Додгоҳ чор хатмкардаи Донишгоҳи Хуҷандро 32288 сомонӣ ҷарима баст
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чор хатмкардаи факултаҳои рассомӣ-граффикӣ, геоэкология ва биология-химиявиро ба додгоҳ кашидааст.
Аз маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ҳамаи ин чор нафар дар гуруҳи буҷавии донишгоҳ таҳсил намуда, аммо аз кор кардан аз рӯи ихтисос саркашӣ намудаанд: “Тибқи ҳалномаи додгоҳ онҳо муваззаф шуданд, маблағи аз буҷаи давлат сарфшудаи таҳсилро (дар маҷмӯъ 32 ҳазору 288 сомонӣ) ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргардонанд”.
Манбаъ мегӯяд, дар таърихи донишгоҳ ин барои аввалин бор аст, ки чунин парвандаҳои гражданӣ баррасӣ мешавад: “Бахши ҳуқуқи раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, аз ин пас хамткардагоне, ки тибқи роҳхат, ба ҷойи кор ҳозир намешавад, ба додгоҳ диҳад”.
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин муассисаҳои олии кишвар буда, феълан дар он беш аз 15 ҳазор донишҷўй ба таълим фаро гирифта шудаанд. Соли равон шӯъбаи рӯзонаи ихтисосҳои мухталифи донишгоҳро 497 нафар хатм намуда, аз онҳо 485 нафарашон тибқи роҳхат, ба муассисаҳои таълимӣ тақсим карда шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |