Бахшҳо

Писари Нурӣ: Ҳанӯз барои ҳифзи Ваҳдат ва сулҳ имконият вуҷуд дорад!

Ваҳдатӣ миллӣ ва суботи саросариро барои тамомӣ мардуми азизи Тоҷикистон сидқан табрик гуфта, аз даргоҳи Худованд (ҷ) тавфиқ, сарбаландӣ ва пешрафту комёбиро дар рӯзгорашон таманно дорам.

18 сол қабл миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) таҳти роҳбарии Устод Сайид Абдуллоҳи Нӯрӣ, раҳбари фақиди ИНОТ ва президенти муҳтарами кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон созишномаи “Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” ба имзо расид, ки дар ҳаёту зиндагии мардум ва пешрафту шукуфоии давлати тоҷикон гардиши куллиро ба вуҷуд овард.

Тӯли ин солҳо бо кушиш ва талошу заҳамоти зиёди ҳукумат ва давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти муҳтарами кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ анҷом шуд ва корҳои шоистае дорад анҷом мешавад.

Эътироф бояд кард, ки маҳз имзои санади зикршуда сабаби оромӣ, субот ва пешрафт дар кишвар гардид ва имконият фароҳам овард мо дар заминаҳои мухталиф рушд намоем. Албата, ҳоло низ мушкилиҳои ҳалношуда зиёданд, ки бо идома пайдо кардани сулҳу ваҳдат бартараф хоҳанд шуд.

Ҷанбаи асосии ин созиш дар он буд, ки фарзандони ин миллат зери чатри як давлат бо номи Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, ҳар яке бо идеяву ҷаҳонбинӣ ва мавқеи иҷтимоӣ, дидгоҳи мухталиф ба масоил, кору зиндагӣ карда, дар пешрафти кишвар ва ҷомеадорӣ саҳми худро мегузоранд. Ҳарду тарафи сулҳ бар он буданд, ки бо ташкили аҳзоби мухталиф, интихоботи шаффоф ва озод, иштирок дар низоми давлатдорӣ бо роҳҳои осоишта шаҳрвандон тавонанд, хостаҳои худро бароварда бисозанд. Умедворам, ин арзишҳо эҳё хоҳанд шуд.

Мутаасифона вақтҳои ахир шоҳиди нобоварӣ, нигаронӣ, ҳолати номуайян ва норизоии ду ҷониб мешавем. Феълан, ҷаҳони имрӯз ва давру бари мо низ як ҳолати ваҳим ва буҳрониро паси сар мекунад, ки касе дақиқ гуфта наметавонад, фардо чӣ ҳодисаи даҳшатборе рух медиҳад?

Банда ба ин назарам, ки ҳанӯз ҳам аз ҳарду тараф шахсони бохирад ва огоҳ аз масъала вуҷуд доранд. Агар буҳрону мушкиле вуҷуд дорад, рӯбарӯи ҳам бишинанд ва аз тариқи муколамаи солим, масоилро ҳал бикунанд. Ба ҷомеа бифаҳмонанд, ки чаро чунин буҳрони бемантиқе ба вуҷуд омадаст?

ҲНИТ, яке аз муҳраҳои асосии ин сулҳ имрӯзҳо ҳолати бисёр мушкил ва тоқатфарсоеро паси сар мекунад, ки ба ҳамагон маълум аст. Агар ин мушкил давом биёбад шояд гуруҳу ашхосе пайдо шаванд, ки ҳолатро дар оянда ба нафъи худ истифода намуда, дубора пардаи ин сулҳро бидаронанд. Он вақт дигар на аз муколама гапе ҳасту на аз оромиву Ваҳдат.

Марҳум, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то охир бо сулҳи кардаашон пойбанд буданд ва мактабашон -- ҲНИТ то имрӯз дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар фаъолият менамояд ва тамоми талошаш барои нигаҳдории сулҳу ваҳдат аст.

Бо таваҷуҳ ба ин масъала, умедворам, Президенти муҳтарами кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон ва кабинааш ин ҳолатро дарк хоҳанд кард ва аз паёмадҳои он хулосаҳои даркорӣ хоҳанд баровард.

Мо ба унвони як модели олӣ ва тарҳи беназир ин сулҳи худро дар ҷаҳон муарифӣ кардем. Имрӯз давлатҳо ва гуруҳҳое, ки дар муноқишаву мубориза дар саросари ҷаҳон қарор доранд, оқибат ва пайёмадҳои ин сулҳро меомӯзанд ва мебинанд, ки ин тарҳ то куҷо мувафақ будааст. Мо набояд, коре кунем, ки Ваҳдати мо на дар дохил ва на дар хориҷ беарзиш муаррифӣ нашавад.

Ҳарфҳои дар боло зикрёфта имрӯзҳо ба такрор аз ҷониби қишрҳои огоҳи ҷомеа гуфта мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки мо барои ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳанӯз фурсат дорем. Ва бояд ақлҳои солим аз ин фурсат истифода намоянд, вагарна ин ҳама дастовардҳое, ки ҳосили ҳамон сулҳи муборак аст, ба осонӣ аз даст хоҳем дод!

Худованд мардуми сарбаланди Тоҷикистонро аз тамоми офатҳову нохушиҳо нигаҳбон ва сулҳу ваҳдаташонро доимӣ ва сарзаминашонро ободу зебо бигардонад!

