Бахшҳо

ДИИШ: Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ дар ҳамлаи интиҳорие ҷон дод (АКС)

Созмони террористии “Давлати исломӣ” ва маъруф ба ДИИШ аз ҳалокати як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар пайи ҳамлаи интиҳорие хабар додааст.

Ин созмон бо нашри як навори видеоӣ хабар дода, ки Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ, шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 26 июн ҳангоми иҷрои ҳамлаи террористие дар шаҳри Тел Абязи Сурия ба ҳалокат расидааст.

Ба қавли пайравони ин созмони террористӣ, гӯиё Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ мошинеро, ки маводи тарканда доштааст, ба самти таҷаммуи гуруҳҳои курд ронда, тарконидааст.

Тавре дар ин навори пахшнамудаи ДИИШ низ мушоҳида мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ муаррифӣ шуда, баъд аз чанд лаҳзаи суханронӣ бо забони тоҷикӣ савори як мошини боркаш мешаваду самте ҳаракат мекунад ва баъд аз назар гум шудани ин мошин садои таркише шунида мешавад.

Тел Абяз яке аз минтақаҳои шаҳри Раққаҳи Сурия ба шумор рафта, ҳаммарз бо Туркия мебошад. Сокинони он арабу курд мебошанд.

Бори аввал нест, ки ин созмони террористӣ аз ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ҳамлаҳои интиҳорӣ хабар медиҳад. қаблан, расонаҳои ироқӣ навишта буданд, ки ДИИШ бо нашри баёнияе масъулияти ҳамлаи террористиеро дар шарқи Ироқ, ки 14 кушта бар ҷой гузошт, бар уҳда гирифта, гуфтааст, иҷрогари ин ҳамлаи маргталабона ҷангҷӯе аз Тоҷикистон - Абуалӣ ат-Тоҷикӣ буд: “Бародари мо - Абуалӣ ат-Тоҷикӣ мошини худро, ки маводи тарканда дошт, самти таҷаммӯи аъзои қабилаи Надо ронда, тарконид”.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло дар низоъҳои шадиди “ҷиҳодӣ ва мазҳабӣ” ба ҳайати созмони террористии ба ном "Давлати исломӣ", "зиёда аз 300 шаҳрванди гумроҳгаштаи Тоҷикистон шомил шудаанд, ки қисмати зиёди онҳоро ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил дода, бархе аз онҳо ҳамро бо худ ҳамсару фарзандонашонро низ бурдаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба муносибати 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфт, то имрӯз зиёда аз 100 нафари онҳо дар муҳорибаҳо кушта шудаанд: “Айни ҳол 7 ҳолати ба Сурия рафтани донишҷўёни тоҷики дар хориҷи кишвар таълимгиранда муайян шудааст. Инчунин далелҳои иштироки 11 нафар донишҷўёни макотиби олии мамлакат дар сафҳои ба ном Давлати исломӣ ба қайд гирифта шудаанд”.

Ин дар ҳолест, ки домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии худ ибрози нигаронӣ кард, ки вақтҳои охир ҷавонони тоҷик ҷиҳод гӯён роҳ сӯи ҷангҳое мегиранд, ки дар он мусалмон мусалмон мекушад. Ин руҳони тоҷик бо овардани иқтибос аз суханони паёмбари Ислом (с) афзуд, аз ҷиҳод дида, хидмати падару модар беҳтар аст, вале ҳоло ҷавонони тоҷик ин амалро гузошта, пинҳонӣ аз волидайни худ барои “ҷиҳод” озими кишварҳои хориҷ мешаванд: “Имрӯз дар он кишварҳо мусалмон бо мусалмон даст ба гиребон аст. Мусалмон ба мусалмон оташ мекушояд. Аз ин ҷониб Аллоҳу Акбар мегӯяду ба ҷониби дигар, ки он ҳам Аллоҳу Акбар мегӯяд, тир мекушояд. Оё Худованд аз мову шумо розӣ мешавад, вақте мусалмонро мекушем? Мусалмон ба хотири адои фарзи Худованд ба масҷид меояд, тарконида ва кушта мешавад ва аз сӯи дигар, ҷавонони мо аз волидайни худ нопурсида, зану фарзандони худро канор мегузоранду ҷиҳод мераванд. Масъулияти худ, таъмини нафақаи зану фарзанд ва падару модарро партофта, ҷиҳод мераванд. Ин амалест, ки дар ягон сурат дуруст нест. Дар ривояте омадааст, ки агар инсон тамоми ибодати бани одамро кунаду падару модараш аз ӯ розӣ набошанд, Худо аз ӯ безор аст”.


