Бахшҳо
22 июн 2015 15:09Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вокуниши шаҳрдорӣ ба матлаби “Боз рақс, боз хатнасур. Кай роҳи ислоҳотро пеш мегирем?”

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба матлаби “Боз рақс, боз хатнасур. Кай роҳи ислоҳотро пеш мегирем?”-и Азизи НАҚИБЗОД, ки 4 июни соли 2015 дар торнамои “Озодагон” нашр шуд, вокуниш нишон додааст. Ин вокуниш зери имзои Ҷамила Лангариева, муовини Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт унвонии хабаргузорӣ расид, ки ҳоло матни комили он пешниҳод мегардад:

“Воқеан Қарори Раиси шаҳри Душанбе №298 аз 30 майи соли 2015 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе” феълан мавриди иҷроиш қарор дорад ва он барои иттилоъ ва дастрасии кулли сокинони шаҳр чун дигар санадҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанбе баҳри таъмини шаффофияти фаъолият тавассути сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj нашр карда шудааст. Аммо агар фаҳмиш, дарк ва масъулияти шаҳрвандии муаллиф бобати гиромидошту арҷгузорӣ нисбати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ - ин санаи тақдирсози миллат чунин будаву шарҳи маънию подоши тафаккураш то ин сатҳ қобилияти бардоштро дорад, ҷои гиламандӣ нест.

Муаллиф андеша пеш меорад, ки “Боз хатнасур, боз саргардон кардани духтарони мардум. Боз рақсу суруд...”, пурсиданием, ки худи Шумо чӣ пешниҳоди мушаххас доред?! Кадом нигоҳи тоза ё он тавре ки худатон мегӯед, “андешаи нав”-ро бо ин мақсад ироа доштеду он аз ҷониби шаҳрдорӣ сарфи назар шудааст? На эроду ҷурмкобӣ, балки ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамандешӣ бо масъулияти шахсии ташаббуси воқеӣ тақозои вақт ва замон мебошад. Шояд огоҳ бошед, ки шаҳрдорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт ҳамкории судманду созандаро ба роҳ мондааст.

Бинобар ин, агар муаллиф дар асл дорои зарфияти пешниҳодсозӣ бошанд, аз имкониятҳои интерактивии солҳо барои иртибот бо ҷомеа фароҳамовардаи шаҳрдорӣ истифода карда, дар амалишавии ташаббусҳои созандаи худ иқдом менамуданд. Зеро шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдорӣ танқидҳои воқеӣ, пешниҳодоти креативии ба нафъи ҷомеа нигаронидашуда буд, ҳаст ва хоҳад монд.

Дигар ин, ки Ваҳдат ва ҳамасола таҷлили солгарди он дар радифи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аз беназиртарин дастовард мебошад, ки ба ифтихори он чунин гиромидошт ҳанӯз кам аст.

Гузашта аз ин, набояд фаромӯш кард, ки дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд дарки волоияти қонун на танҳо ногузир, балки сарчашмаи рушду суботи бемайлони иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. Аз ин рӯ, таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои миллӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи истироҳат муқаррар шудаанд, дар баробари арҷгузорӣ ба ҳар кадоми онҳо баёнгари волоияти қонун мебошад.

Инчунин ба маълумоти муҳтарам Азизи Нақибзод расониданем, ки шуруъ аз 23 августи соли 2012 бо ибтикори Раиси шаҳр ҷалби наврасону мактабиён ва донишҷӯён дар барномаҳои театришуда, ки бо иқдоми шаҳрдорӣ баргузор мегарданд, қатъиян манъ дошта шудааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе масъулиятнокии андешаҳои ибрознамудаи муаллифро ба худашон ҳавола намуда, бовар дорад дар оянда Азизи Нақибзод пешниҳодҳои мушаххаси креативӣ ва навро барои пешрафти пойтахт пешниҳод хоҳад кард.

Ҳамзамон, мо умед мебандем, ки муаллиф бо шомил шудан ба гурӯҳи ҳамкорони Фейсбук ё худ тавассути ширкати фаъолона дар ҷаласаҳои васеи шаҳрдорӣ, ки ҳар моҳ бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ сурат мегиранд ва дар онҳо дилхоҳ сокини шаҳр, ки дар асл мавқеи созандагӣ дорад, таклифу назарҳои худро нисбати пешрафти соҳаҳои ҳаёти пойтахт манзур медорад, саҳм мегузорад”.
Мӯҳр
Кухдоман
Боз мардума мачбур мекунанд ки аз музди маошатон барои раксу суруд ва хатнасур ва саргардонии духтарон маблаг дихед ва дар охир аз хисоби Хукумат хисоби мекунанд гуё хукумат хамаи инро аз бучааш карда бошад ва дар охир гуфтаниям ки окибат хамин сохибкоро кора бас мекунанд ва хато баъзеяшон аз сохибкор буданаш пушаймон хам шудаги аст

ШАХРВАНД
Хамин кадар чашну маросимои нодаркор барои ки даркор раисаи мухтарам Ҷамила Лангариева

мирзо
аз ин вокуниш буйи рачаби мирзо меояд!!!!!!

3
Азиз Нақибзод аку як ҳиммат карда қатор кунед пешниҳодҳоро ҷой наёбанд барои фикр кардан...

додо
Ин гуна вокуниш ба калонкахои Хуршеди Атовуло монанд аст. Баумед мехони, аммо чизе надорад (озодагон, барои чи коменти мана 2 руз боз чоп намекунед?)

"Мухтарама" Чамила , шумо нигоштед,ки : шаҳрдорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт ҳамкории судманду созандаро ба роҳ мондааст. Вобаста ба ин масъалла хаминро бояд гуфт,ки ба рох мондааст лекин ягон пешниход ва дархост кабул нашудааст. Ин хамкории элон кардаатон ба монанди дигар карору .... руи когаз мондааст. Шумо ба кавле сохибмансабони Душанбе- шахр агар масъулият хис мекардед акалан вазъи наклиётро ба танзим медаровардед. Чунин бесару сомонихо ба чуз душанбе дар ягон нукоти чахон нест. Мактабхо бошад дар фасод гута зада имкони нафас надорад.

ҳолдон
Агар аз соли 2012 машқу саҳнасозиву гулфишонии мактаббачагон ва донишҷӯён дар ду се соли ахир дар асоси чӣ баргузор шудаанд?
Ё барои ҳар маърака қарори нав бароварда, ин қарори гуфтаатонро бекор мекунед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)