Бахшҳо

Аъзои раёсати олии ҲНИТ: Кабирӣ барнагард!

Раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз, 22-юми июн бо баргузории як ҳамоиш аз авҷи фишор болои наҳзатиҳо хабар дода, афзуд, ки рӯзҳои охир таҳти фишор бисёре аз аъзо ва масъулини ҲНИТ дар маҳалҳо ҳизбро тарк кардаанд.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зимни нишаст бо зикри афзоиши фишор болои наҳзатиҳою наздиконашон изҳор дошт, ки аъзои раёсати олии ҲНИТ ба раисашон-Муҳиддин Кабирӣ тавсия медиҳанд, ки то поин рафтани фишорҳо ба Тоҷикистон барнагардад. Муовини раиси ҲНИТ таъкид кард, ки тасмими ниҳоиро барои бозгашт ба Ватан худи Кабирӣ мегирад.

Саидумар Ҳусайнӣ,
муовини дигари раиси ҲНИТ афзуд, тавсияашон барои барнагаштани Кабирӣ ба матлаби “Ҷумҳурият”, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кард, рабт надорад, зеро Кабирӣ дар ин қазия худро бегуноҳ мешуморад. Ҳусайнӣ гуфт, бештар аз навори таҳдидомези гуруҳи номаълум ба Кабирӣ нигаронанд ва ӯ метавонад ҳадафи ҳамлаи афроду гуруҳҳои номаълум қарор бигирад.

Ҳайит дар мавриди фишор болои наҳзатиҳо илова кард, ки вақтҳои ахир кормандони мақомот ба дафтарҳои марказию маҳаллии ҲНИТ аз номи аъзо аризаи хориҷшавиро меоранд, ки бисёрашон зери фишор навишта шудаанд. Ӯ афзуд, Шӯрои сиёсии ҲНИТ тасмим гирифт, аризаҳоеро, ки зери фишор навишта шудаанд, ба эътибор нагирад.

Масъулини ҲНИТ таъкид карданд, ки муроҷиатҳояшон ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон бенатиҷа монданд ва феълан умеди охиринашон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Раёсати ҲНИТ изҳор дошт, ки агар раисиҷумҳур низ ба фишор болои наҳзатиҳо хотима надиҳад, "мо дар доираи қонунгузории миллию байналмилалӣ дар дохилу хориҷи кишвар барои боқӣ мондани ҳизбамон талош хоҳем кард".

Қаблан сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” навишт, “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”.

Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.

Дар пайи ин хабар Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки бисёриҳо ба ӯ тавсия додаанд, ки барнагардад, аммо худи ӯ тасмим гирифтааст, рӯзи “Ваҳдат”-ро, ки 27-уми июн таҷлил мешавад, дар Тоҷикистон пешвоз гирад, агар тағйири ғайричашмдоште дар барномааш сурат нагирад.
Мӯҳр
Ххдт
Кани бенем аз дастатон чи меояд? Чаноби оли фармони бастани хнитро махфиёна содир кардагиянд!

Шахрванд
Аввал ин ки набояд аз Кабири ягон пешво тарошид. Е аз ХНИТ. Дуввум ин ки Кабири замин ё бинои тандурустиро худсарона нахирдааст онро дар биржа харидааст.

кордон
Душманони дохилихизби омадани Кабириро намехоханд, ё атрофи номаш вохима карда, бо ин рох гумони нохуби мардумро нисбати у шакл медиханд.

Sher
Muhiddin kabiri davri tu omadaast yo mardona muboriza mekni yo ay pasi kori khudut meshay

наби
устод набояд раванд инхо накшахояшон бисйор хатто хоханд мурдаи ленинро басарашон бор мекунанд

Душманонам заифу номарданд.....

1212
душманонам заифу номарданд. душмани мард орзу дорам. офарин бародари азиз.
Эй ҳамватан, ба ҳамдигар чунучаро чаро?
Кардем базмхонаро мотамсаро чаро?

Дорем як таронаи шевои сарнавишт,
Дар як тарона мову ту ноҳамсаро чаро?

Чашма якеву бар ҳама лабташна мерасад,
Дар сад маҳал ба ҳам занӣ сад кӯзаро чаро?

Рафтанд тангчашмакон дунболи офтоб
Мову ту чашмбаставу вопасгаро чаро?

Рафтем дар таассуби худ то гулӯ фурӯ,
Рафтанд ҳеҷбудагон аз мо фаро чаро?

Моем нобародарон аз тухми як падар,
Ҷони бародаро, чаро? Эй хоҳаро, чаро?

Моем нобаробарон аз ину он намат,
Устоди меҳтаро, чаро? Эй кеҳтаро, чаро?
Рухат шод бод шоири зиндаед Лоик Шерали.

mt
як ном пешниход мекунам барои хизбатон хизби нахзати ифторхурони точикистон

diplomat
х.н.и.т. ОБРУЯТРО БОЙ ДОДИ МАРДОНА БО САРИ БАЛАНД БАРОМАДА РАВ НА ХАМЧУН ЛУХТ. АЗ МУЛО АБДУЛОИ СОВХОЗИ ТУРКМАНИСТОНИ ВАХШ УЗР ПУРСИДА ГАЛСТУКИ КАБУДА БА БУНАФШ ТАГИР ТЕДУ ПАДРУД ФИРЕБИ ХАЛК ГУЕД ( илтимос озодагон чоп намо ))))

Масчоӣ
Ҳарчанд Кабириро дӯст намедорам барои тарсуияш ва сустиродагиаш,ки боиси паҳну парешон гардидани ҲНИТ сабаб шуд,лекин бояд маслиҳаташ диҳам,ҳамчун инсон:Беҳтараш барнагард вагарна аз таҷовуз сар карда боз даҳҳо айби нобударо ба сарат бор мекунанд.ИН НОМАРДОН ЯГОН зарача виҷдон муқаддасот надоранд.Лекин ҳаминро бояд бидонӣ,ки ҲНИТРО шикаст додӣ!Чи хеле,ки Горбачев СССР-ро паҳну парешон сохт,чи хеле ки сустиродагии Набиев боиси ҷанги шаҳрвандӣ шуд,ту низ КАБИРӢ боиси шикастхурӣ ва мағлуб шудани ҲНИТ гардидӣ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)