ДИИШ: Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ дар ҳамлаи интиҳорие ҷон дод (АКС)


ДИИШ: Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ дар ҳамлаи интиҳорие ҷон дод (АКС)


ДИИШ: Абӯмаҳдӣ ат-Тоҷикӣ дар ҳамлаи интиҳорие ҷон дод (АКС)
Мӯҳр
точик
зомбии гумрох. Гуломи араби чохилу вахши.

ХАБЛАИ ШАЙТОН ЧОХЯТ ДАР ДУЗАХИ ТАТАРИН БОД ИН АСТ МУСУЛМОНИ ДАР МОХИ ШАРИФИ РАМАЗОН МУСУЛМОНОНРО МЕКУЩЕД ЛАНАТИ ХУДО БАР ШУМО БОД ДОИШУ ТОЛИБОНУ ДИГАР ТУНДРАВХО

mawlonn
ман хайронам ки аз кадом ояи Куръони карим инхо истинод мегиранд барои чунини корхо? партофтани чони худ ба тахлука хилофи гуфти Худост . Сархо вайрон да….

салмон
Як чавони хуш каду комат, ки дар фиребу найранги аблахони ДИИШ афтода гуё шахид мешавад даст ба худкуши зад. Дар чомеаи имруза нафароне пайдо шудаанд, ки дар байни омма бо нишонаи риши бемаъне, почаи (шим) калта, дасти ба оринч баста ва ангушити ишорае, ки маънои онро худашон пурра дарк накардаанд, ташвикот бурда, бо алфози баланди бемаъне ба воситаи телевизион ва радио диккати мардум ва аз он чумла чавонини бесаводро ба худашон чалб намуда, даъват ба чиход менамоянд.
эй бародарон аз хоби гафлат бедор шавед ва як бор фикр кунед, ки Шумо ба кадом рох рафта истодаед. Мардуми бегунох, кудакон, занон, модарон, хохарон ва тифлони дар гахвора бударо кушта истодаен. Хамин аст мусулмонии мо? Шери Олло мегуем! Шер Оллох ашхосе хаст, ки барои ободии Ватан, марзу бум, гамхори бо кудакони ятим, муоширати хуб бо оила ва фарзандон сахми худро мардонавор ичро мекунад. Хозир хам вакт аст барои ислох ва таслим шудан дар назди конун.

Озодагон хар вокунише нисбати ин ё он маълумоти шумо дар интернет пешкаш карда мешавад хатман нашр ва манзури хонандагон нимоед.

ХУДО ЧОЯТА ДУЗАХ КУНАД БА ГАПИ КИМ КАДОМ ОДАМОИ РИШДОРИ БЕСАВОД РАФТИ ХУДАТА КУШТИ ОХИ БО ХАМИН МОШИНИ ПОРТЕРАТ ДАР ТОЧИКИСТОНИ ОЗОДИ ГУЛ ГУЛШУКУФОН КОР МЕКАРДИ НАМЕШУД..

Балонои мошин ба фикрам нав буд дааа. Балонои портер хадавояй. Риши бемаънита крмо бхраки балонора хайф кади.Медодишон мада як ч,окерш мезадм сиëх мешид мефурухтемш хуб набуд ки таркондишон.

