Маҳкумияти ду тоҷик барои қатли нафақахӯрҳои “хайрхоҳ”
Додгоҳи вилояти Челябинск шаҳрвандони Тоҷикистон Эмомалӣ Муқимови 23-сола ва Алишер Гиёеви 21-соларо мувофиқан ба 22 ва 10 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Тибқи иттилоияи додгоҳи Челябинск, ки имрӯз, 1-уми июл нашр шудааст, Муқимов ва Гиёев барои маблағ ду ҳамсари нафақахӯреро, ки барояшон дар ҳамоми худ ҷои иқомат додаанд, бо табар ба қатл расондаанд: “Зимни мурофиа муайян шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон зимистони соли 2014 бе ҷои иқомат мондаанд ва ҷуфти солхӯрда онҳоро дар ҳаммоми хоначаашон дар боғзори “Курчатоветс” ҷой кардаанд. Дар вақти иқомат муҳоҷирон огоҳӣ ёфтаанд, ки соҳибони боғзор барои хариди хона маблағ ҷамъ кардаанд ва тасмим гирифтаанд, ки онҳоро ғорат кунанд. Шаби 10-уми феврали соли 2014 шаҳрвандони Тоҷикистон бо табар мусаллаҳ шуда, ба хонаи соҳибони хона ҳамла кардаанд ва Муқимов бо табар марди 69-сола ва ҳамсари 64-солаашро ба ҳалокат мерасонад”.
Додгоҳи Челябинск мегӯяд, маҳкумшудагон аз хонаи ҷуфти солхӯрда ҳамагӣ 28 ҳазор рубли русӣ пайдо кардаанд: “Феълан бо қарори додгоҳ маҳкумшудагон инчунин бояд 200 ҳазор рубли русӣ ҷарима пардохт кунанд”.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки ҳукм ниҳоӣ набуда, маҳкумшудагон ҳақ доранд, аз болои он ба Суди Олии Русия шикояти кассатсионӣ баранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |