Ҳукми зиндони муҳоҷири тоҷик, ки гуфт, ба ҷои ҷарима ҳабсаш кунанд

Додгоҳи Брянски Русия муҳоҷири тоҷикеро, ки гуфта буд, ӯро ҷарима не, ҳабс кунанд, чор моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора торнамои “Брянск today” хабар дода, афзудааст, додгоҳ ин ҷавони 26-соларо ба пардохти 35 ҳазор рубл ҳам муваззаф намудааст.
Алайҳи Гадрӯз Гулови 26-сола, ки шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ мешавад, бо иттиҳоми пешниҳоди ришва ба корманди пулис парванда боз шуда буд. Ба иттилои “Брянск today”, баъди тамом шудани муҳлати қайди буду бошаш дар қаламрави Русия ин муҳоҷири тоҷик қасд доштааст, бо мошини худ марзи Русияро убур кунад, то тавонад дар асоси қонунгузории ин кишвар дубора ба ҷои кораш – Брянск баргардад: “Аммо дар роҳ мошини ӯро кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ нигоҳ медоранд. Кормандони пулис Гуловро ба Шӯъбаи умури дохилии Брянск мебаранд. Муҳоҷир тоҷик барои раҳо шудан ба онҳо 1200 рубл пешниҳод мекунад ва аз ҷониби хадамоти амнияти дохилии шӯъба боздошт мешавад”.
Лилия Кравченко, ёвари додситони ноҳияи Брянск гуфтааст, Гулов ба гуноҳи худ иқрор кардааст. Ба иттилои торнамо, вақте огаҳ шудааст, ки барои ин ҷиноят ӯро ҷаримаи ҳангуфт ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол интизор аст, гуфтааст, вазъи молии хонаводааш хеле бад аст ва хоҳиш карда, ӯро на ҷарима, балки зиндонӣ кунанд.
“Брянск today” мегӯяд, хешовандони Гадрӯз Гулов аз ҳукми додгоҳ огоҳ шуда, ҷаримаи муқарраршударо пардохт кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |