Бахшҳо

Аз "барқкушӣ" дар хонаи Кабирӣ то дасткашии бародараш аз ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як мусоҳиба бо пойгоҳи таҳлилии “Politrus” вазъ дар Тоҷикистонро ба соли 1937-и замони шӯравӣ монанд кардааст.

“Дар Тоҷикистон соли 1937-ум фаро расидааст. Дар ҳукумат ҳам необолшевикҳо пайдо шудаанд. Онҳо тамоми мухолифонро ба ҳошия меронанд. Ман намедонам, ки баъд аз ин чӣ иттифоқе рух мезанад. Фишор болои ҲНИТ ба фоидаи субот нест, балки барои авҷи ифротгароӣ мусоидат мекунад”,-гуфтааст раҳбари ҲНИТ.

Ба иддаои оқои Кабирӣ, мардум дар заминаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба хусус дар масъалаи муносибати ҳукумат бо дин, дучори ноумедӣ ҳастанд: “Мардум аз шеваи баргузор кардани интихоботҳо аз сӯи ҳукумат розӣ нестанд. Теъдоди онҳое, ки фикр мекунанд ҳукумат натавонист тақозои мардумро бароварда кунад, бештар шудааст. Содиқона мегӯям, бароям раҳбарии ҳизб ва контрол кардани эҳсосоти мардум рӯз аз рӯз душвортар мешавад”.

Раҳбари ҲНИТ ба маҷбур кардани мардум аз ҷониби мақомот барои ихроҷ шудан аз сафи ҳизб ишора карда гуфтааст, чанд рӯз қабл намояндагони ҳукумат ба манзилаш омадаанд. “Дар хона падари 90-солаам, ки аз бемории сактаи қалб ранҷ мекашад, бо бародарам зиндагӣ мекунанд. Барқашонро қатъ кардаанд. Онҳо як хоҷагии хурд доранд. Онҳо муваффақ шудаанд, то бародар аз ҲНИТ даст кашад. Ҳамҳизби дигарамонро барои 10 рӯз боздошт карданд, аммо ӯ аз ҳизб хориҷ нашуд”.

Кабирӣ изҳор доштааст, нақшаи ҳукумат ин аст, ки теъдоди аъзои ҳизбро то ҳадди мумкин поин барад: “Баъдан аз қонуне кор гирифта мешавад, ки мувофиқи он агар ҳизб дар 50 дарсади марказҳои маъмурӣ ячейка надошта бошад, Додгоҳи олӣ масъалаи варшикастагии онро дар миён мегузорад”.

Кабирӣ ба суоли чигунагии тағйири нухбагони сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтааст, “ман аз ин чиз тарс дорам. Эҳтимолан, дар Қазоқистон тағйири қудрат ба осоиштагӣ анҷом шавад. Гарчанде ба ман амалкардҳое, ки дар Қазоқисон сурат мегиранд, писанд нест, аммо ба Нурсултон Назарбоев эҳтиром қоилам. Ӯ одами боҳуш аст. Умед аст, ки ӯ низомеро месозад, ки пас аз рафтанаш боқӣ хоҳад монд. Дар кишварҳои дигари минтақа чунин нест ва эҳтимоли сар задани ҷанги кланҳо бузург аст”,-гуфтааст Муҳиддин Кабирӣ.
Мӯҳр
Бетараф
Хамеша хакикатро мегуед босавод дурандеш хастед чаноби кабири

Сабр бояд кард Чаноби Кабири!!!

m....
Zur zur kabirii ganda zur gap zadi tarsid az gapot xukumat //////nametoni xej kora ba gayr az gurez

Чумъабой
Якташ мега шукрона кунед якташ мега сабр, хайрон мондем бародар ки чи кор кунем о то чанд шиками нурусна сабру шукрона кунем?

