Бахшҳо
27 июн 2015 09:37Тоҷикистон / Сиёсат

Э. Раҳмон: Мардуми тоҷик аз Примаков ҳамеша ёд хоҳад кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони ҳамтои русаш - Владимир Путин дар робита ба марги Евгений Примаков, собиқ вазири умури хориҷӣ ва нахуствазири Русия ҳамдардӣ баён кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, хабари марги Евгений Примаковро, ки аз саҳмдорони бузург дар сулҳи тоҷикон арзёбӣ мешавад, бо андуҳи амиқ дарёфтам.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, собиқ вазири умури хориҷии Русия яке аз шахсиятҳои бонуфуз ба шумор мерафт, ки хориҷ аз кишвар низ соҳиб эҳтиром буда, дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадоре, ки барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бисёр талош кардааст, машҳур буд: “Дар Тоҷикистон Евгений Максимовичро ҳамчун сиёсатмадори муваффақ, дипломат, олим ва фарзанди фарзонаи халқи Русия мешиносанд. Ӯ дӯсти самимии Тоҷикистон буд. Мардуми сипосгузори тоҷик саҳми ин сиёсатмадору дипломати қатъӣ ва дурбин, инсони ошкору некро дар ба даст овардани сулҳ ва ризоият дар сарзамини мо ҳамеша ёд хоҳад кард”.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз ҳамтои русаш хоҳиш кардааст, ҳамдардии ӯро ба пайвандон ва наздикони марҳум бирасонад.

Евгений Примаков, рӯзи 26-уми июн дар синни 85 солагӣ даргузашт. Примаков барандаи ордени Дӯстии Тоҷикистон ва аз саркардаҳои музокирот барои сулҳи тоҷикон шинохта мешавад. Ӯ, ки солҳои 1991-1996 директори Хадамоти ҷосусии хориҷии Русия будааст, тобистони соли 1993 ба Кобул барои мулоқот бо мухолифини тоҷик рафтааст. Мулоқоти Примаков бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИНОТ) Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки 31 июли соли 1993, ҳамагӣ чанд рӯз пас аз ҳамла ба дидбонгоҳи 12–уми марзбонҳои русӣ анҷом шуд, барои Тоҷикистон сарнавиштсоз арзёбӣ мешавад.

Дар ин мулоқот Примаков ваъда кардааст, ки дар сурати қатъи амалиётҳои низомӣ Русия метавонад нақши миёнҷиро байни тарафҳои даргир дар Тоҷикистон бозӣ кунад ва баъди ҳамон мулоқот талошҳои дипломатии Русия, Эрон, Афғонистон барои бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазияи Тоҷикистон батадриҷ вусъат гирифтааст. Дар натиҷа бо ҷаҳду талошҳои ин кишварҳо ва миёнҷигарии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 5–уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав даври аввали музокироти сулҳи байни тоҷикон шурӯъ шуда 27-юми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳ анҷом ёфт.

Евгений Примаков 29-уми октябри соли 1929 дар шаҳри Киев ба дунё омадааст. Ӯ аз соли 1996 то 1998 ба ҳайси вазири умури хориҷаи Русия ифои вазифа кардааст. Аз ӯ ба унвони муаллифи стратегияи “бисёрқутбӣ”-и Русия ном мебаранд. Солҳои 1998-1999 вазифаи раиси ҳукумати Русияро бар уҳда дошт. Яке аз воқеаҳои ғайриоддии Примаков баргаштан аз нимароҳ ҳангоми сафар ба Амрико мебошад. 24-уми марти соли 1999 ҳангоме, ки Примаков бар фарози уқёнуси Атлантика дар роҳ ба сӯи Вашингтон буд, хабар гирифтааст, ки НАТО ба бомбаборон кардани Югославия сар кардааст ва Примаков аз нимароҳ ба Маскав бармегардад.
Мӯҳр
Фирдавс
"Ӯ, ки солҳои 1991-1996 директори Хадамоти ҷосусии хориҷии Русия будааст", ва шумо фикр мекунед ки вай барои сулҳи тоҷикон саҳми арзанда дошт? Дастонаш пур аз хуни халқи мо ҳаст. Русия дар ин ҷанг манфияти худро дифоъ кард. На иҷозат надод, ки мустамликай худро ад даст диҳад.

Евгений Примаков дар хакикат окил буд у дусти точикистониен буд вале аафсус ки на хама аз ин хабар дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)