Муҳммадҷони НУРӢ
Мӯҳр
Ххдт
Сипосгузорем чаноби мухаммадчон ба шумо низ муборак бошад ин иди вахдат! Аз чи бошад чаноби оли фишору таъкибро болои хнит огоз карданд бовар кунед дар дохили хизби мо низ бисёрихо рози нестанд аз рохи пешгирифтаи чаноб!

Сулх бехтарин неъмат барои халки точик мебошад. Он чанге, ки байни точикон шуда гузашт, онро бояд фаромуш накард. Хох оппозитсия бошад хох дигар гурух барои тинчиву амони ва амнияти миллату кишвар кушиш кунад.

тоҷик
Зинда бошӣ бародар воқеан ҳарфҳои созанда. Аз падарони нек фарзандони нек боқи мондан як кори хайр ва неъмати бузург аст. Худованд шуморо нигаҳбон бошад!

Барои чи Сайид Абдуллохи Нуриро устод мегуянд??? У муаллим буд? Чиро ва ба ки омузонд, таълим дод?

Рости чунин изохоротхо аз чониби шахсоне, ки барои чамьият чизе накардаанд, мехонам хайрон мешавам. Ин шахс бо истифода аз номи мархум падараш истифода намуда Худро ба мардум хамчун шахси окил муаррифи карда истоддаст. Шумо бояд шукр гуед, ки дар чанин ватани обод зиндаги доред. Шумо баринхо аз ислом истифода намуда мардумро гумрох менамоед. Хамон хеле, ки гузаштагони Шумо 23 сол кабл намуда буданд. Шумо арзандаи Мардуми Шарифи Точикистон нестед.

Абдулло
Агар тахдиду фишор ба руи хнит барои сулху вахдат бошад, бигузор идома ёбад. Вахдат муборак! Ташаккур!

Тоҷик
Рахим,
ту ҳоли ёшӣ бай ирати гапора бра ҷиҷита бхр
маълум аст ки муғризона саволгузорӣ мекунӣ

Ин маънои онро дорад, ки мо барои ҳифзи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳанӯз фурсат дорем. Ва бояд ақлҳои солим аз ин фурсат истифода намоянд, вагарна ин ҳама дастовардҳое, ки ҳосили ҳамон сулҳи муборак аст, ба осонӣ аз даст хоҳем дод!
Огои Мухаммад хануз хам дар формати чанги шахрванди, ки тарафхои даргирро Фронти халки ва ИНОТ ташкил медоданд, андеша меронад, хол он, ки фазои кунунии сиёсии Точикистон аз фазои сиёсии солхои 90 карни гузашта ба кулли фарк мекунад.
Дар Точикистон аллакай низоми бисёрхизби ташаккул ёфтааст ва хазорхо созмонхои гайрихукумати амал мекунанд ва дар бораи сулх харф задан факат прерогативаи ХНИТ нест.
Имруз аксари мардуми Точикистон аз дастовардхои сулхи точикон пуштибони мекунанд ва хеч гох онро "ба осони аз даст нахохад" дод. Агар ХНИТ мушкиле дорад, бояд бе тахдиду рамзу киноя дар бобати ин, ки сулх аз даст меравад, камбудихои худро, аз кабили бисёрзанаги, нигох доштани силохи баъзе рохбаронаш ва г бартараф кунад. Ба хотири карераи рохбарони як хизб хеч гох мардум суботи бо хазору як мушкили бадастомадаро аз даст нахохад дод. Мардум бе ин ё ин хизб хам як бурида нонашро меёбад. Факат халал нарасонед.
Ид муборак бошад, халки шарифи Точикистон!

Рахим,
ба фазандаш сармояи бузург монд мегуян бад устод нес чи аст

Ба назарам дар ин мархила садо додани пешниходи Мухамамдчони Нури ба хамин маъно бошад, ки шояд хамаон пешниходи устод Абдуллохи Рахнамо амали мешавад чи: Мухаммадчон Нури Раиси нави ХНИТ интихоб шуда, сиёсати мулоим ва хамкори ва вахдатро пеш мегирад ва хамчун падараш бо Президенти мухтарами кишвар дустона ва бародарона вахдати миллиро хифз мекунанд. Ин варианти муносиб аст дар шароити имруза Чумлаи пурмаънои - ҳанӯз ҳам аз ҳарду тараф шахсони бохирад ва огоҳ аз масъала вуҷуд доранд. - хамин маъноро дода метавонад.

саид
Ба рахим Барои он ки бо миллат сулх кард ИНРО МЕГУЯНД УСТОД.ШАРТ нест дар ак хафта 80 дакика дарс гуяд

Ман дар интихобот ба хизби шумо ва хохаратон Рукия Нури овоз дода будам. Махаллаи моба таблиг мебурданд, хамин кадар одами хоксор. Журналистони гироми аз шумо як хохиш аз хохарашон интервью гиред вай кас чи короба машгул бади интихобот? Ххдт,

Офарин
Бисёр гапхои хуб ва бамаврид. Як чизро бояд хотиррасон кард. Агар хама ба сулх то охир пойбанд мебуданд ба холи зори имруз гирифтор гаме шуданд. Бисёри думболи сарват ва мансабу мансабфуруши шудан, хануз дар авали фаъолияти КОМ, ин аст окибати кутохандеши.

кулябец
Рахим,
Касе буданд набуданд монанди Рудаки буданд !!

НАИМ
Оё имруз вахдати миллий хаст,оё он вахдате,ки 27,06,1997 буд хаст, бокадом вахдат ман табрик бигуям

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)