Бахшҳо
27 июн 2015 10:17Тоҷикистон / Сиёсат

Таъкиди Абдулқодирзода ба “ҷонбозиҳои сарвари давлат” барои ваҳдат ва даъвати “баъзеҳо” ба нооромӣ

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар сухани табрикияш бахшида ба Рӯзи Ваҳдати милӣ аз сокинони кишвар хост, ба қадри ин сана ва сулҳу субот бирасанд.

Ӯ рӯзи 26 июн дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “ин Ваҳдати миллӣ ва ин сулҳу субот дар кишвари мо дар пайи ҷонбозиҳои сарвари давлат ба даст омадаасту мо бояд нагузорем, ки он аз байн биравад”.

Абдулқодирзода дар идома сокинони кишварро аз ҳадафи баъзе афрод, ки ба гуфтаи ӯ, талош доранд, дубора ҳаводиси солҳои 90-умро дар Тоҷикистон такрор кунанд, ҳушдор дод: “Вақтҳои охир мебинем, баъзеҳо дар ҳамин ҷомеаи мусулмонии мо, дар ҳамин кишвари орому тенҷи мо мехоҳанд нооромиеро ба миён оранд. Ҳамон нафароне, ки солҳои 90-ум нооромиро ба миён оварда буданд, бояд ҳамеша хиҷолат кашанду аз дунё бо хиҷолат бираванд. Вале мутаассифона боз мебинӣ, аз Худо натарсида боз даъват ба нооромӣ доранд”.

Раиси Шӯрои уламои кишвар аз сокинони кишвар даъват кард, ба ҳарфҳои бархеҳо гӯш надиҳанду ба қадри сулҳу субот ва пешрафти ҳаррӯзаи Тоҷикистон бирасанд. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё Тоҷикистон дар даҳ соли охири даврони истиқлолияти худ то ба ҳадде пешрафт кардааст, ки дар давоми 70 соли шӯравӣ накарда буд: “Баъди имзои ҳамин созишномаи Ваҳдати миллӣ, бахусус дар давоми даҳ соли охир кишвари мо бисёр пеш рафтааст, ки дар ҳамон даврони 70 соли шӯравӣ, ки воҳимааш дар тамоми дунё паҳн буд, нашудааст”.

Абдулқодирзода бори дигар таъкид кард, ки ҳоло таҳти сарпарастии давлат донишкада ва гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон вуҷуд доранду онҳо яке аз дастовардҳои замони истиқлол мебошанд, ки дар даврони шӯравӣ набуданд.
Мӯҳр
абдулло
Зиён мекунад марди тафсирдон,
Ки илму адаб мефурушад ба нон

таҳти сарпарастии давлат донишкада ва гимназияи исломӣ дар Тоҷикистон вуҷуд доранду онҳо яке аз дастовардҳои замони истиқлол мебошанд, ки дар даврони шӯравӣ набуданд. ха ха ха ха ха ха Хамин масчидбандихо , риштарошихо , сатркашихо хам дастовардхои замони истиклоласт.

Мухаммад
Боз дуруг мегуяд. Донишгохи исломи соли 1991 пеш аз пошхурии СССР ба кайд гирифта шуда буд. Онро Хочи Акбари Турачонзода сохта ва ташкил карда буд. Аввалин ректораш Эшони Нуриддинчон буданд. Инхо аз дуруг гуфтан хатто дар рамазон хичолат намешаванд. Аз Худо наметарсед аз бандахо шарм доред. 24 сол пеш донишгохи исломи кушода шуд, хахорхо шохид вучуд дорад. 600 донишчу соли аввал кабул шуд. Ман низ аз чумлаи онхо будам.

муходжир
Хизмати рахмон бехисоб.аз хизматхои худат гап зан муфтии воломаком. Чихел мешава дахрузи рамазона ихтисор мекардед???

Осмон
Симои Зебо дорад, хамин шахс аз руяш бовар кунед Нур болои Нур меборад!

Саид
Вахдати милли ин хости Худо аст. Мардуми точик хечгох чангхох набуд ва нест. Агар хукумат назорат накунад Вахдати миллиро аз даст медихем. Барои нигох доштани Вахдати милли хизмати хукумат хусусан Президент калон аст.

Вахдати милли ин хости Худо аст. Мардуми точик хечгох чангхох набуд ва нест. Агар хукумат назорат накунад Вахдати миллиро аз даст медихем. Барои нигох доштани Вахдати милли хизмати хукумат хусусан Президент калон аст.

Шахрванд
Дар давраи шурави хама ба чои кор таъмин буд. хама як хел зиндаги мекарданд. Як бор чашмота ккшода бин. мардум боз бе пули. бе чои кор. нарх дар осмон. намедонанд чи кор кунанд. Ту аз пушти муридод хурда хови парвои ки дори. Зебогии шахр шикамро сер намекунад.

Хира
Дустон, ба хамин чумлаи ахираш таваччух кунед: : “Баъди имзои ҳамин созишномаи Ваҳдати миллӣ, бахусус дар давоми даҳ соли охир кишвари мо бисёр пеш рафтааст, ки дар ҳамон даврони 70 соли шӯравӣ, ки воҳимааш дар тамоми дунё паҳн буд, нашудааст”. Пеш рафтааст? Ман як мисоли одди меорам ва шумо худ казоват кунед. Масалан мо дар давраи шурави 4 фасли сол барк доштем, аммо холо онро нисфи сол надорем. Агар мо пешрафт карда бошем, пас чаро дар 24 сол барк надорем?

Чи кадар пеш рафтааст Абдулкодирзода? Дар шахри душанбе танхо свет дар щимисто хаст тамом дар дигар шахру нохияхо свет нест зимистон, дар хиебонхой шахри Кулоб ди руз будам мехмон ба мисли гуристон торик, хама мохочир, дар як сол то чандас бачахой мухочир ро дар Россия курбони мекунанд ягон пуштибони нест, соли оби тоза элон карда будед, аз соли 2005 ум то ин дам дар шахри Кулоб об соат кати медиханд хамаги 6 соат дар Шахре ки зиеда аз 150 ошиенай баланд ошиёна дорад, Тибби мо кучо,? Шумо аз ислом хутба кунед ба чой ки факат мардумро шукронай чаноби оли ро нишон додан!

умар
Тахти сарпарастии давлат донишкада ва гимназияи исломи вучуд дорад?кадом гимназия?хамон гимназияе ки бархам додеду ва шумораи ками онро барои хок пошидани чашми мардум боки мондед??бах бах бах чи кадар суханхои намакин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)