӯ Муродалӣ Алимардонро иваз намуд, ки то барканориаш аз мақоми муовини сарвазир раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунидҳо бо Қирғизистон ба уҳда дошт.

Тибқи қарори ҳукумат, муовини раҳбари ҳайати Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ -- Ятимзода Акбар Табарӣ таъин шудааст. Дар баробари ин ҳайати Тоҷикистон намояндаҳо аз Вазорати адлия, Вазорати хориҷӣ, дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур, қушунҳои сарҳадӣ, ҳукумати Суғд ва дигар мақомоти дахлдор ворид шудаанд.

Ин таъинот дар ҳолест, ки ахиран Темур Сариев, сарвазири нави ҳукумати Қирғизистон низ дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш хостааст, мушаххассозӣ ва аломатгузории сарҳад бо Тоҷикистон вусъат дода шавад. Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Мӯҳр
Муслима
Мухтарам хабарнигорони Озодагон, чаро сарлавхаи маколаи Шумоен дигар маъниву макола ба дигар маъни. Ман намефахмам ниятхои Шуморо...

Ворухи
бисер кори хуб кардане, бехтарин мардаке ба ин маком, акнун хоки киргизора бехтан даркор, ба коратон барор орзу мекнм ва ба пеш окои Зокиров!!! мардум ба шумо бовар дорад

Агар хазор каса дар инчода иваз кунанд, ончи Киргиз мехохад хамон мешавад. Чунки Точикистон обу рую манзалати худро дар назди дигар давлатхо гум кардааст ва ба як давлати сусту камирода табдил гаштааст.Инро фаромуш накунед ва мебинед, ки чунин мешавад. Хар сол замини мо кам мешавад.Чун ки храпи хитоихо гузашт ва дигарон низ сар мебардоранд

гость м
Хитой хамика давлати пешрафтахай куватш то ними дунера мераса неки гап да сари замин мерава манголя кати чан сол шид бахс доран як вачав заминша намета манголя барои ки и замин замини давлатай яруз не яруз пурсиш дора

Мухтарам раисон биёед як маслихати бародарона кунед бо халк Вмкб ба Афгонистон тиед Хисор Шахринав Регара да Узбеко тиен Сугд азони Киргизо шавад Душанберо овтономный кне бе чангу чанчол гардед .... ( бе проблема )

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)