Бахшҳо
25 июн 2015 09:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Вакилони Маҷлиси намояндагон созишномаи грантиро якдилона қабул карданд

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи грантиеро дар ҳаҷми 2,7 миллион доллар қабул намуд, ки ҳадафи он беҳтар намудани вазъӣ дастрасии мардуми шаҳру навоҳии шимоли кишвар ба об гуфта мешавад

Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 24 июн зимни баромадаш дар парлумон гуфт, созишнома миёни Тоҷикистон, КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ” ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолӣ кишвар ба имзо расидааст.

Меҳринамо Ҷонмаҳмадова иброз дошт, ин созишнома ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии обтаъминкунӣ дар як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз қабили Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Қайроққум, Конибодом ва Истиқлол равона мешавад. Ба қавли муовини вазири молия, татбиқи ин лоиҳа соли 2012 оғоз ёфта, то соли 2016 идома хоҳад ёфт: “Мақсад аз қабули созишномаи грантӣ сохтмон, таъмир ва барқарорсозии иншоотҳои обтаъминкунӣ, харид ва таъмини таҷҳизоти лабараторӣ ҷиҳати безарар гардонидани оби нушокӣ, сари вақт ба оби нушокӣ таъмин намудан ва баланд бардошти сифати хизматрасонӣ, инчунин беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад”.

Меҳринамо Ҷонмаҳмадова татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолӣ кишварро дар доираи созишномаи мазкур муҳим арзёбӣ намуда, аз вакилони маҷлиси намояндагон хост, онро қабул намоянд. Созишнома аз ҷониби вакилон бидуни мухолифат, якдилона қабул гардид.
Мӯҳр
Факат даъвои оби тоза мекунему, худамон оби нушидани надорем. бисер хуб аст, ки минтакахо обёри карда мешаванд, аммо шахри Душанбе кай пурра бо об таъмин мегардад? Хусусан дар махалаи 84 кучаи Б Гафуров, мардум дар мохи Шарифи Рамазон соатхо обро интизор мешаванд, валле афсус...... Дар як шабонаруз хамаги 10 соат об хасту халос. Дунеро нишон медихем, чихел мо аз об бой хастем аммо дар хонахоямон об надорем. Аз корхонаи обтаъминкуни пурси аз барк карздор будааст обро пурра таъмин карда наметавонад. Биёед хамун хаки баркрохам ба гардани ахоли бор кунед чи илоч барои дастарси бо об месупоранд дигар чи кор кунанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)