аввалан арзи салом ва хаста набошед мекунам хидмати шумо хонандагон ва кормандони шабакаи ОЗОДАГОН ман мехоҳам як чанд чизеро қайд кунам 1)Сабаби ба гуруҳҳои бо ном терористи ё ифротгаро пайвастани ҷавонони кулли ҷаҳон набудани адолат поймолшавии ҳуқуқи онҳо ва мамнуъият дар дини Ислом мебошад 2)Дур мондан аз масоҷид ва марказҳои исломии аҳли суннат вал ҷамоъат мебошад 3)Фишор болои мусалмонон аз лиҳози сатру риш бастани масоҷид маҳдудияти рафтани ҷавонон ба ҷамъомадҳои исломи ва масоҷидҳо 4)мушкилоти иқтисоди дар дохили давлатҳо ва таъмин накардани шаҳрвандон бо ҷои кор муҳоҷирати 35% шаҳрвандон аз ҷумҳури. Савол ба ҷаноби Сайид Акбар дар бораи ҷиҳод вақте сухан мегуед шумо ҳама трафи аҳодисҳои расули акрам сас ро нигоҳ кунед чи мегуяд беҳтарини шуҳадо касоне ҳастанд ки дар ҷанг ва дар сафи аввал ба шаҳодат мерасанд, ва агар Ҷиҳод аз ислом намешуд имруз на Тоҷикистон на Афғонистон на Ирон ва на Осиёи маркази мусалмон намешуданд ва ҳамин ҷиҳод буд ки имруз мо мусалмонем, ва дар ҳадиси дигар пайғамбар сас мефармоянд аз аввали дунё то ба рузи қиёмат дар руи замин ҷиҳод ҳаст, дар қуръон низ дар бораи фарзияти ҷиҳод ояҳои фаровоне мо дорем агар шумо саводи мутолиъаи инро надоред ин ҷаҳли шумост ва ё мунофиқ ҳастед ки сухани ҳақро намегуед ОЗОДАГОН ИЛТИМОС ЧОП КУН БЕ ТАҲРИФ БА ХОТИРИ ИСЛОМУ МИЛЛАТИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН

аввалан арзи салом ва хаста набошед мекунам хидмати шумо хонандагон ва кормандони шабакаи ОЗОДАГОН ман мехоҳам як чанд чизеро қайд кунам 1)Сабаби ба гуруҳҳои бо ном терористи ё ифротгаро пайвастани ҷавонони кулли ҷаҳон набудани адолат поймолшавии ҳуқуқи онҳо ва мамнуъият дар дини Ислом мебошад 2)Дур мондан аз масоҷид ва марказҳои исломии аҳли суннат вал ҷамоъат мебошад 3)Фишор болои мусалмонон аз лиҳози сатру риш бастани масоҷид маҳдудияти рафтани ҷавонон ба ҷамъомадҳои исломи ва масоҷидҳо 4)мушкилоти иқтисоди дар дохили давлатҳо ва таъмин накардани шаҳрвандон бо ҷои кор муҳоҷирати 35% шаҳрвандон аз ҷумҳури.

Хакчуй
Хохиш мекунам, касе ки ин ГУМРОХРО шинохта бошад, каме хам бошад дар борааш маълумот нависад. Падру модар ва хешу таборашро сархам намуд. Сад хайф

Точик
Дуругай. Мурдаги нест. Худашона мурда нишон метияну коршона давом додан мегиран. Номшона боз аз-узбак ё ал-лакай карда мебиё миёни ману шумо мегардад

Ин хабар дуруг аст навори шахид шудани Абумахди 1мох пеш дар сомонахо баромада буд.

Дур аз Бихишт ба Дузахи хафтум шуда равон,
Чун куштаи ту тифлаки муъмину муслимон,
Ай зархариди габру чухуди, ту беимон,
Эй бесавод, тирагии чахли ту аен,
Худ Миллату Ватан хама безори ту шуданд!

Ватандор
Ба Саид! Кошки хамон "чиход"-и гуфтаи ту намешуду, Точикистону Ирону Афгонистон ва гайрахо аз чабри арабхо мусулмон намешуданд. Имруз тенчтар зиндаги мекардем. Оташпарастону насрониён нисбатан тенчтаранд. Дар 50 дарачаи гарми гуруснаю ташнаатон мондаанд. Дар мамалакате, ки худ бихишт аст зиндаги карда истода, ба умеди ким кадом як бихиште, ки аз он чо касе наомадааст, чони миллионхоро дар азоби сангин мондаед. Хизматгорхои араби дар орзуи оби тозаю, сабзаю гулу гулзори бихишт....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)