Бахшҳо
23 июн 2015 17:34Тоҷикистон / Тема дня

Тоҷикистон “дар сари роҳ”-и Амрико ва Русия

Баъзан русҳо аз таҳдидҳо дар марзи Тоҷикистон аз ҳадди маъмул беш ҷор мезананд ва ин ҳам холӣ аз манфиати онон нест...

Як нигоҳи кутоҳ ба таърихчаи чанд соли муносибати Тоҷикистон ва Амрико таъйид мекунад, ки дар як даҳаи ахир равобити ин ду кишвар дар тамоми сутуҳ дар ҳоли рушд буда, баръакси ин сардиҳо дар равобити Тоҷикистону Русия зиёдар шудааст.

Қазияи халабонҳои рус, ки ҳама аз поёни он огоҳанд, дар зеҳни коршиносон ин ақидаро ба вуҷуд овард, ки байни Душанбе ва Маскав ҷудоӣ афтод. Он замон, ин ҳодисаро авҷи ба вуҷуд омадани сардӣ ва торикӣ дар муносибати ду кишвар таъбир карда буданд. Ҳоло, агарчӣ байни Душанбею Маскав равобити нисбатан хуб вуҷуд дорад, аммо аз нигарониҳои коршиносони рус метавон ҳадс зад, ки Тоҷикистон мехоҳад аз Русия фосила бигирад. Ин нигаронӣ эҳтимолҳоро рақам задааст, ки мумкин дар оянда Чин ё Амрико ҷои пои Русия дар Тоҷикистонро танг кунад ва Маскав ин кишвари таҳти нуфузашро аз даст бидиҳад. Изҳороти Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти зидди маводи мухаддири Русия, ки гуфтааст, муводи мухаддир баҳонаи хуб барои ҳузури бештари Амрико дар кишвар аст, далел бар ин нигарониҳо аст.

Таҳлилгарон бар инанд, ки Русия аз нуфузи бештари Чин дар Тоҷикистон ҳарос дорад, чун Амрико дар Тоҷикистон “ҳузури беш аз ҳад” надорад. Саъдӣ Ворисов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, сафари ахири вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Амрико ба маънии “наздикшавии беш аз ҳади ин кишвар бо Амрико” нест, чун Тоҷикистон ҳамеша дар муносибат бо абарқудратҳо тавозунро риоят кардааст: “Тоҷикистон ҳамеша тавозуни ҳузур ва муносибат бо абарқудратҳоро бо дарназардошти манофеи миллӣ нигаҳ медорад. Зоҳиран Амрико ба ин наздикӣ наметавонад ҷойи Русияро дар Тоҷикистон танг кунад ва ё боиси хашми Русия шавад. Агар ҳам кохнишинони Кремлин нигароние доранд аз наздикшавии Тоҷикистон бо Чин аст, на бо ИМА”.

Бархе соҳибназарони дигар ба ин нукта ишора мекунанд, ки Русия аз ҳузури Чин дар Тоҷикистон, ки бештар иқтисодист, на низомӣ, агарчӣ нигарон аст, вале ба монанди ҳузури Амрико тарс надоранд. Ҳузури ҳатто камранги Амрико ҳам дар минтақа метавонад хашми мақомоти русро барангезад. Изҳороти ахири онҳо бар ин гувоҳ аст, ки намехоҳанд Тоҷикистон аз “нуқтаи контрол”-и онҳо хориҷ шаванд ва барои ин ки ин амр иттифоқ наафтад аз фишангҳои фишор истифода мекунанд. Ин ҳама гирудор ва кашмакаш Тоҷикистонро “дар сари роҳ”-и ин ду абарқудратҳо қарор додааст. Маслан, баъзан русҳо аз таҳдидҳо дар марзи Тоҷикистон аз ҳадди маъмул беш ҷор мезананд ва ин ҳам холӣ аз манфиати онон нест.

Ба гуфтаи коршиносон бузург нишон додани хатари таҳдид дар марз метавонад ҷои пои онҳо дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро боз кунад. Аз ҷониби дигар, Амрико бо василаҳои дигар мехоҳад ҷои пои худ дар ин кишварро мустаҳкам намояд. Хабари ахире, ки дар нашрияи “The New York Times” зери номи “Тоҷикистон: Ҷабҳаи нави ҷиҳод” интишор гардид, аз хатарҳои эҳтимолӣ хабар медиҳад. Аҳмад Рашид, нависандаи матлаби мазкур аз он нигаронӣ кардааст, ки “ҷабҳаи нави мубориза бо созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки садҳо ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ барои пайвастан ба сафи “Давлати исломӣ” ва Толибон он ҷо ҷамъ омадаанд”. Ин хабар ва даҳҳо хабарҳои дигар ҳокист, ки Тоҷикистон дар сари роҳ аст ва агар бархурди манфиатҳо дар ин сари роҳ ба вуҷуд ояд, буҳрон авҷ хоҳад гирифт.

Шукруллоев С.
Мӯҳр
Мексика
Tojik
Dunyo koinot kashf kadestay, oli da texnalogiya alfaviti tojiki nabromaday. To kaya dumi russiyara megiren, ba zami hamika ishkanjahoi muhojiron.

Абдуллох
Мо набояд ба хотири пораи Чину Амрико аз Русия дури чуем, зеро Точ хатман ба майдони даргири дабдил хохад гашт. Зеро хубии Амрико агар зохир мегардид дар Афгонистону Ироку дигархо мегардид. Пора хуб аст аммо бе тамаъ нест. Набояд Амрико пора дод мо уро шарики стратеги хисоб кунем. Пора надодани Русия ин маъноро дорад, ки нисбат ба Точ нияти бад надорад...

Мухочир
дар кадом давлате ки амрико мехохад дохил шавад дар хол россия учада чанг меандозаду баъд мегаки ин кори амрикохаст неким кори худи ами кала зардохай дар украина америка чанга наадохт худи рассия чанга ташкил кард амрико даъваташ кард ки биё тарафи мо гузар расия намондш чанг дохт ина окибати росия

Хайрпандеш
Амрико барои нест кардани маводи мухаддир дар Авгонистон хузур дорад.Мутаасифона дар давоми хузури Амрико истехсоли мавод чанд маротиба зиёд шуд. Факат сеххои истехсоли мавод замонави шуданд.Авгонхо инро фахмиданд талаб карданд, ки аз Авгонистон бароянд,толибхо тезу тунд шуданд ва ДОИШ пайдо шуд.Америка барои аз байн бурдани Руссия талош дорад аммо зураш намерасад ва барои суст кардани мавкеъи Россия хатман дар Осиёи маркази чанг дохтанаш зарур аст. Ба фикрам Амрико барои амали намудани накшааш Точикистонро интихоб кард .Холо вакти он омад ки Сиёсатмадорон зиракии сиёсиро аз даст надиханд.Аз ДОИШ у толибон тарсонида дар дарун чой мегиранд ва баъд чи коре хоханд мекунанд........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)