чияни кабири
Аз дастатон хеч чиз намеояд хукумат бо кувват аст

Хакикаттттттт
Салом чаноби Кабири аз нуктаи назари инсонию одами гирем Дини мубини Ислом ниёз ба Хизб надорад тамоми дунё шохид аст, ки дасисабозии Шумобарин инсонхо дини мубини исломро хор карда милёнхо мусулмон халок гардидааст хаминаш барои мусулмони асил кифоят мекунад. Дигар чои сафсата гуи нест. Истеъфо тиед агар дар хакикат бародари Шумо бо хохиши худ аз Хизби Шумо истеъфо додаст. Мардум бо чашмони сарди худ дидабуд, ки рохбарони ХНИТ точикистони азиро агуштаи хун гардонида буд. Баст будагист монед мардум якдилона ватани Худро ободу осоишта нигох дорад. Минбари озодагон барои озодият каблан сипосгузорам. Фикри бандаро нодида нагиред, чоп намоед.

Абдулло
Тарафдори хакикаттттт хастам. Рафта намозхоятонро хонед бародарони хизб ба кори давлат илтимос куш нашавед. Як давлати исломира ном бийор як олима ки чупа чупс ихтироъ кардай мо тарафдор.

муҳочир
БА АБАДУЛЛО ШУМО НАВИШТЕД ЯК ДАВЛАТИ ИСЛОМИ НОМБАР КУНЕД ШУМО РУЗНОМА МАЧАЛА МУТОЛИА МЕКУНЕД ШУМО НАМЕДОНЕД ТАМОМИ ДУНЁРО БА ЛАРЗА ОВАРДААСТ ЧУМҲУРИ ИСЛОМИ ЭРОН ДАР ҲАМА СОҲА ТАРАККИ ДОРАД ЧИ ДАР СОҲАИ САНОАТ ЧИ ДАР ҲАРБИ ВА ЧИ ДАР ДОНИШ

Freedom
Абдулло,
[quote=Абдулло]Тарафдори хакикаттттт хастам. Рафта намозхоятонро хонед бародарони хизб ба кори давлат илтимос куш нашавед.

ислом.70mail.ru
Кош мо 10 фоиз сиесати Эрон медоштем. Агар медоштем дар назди хар марду номард сархам намешудем. То он вакте ки мо хамдигарро аз неш задан боз надорем ва муттахид нашавем, як кадам пеш намеравем. Шахсан доим дар фикр хастам ки кадом руз ба ин кадар дилранчони мусибате ба сарамон меояд ва он вакт дер хохад шуд. Худое ин миллати мазлуми моро аз балохои заминиву осмони ва аз фитнаи замон нигахбон бош ОМИН.

Яъкуб .Душанбешахр.
Ба хакикаттт ва Абдулло! Давлатхои Исломи тамоми чиро ихтироъ кардаистодаанд масалан Ирон. Аммо шумо демократхо ягон чи ихтироъ накардед дар 25 сол ва карда хам наметавонед. Зеро хамаи ин Хукумат фасодзада шудаасту хамеша решахои нав мебарорад дар фасоду пора. Бо Агентии зидди корупсияву фасод чи кор кардед, гайр аз он ки бо як Вазорати порагиру порахур.

Мухаммад
Тарафдорони хукумат як гап доранд: ислом ба хизб ниез надорад. Дуруст Ислом на ба хизб ниез дорад на ба тую хукуматат, хатто ба тамоми инсоният, агар кофир шаванд хеч зараре ба Ислом намерасад. Ин сухани Худр дар Куръон аст. Иммо мо мусулмонхо ба хизби исломи эхтиеч дорем, то ки хукукхоямонро аз чумла хукукхои диниямонро аз тарики интихоботхои шаффоф дар парлумон дифоъ кунем.

Софдил
Дар соли 2015 якумин одами бе савод ва бе фахмро хам дучор шудам, ин хам бошад АБДУЛЛО

Худо нигахбонат бошад Мухидин Кабири

555
давлат аз халк бошаду демократи бошад пас хизби халки демократи чи даркор?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)