Бахшҳо

Наметавон дар як замон ҳам боғурур буд, ҳам шукронаи мардикорӣ кард

Азизи НАҚИБЗОД

Медонем, ки ниёконамон худро аз табори озодагон мешумурданд ва зиндагиашонро бар мабнои нангу ор ва номус устувор медоштанд. Ин асосҳо имрӯз низ барои бунёди як миллати вораста ҳамчунон муҳиманд.


Идеологҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар оғози истиқлоли кишвар барномаҳое рӯи даст гирифтанд, ки мақсадаш боло бурдани эҳсоси ғурури миллии шаҳрвандон буд. Аммо ин барномаҳо онқадар муваффақ нашуданд чун дар баробараш ғояҳое зиду нақиз мисли фалсафаи шукрона дар шууру майнаи мардум ҷой карда шуд. Охир наметавон дар як замон ҳам боғурур буд ва ҳам шукронаи мардикорӣ кард. Вале дар ин хусус гуфтему гуфтанд. Ҳоло дар мавриди ҳиммат мегӯем, ки низ барои сохтани миллат сахт зарур аст.

Ба назар мерасад, он қадар ки миллати мо ғурурашро ба хок яксон намуда, ҳимматашро ҳам аз даст додааст. Дар Маскав бо тоҷикони муҳоҷир вохӯрдам, ки мегуфтанд: “Ҳазор шукр, ки солҳои пеш инҷо меомадем, то пули 2-3 халта гандум кор кунем, ҳоло меоем, ки телевизор харему тӯй кунем”. Дар ин гуфтаҳо тамоми буду шуди ҳиммати як тоҷик хулоса мешавад. Ҷои афсус аст, албатта.

Аслан миллатсозӣ кори соддае нест. Барои бунёди миллат аз боғча ва филмҳои тасвириву адабиёти кӯдак корро оғоз бояд кард. Пас мактабу донишгоҳу адабиёту синамову театру расонаҳо боястӣ бар сари кор бошанд.

Дар филми гурҷие дидам, ки гурҷиеро тӯфони ҳаводис баАмрико бурда ва дар оғози рӯзгораш роҳу равиши зиндагӣ дар Амрикоро наёфтааст ва аз бепулӣ ранҷ мекашад. Рӯзе ки ҳамагӣ 6 доллар пул дошт ба қаҳвахонае медарояд ва як финҷон қаҳва мефармояд. Қиммати қаҳва 4 доллар буда, гурҷӣ 4 доллар пули қаҳваро ҳисобӣ намуда, 2 доллари дигарро ҳам ба пешхизмат “чойпулӣ” медиҳад. Дар ҳоле, бо ун 2 доллар метавонист бо трамвай ба ҷои зисташ равад. Вай чандин килуметр роҳро пиёда тай мекунад, аммо ғурури гурҷиро гиромӣ медорад. Ӯ бо ин амалаш мехоҳад нишон диҳад, ки гурҷиҳо мардуми боҳимматанд ва дар ҳич кадом ҳолате паст намефароянд.

Шумо дар кадом филми тоҷикӣ дидаед, ки аз ҳиммати тоҷик чунин васф кунад? Ё дар кадом китоби адибони тоҷик хондаед? Имрӯз тоҷик бо дарёфти маблағ барои харидани телевизор ва тӯй аз мардикорӣ дар Русия шукрона мекунад. Вале Зураб Тсеретелии гурҷӣ дар назди Кремлин галереяи шахсии худро дорад. Тасаввур мекунед, дар чанд гектар, дар дили Маскав. Ба замми ин ки президенти академияи хунари Русия асту асосгузори музеи санъати муосири Маскав. Инҷо танҳо як намояндаи қавми гурҷиро мисол овардам. Гурҷиҳое, ки дар Русия ва ҷаҳон ба қуллаҳо расидаанд, зиёданд.

Ташкилотҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо маоше медиҳанд, ки нисбати моҳонаи ҳамин ташкилотҳо ба шаҳрвандони дигар кишварҳо медода чандин баробар камтар аст. Барои чӣ? Барои он ки лоиқ ба ҳимматамон аст.

