Бахшҳо

Мақомот: Шамсиддин аз шиканҷа не, аз дарди шуш фавтидааст

Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳуқуқи инсон аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардаанд, ки 26-уми июн, Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷаро эҳтиром гузоранд ва поён гузоштан ба ин падидаро ба уҳда бигиранду адолатро дар баробари одамони мавриди шиканҷа риоят кунанд.

Ба гуфтаи ин созмонҳои ҳуқуқи башар қурбониёни шиканҷа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бурдани шикоят метарсанд ва ҷуръати кумак гирифтан аз вакили мудофеъро ҳам надоранд.

Аз рӯи ҳисоби Эътилофи созмонҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз аввали соли 2015, 20 мавриди шиканҷа ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳайси намуна дар иттилоияи ин созмонҳо қазияи Шамсиддин Зайдуллоев омадааст, ки наздиконаш иддао доранд, ӯ дар пайи латукӯб аз ҷониби маъмурини Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нимаи моҳи апрели соли равон ҷон додааст.

Наздикони Шамсиддин аксҳои ҷасадашро пешниҳод карданд, ки дар он “осори бадрафтории маъмурини Агентӣ” нишон дода шудааст. Аммо, ниҳоди мубориза алайҳи маводи мухаддир дар шарҳи ин қазия гуфт, ки Шамсиддин нашъаманд буд ва пас аз радди бистарӣ шудан дар беморхона дар боздоштгоҳ ҷон дод. Дар пайи ин ҳодиса Тоҷиниссон Каримова, модари Шамсиддин Зайниддинов ба раисиҷумҳур, додситонии кул ва эътилофи зидди шиканҷа шикоят бурда, иддао дошт, ки писараш дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби маъмурини Оҷонсии зидди маводи мухаддир ба ҳалокат расид.

Феълан ба иттилои созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ мақомот ба наздикону вакили дифои Шамсиддин хулосаи ташхисро нишон додаанд, ки дар он сабаби марги ӯ илтиҳоби шуш нишон дода шудааст. Аммо вакилони дифоъ ба ин хулоса шак оварда, ташхиси такрориро дархост кардаанд, ки феълан идома дорад.
Мӯҳр
Салмон
Дар Точ,икистон 100 фисади ч,иноятх,о дар тамоми мак,омотх,о куллан ва комилан бо латукуб банду баст мешаванд. Ва бархе аз озордидах,о йо дар мак,омотх,о , йо дар хонах,ояшон баъд аз ин х,атман мефавтанд. Куштори Ленин ва Сталинро низ ба гардани мегиранд. К,онунгузориро ба таври вазнин бояд иваз кард. Барои ч,абрдида , х,атман сардорх,ои мак,омотх,о ва дигар масъулини гунах,гори он ба мах,бусии якумра йо 25 сол бояд ч,азо гиранд. Танх,о к,онун ва ич,роиши х,атмии он ч,омеаро ба хуби пеш мебарад. Дигар ягон рох,е нест ва вуч,уд х,ам надорад.

Зубайд
Дар Точикистон хато суханони адвокатхо ба инобат гирифта намешавад то вакте хукумати кунунии бепарво иваз нашавад ваъз тагирт намеёбад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)