Вақте қазияи бозори Шаҳритуз ва бигӯмагӯи Бурҳон Абдуллоев ва Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент ба миён омад, тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тарзе амал намуданд, ки кор ба фоидаи додарарӯси президент ҳал гардад. Аммо касе нагуфт, ки бародарҳо инҷо масъалаи ҳимматро низ ба назар бояд гирифт. Нисфи бозор он ҳам дар ноҳия чӣ аст, ки ҳайсияти хонаводаи президет ва гузашта аз ин обурӯи кишварро зери суол барем?

Ва ин ки ҳаммиллатони мо ба мансабдорон хушомад мезананд, низ нишони беҳимматист. Ангор агар аз назари лутфи роҳбар дур бимонанд, аз гуруснагӣ мемурда бошанд.

Яке аз сабабҳои дар Русия мавриди масхараву истеҳзо қарор гирифтани тоҷикон ҳам ҳамин адами ҳиммати баланд аст. Барои як мард ончунон ки доштани нангу номус зарур аст, доштани ҳиммат низ шарт, балки фарз аст.
Мӯҳр
Patriot
Химмат Баланд дор Точик!

Рустам
Айни хол дар Точикистон Сталин барин рохбар лозим аст, ки хамаи дузд, коррупсионерхо ва хушомадгуёни онхоро аз як сар парронад. Сипас давлати точиконро аз нав сохтан мумкин аст.

Мухочир
Бехтарин, Худо хифзатон кунад Азизи НАҚИБЗОД!

Дарвеш
Рустам
Мутаассифона имруз зиндагии мо мисли даврони Аморати Бухоро шудааст. Мансабдорон нони дасти камбагалонро кашида гирифта истодаанд. Камтар бизнеси калон лошта боши аз ластат зада мегиранд, ё бо воситаи макомоти андоз пачак мекунанд. Як хел одамон бошанд, мегуянд, ки мо бояд шукр кунем, ки тинчи шуд. Асри 21 аст, эй мардум. Дар дигар давлатхо бо маоши ду-се моха мошин харидан мумкин аст, маоши мо бошад аккалан барои хурока намерасад, мошину либос як тараф истад. Шукри чиро кунем? Шукри бебаркиро, шукри гуруснагиро? Хукумат дар давоми 23 сол аз ухдаи кор набаромад. Бояд пурра ба истеъфо равад. Як кас хак надорад хукуматро танкид кунад ё айни холро гуяд, даррав бурда паси панчара мекунанд. То кай мардумро бо соли 1992 метарсонед, то кай мардумро фиреб мекунед. Шарму номус ва вичдон хам даркор аст. Имруз бечора чавонон ва духтарону занхои точик дар гариби пул кор карда оилахои худро хуронда истодаанд. Пас вазифаи хукумат чист? Оё ин хел хукумат лозим аст ба мо? Аз Точикистон як бор берун баромада шароити зиндагии дигар давлатхоро бинед, дилатон аз Точикистон хунук мешавад, гуё мо дар даврони Аморати Бухоро бошем.

Озодагон, хохиш дорам ин комментарияро чоп кунед. Чанд бор менависам, аз дах якто комментарияро чоп мекунед. Шумо хам тарсончак шудед?

Аниси дилхо
Бузургон бисёр дуруст гуфтаанд:
Химмат баланд дор, ки мардони рузгор,
Аз химмати баланд ба чойе расидаанд.

Таҳлили ҷолиб, офарин

Шукрона кардан ба сиёсати хукумат вобастаги надорад. Шукрона кардан ба сатхи имон ва навъи эътикоди Шумо вобастаги дорад. Дини мо инро фарумдааст ва ичро мекунем. Дигар, шукрона дар киёс мешавад. Агар аз гами нону орд ба масъалаи телевизор гузаштем, мусулмон шукрона мекунад. Агар аз масъалаи начоти чон ба масъалаи туй гузаштем, мусулмон шукрона мекунад. Мантики шукрона дар хамин аст аз анзари таълимоти дин. Мантики шукрона ин нест, ки мо чун шветсария зиндаги мекунем. Шукронаро сиёси накунед, ба ин рох ба як бовари асили эътикодиямон зарба мезанем. Мо бо гуфтаи тетевизон шукрона намекунем, мо тибки фармудаи дин ва тибки акли солимамон шукрона мекунем. Сиёси кардани мафхумхо ах холиги и ва ё аз гаразноки шаходат медихад.
Масалан, агар шумо бегаразона нигох мекардед. ин хафта дар Москва анчумани миллионерхои точик баргузор мешавад, мархамат ман хамчун як иштирокчи Шуморо даъват мекунам.Дар он БЕШ АЗ 100 НАФАР!!! миллионери точик ки дар Русия миллионер шудаанд, иштирок мекунанд. МАрдикори аробакаш точик будаасту ин 100 миллионер точик нест. Ман бо онхо ифтихор мекунам, шукрона мекунам.... Хар тарафи амсъаларо бинед. бародар Хулоса идея хуб вале мавод заифак Сиёси фикр накунед, кудрати фикр накунед, аксари амсъалахоро таври башари хохед дид.... Хонандаи доимии Шумо аз шахри Москва, ки харгиз сари точикро паст шудан намондааст ва ба 2300 точик чои кор ва шароит мухайе кардааст... Инак ба Шумо точик! Шукроанро ба имони шумо хавола мекунам...Дар мОсква интизори Шумо дар анчуман ....

Ахсант бародари Азиз! Худованд мисли Шумо химматбаландонро хифз кунад!

Нишончӣ
1000% дуруст гуфтед!
Зиндаву саломат бошед!!

Виркан
Аз андешахои пурмазмуни акаи Азизчон хамеша меомузам ва чахони маъни мебардорам, киссаи " чойпули" и марди гурчи, нихоят хандадор ва пур аз хикмату фалсафаи зиндаги аст, Худои мутаол нигахбонат бошад, устоди ба дилу чон баробарам.

ҳиммат
САд фоиз рост гуфти бародар! Мухоҷирои мо аз он шукрона мекунанд ки дируз нон мекофтанд имруз зан мекованд. хама пайи ду зану се зан гирифтан ва ду мошину се мошин харидан ҳастанд ё риш мондану рақсидан аст. БОлотарин орзушон ду зан ё ду мошин доштан ва баландтарин ҳимматашон шукрона ба ин ду зан кардан аст. Дигар орзуе аз ин боло надоранд, пас ҳимматашон ҳам бо ин вазн дар тарозу гузошта мешавад. Агар инҳо ғурур кунанд ҳам ба ҳамон занҳошон ё ришҳошон ва ё рақси мастонашон мекунанд, ё ба мардикорӣ...Аз ин беш чи доранд ки ба он ғурур кунанд? Магар ин ки ба гузашта....боз Синову Рудакиву мавлавиву сомони...дигар ба чи кори ин миллат ғурур кунем? Ба мардикорӣ? ба муштзуриву горатгарияш? ба дахолат дар зиндагии махрамонаву шахсияш? ба секс муллохош? ба муллохои чоплусу мансабталабаш? ба мансабдорои хушомадгуву дуздаш? ба ҷанги либосу ришаш? ба профессорои гунгу курсаводаш? аз чи ғурур кунем? Ино факат айби ҳнит ва ду муллову ришдору ҳиҷобдора мебинанду муҷримошон факат масҷиду донишгоҳҳост...Вақте дар кишваре ки макони илму маърифат ва рашшанигарои аст монанди мактабу масҷиду донишгоҳу днишкада ва ино ин маконхоро бузургтарин душмани худ мешуморанд, пас мо ба ки гурур кунем?....Ҳиммати мо имруз хамин бозору корхонаву ошхонаву дастгох шудааст...агар пул ё доля дод ҳиммат дорем, дигар на беш аз ин...

Ozod
Дуруст! Боз наметевон дар як руз дар 5 вакт 64 маротиба ру суи Арабистон дар пеши пойи араб сачда карда, даъвои нангу номус ва худшиносии милливу озодаги кард.Patriot,

Саид
Ачаб марди бузурги бародар, бемухобо бузурги.
Бузурги ё аз табори бузургони чи гуямат дигар,
Ба хома тудаи кавдан ба варта мерони, чи гуямат дигар.

Чамшед
Ман ба патриот гуфтаниям ту сачда дар пеши Худо мекуни дар пеши Арабхо не!!!Ва Худованд ба ту амр кард, ки ба суй Макка сачда куни!!!Агар хамин Арабхо Исломро ба ту намеовард ту холо як зардушт буди Бо агар хозир саволат диханд ту Мусалмони мегуй ман мусалмонам.Аз Худо битарс бо ин суханот

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)