Бахшҳо

Нороҳатии ҳизби Саидҷаъфар Исмонов аз муроҷиати ҲНИТ ба СММ

Шӯрои сиёсии Ҳизби Демократии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии кишвар ба Созмони милали муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти ҳизб, ки зери имзои Саидҷаъфар Исмонов, раиси ин ташкилоти сиёсӣ ба дасти "Озодагон" расид, гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲДТ аз муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нороҳат шудааст: "Дар қисми аввали муроҷиатнома дар бораи “вазъи номуносиби бавуҷудомада… амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати ҶТ нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гуруҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф…” ҳамчун далели аслии муроҷиатномаи номбурда баён шудааст”.

Масъулини ҲДТ аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки ин ҳизб чун узви ИНОТ-и пешин низ яке аз ҳамшарикон ва калидии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ асту масъулини ҲНИТ бидуни гуфтугӯ ба онҳо ба СММ муроҷиат кардааст: “Роҳбарони ин ҳизб чаро бо ҳамсафони пешинашон боре ин масъаларо дар миён нагузошта, якбора бо ин шӯру ҳаяҷон қазияро ба саҳнаи байналмилӣ кашидаанд. Аъзои ҲДТ низ дар гирудорҳои сиёсиву низомии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 гирифтори мушкилот, таъқибу фишор шуда, баъзе аз аъзои он куштаву нобуд ва қисме ҳам бандиву зиндон шуданд. Вале ҳаргиз умед ва такя ба нерӯҳои сиёсии беруна накард, агарчи аввалин қувваи сиёсии оппозитсионӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон буд”.

Дар изҳороти ҲДТ таъкид шудааст, ҳукумати Тоҷикистон 18 соли пеш Созишномаи истиқрори сулҳро на бо ҲНИТ, балки бо ИНОТ имзо кардааст, ки он аз гуруҳҳо ва ниҳодҳои сиёсии гуногун иборат буд: “Вале имрӯз ҲНИТ танҳо худро саҳмгузор ва меросхӯри истиқрори сулҳ медонад ва саҳму ширкати дигар гурӯҳҳои сиёсии шомили ИНОТ-и пешинро нодида мегирад. Бояд иқрор шуд, ки ИНОТ моҳият ва вазифаҳои худро иҷро кард. Дар натиҷа ҳизбҳои сиёси дар интихоботҳо ҳар кадом вобаста ба мавқеъ ва сахмаш дар ҷомеа соҳиби райъи интихобкунандагон гардиданд, аз ҷумла ҲНИТ дар чор даъват соҳиби курсиҳо дар парлумон буд. Он замон аз фишору ба ном ноадолатиҳои Ҳукумат нисбаташон ин гунна эътироз надоштанд. Имрӯз ҲНИТ бояд ба интихоби мардум арҷ ва эҳтиром гузорад, зеро ин интихоби онҳо ва воқеият аст”.

Масъулини ҳизби таҳти раҳбарии Исмонов гуфтаанд, “агар натоиҷи охири интихоботи парлумонии 1 марти соли равон боиси шӯру валвала дар дохили ҳизб шуда бошад, пас аз мо бояд ибрат гирифт, чун дар се интихобот ноком аз курсии парлумонӣ гардидем, вале садои кароҳате бар наангехтем, зеро ин интихоби мардум буд”.

Демократҳои Тоҷикистон афзудаанд, агар ҲНИТ мушкиле бо ҳукумат дорад, ин мушкили як ҳизби сиёсӣ асту набояд аз он ҳамчун мушкили мардум ном гирифт: “Аз тарафи дигар маълум мешавад, ки ин ҳизб мушкилоте бо ҳукумати кишвар дорад. Шояд дар равобити ҳукумат ва ҲНИТ печидагиҳое ҳаст, ки мо аз вуҷуди онҳо ё хатари онҳо хабар надорем. Вале ин мушкили як ҳизб ҳаст, на мушкили мардуми кишвар. Аммо ҳукумат ҳам дар навбати худ бо назардошти таъмини бехатарӣ, оромӣ ва сулҳу суботи мардум бояд даст ба иқдомҳое бизанад. Қобили зикр аст, ки Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар таърихи начандон дури худ печидагиҳо ва мушкилоти зиёде дошт, вале онҳоро бе дахолат ва дастгирии қувваҳои ғаразноки сиёсии беруна паси сар кард ва имрӯз бо боварӣ ва дастгирии мардуми кишвар ба сифати як ниҳоди сиёсӣ дар парлумони мамлакат соҳиби мавқеъ гардид”.

Дар поёни изҳорои ҲДТ даъват шудааст, ин гуна мушкилиҳо аз роҳи гуфтугӯ ва муоколама бояд ҳал шавад. Онҳо инчунин таъкид кардаанд, ҳеч неруи сиёсие дар Тоҷикистон ҳақ надорад, барои ҳалли мушкилиҳои дохилии худ такя ба неруоҳи берунӣ кунад: “Ҳеҷ кас ва ҳеч як гуруҳи сиёсӣ ҳақ надорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои худаш такя ба неруҳои сиёсии беруна гузорад ва бо ин роҳ дубора нооромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор созад. Намунаи “кумаку дастгирӣ”-и хориҷиёнро мо дар мисолҳои чанд соли охир дар Украина ва кишварҳои арабӣ баръало мушоҳида намуда истодаем. Сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон намунаи беназири бунёдкорӣ, осудагӣ ва пешрафт аст, ки дар таҳкими он танҳо ниҳоди сиёсии солим ва соҳиби боварии аксарияти мардум метавонад саҳмгузор бошад”.
Мӯҳр
Саидҷаъфар Исмонов хам сиёсатмадор аст? Магар у хам дар созишномаи сулх имзо гузошта буд?

халк
кадом хдт? О ин хизб ба гайри раису муовинаш дигар аъзо надорад ку!
О, ХНИТ бо ки бояд маслихат кунад?
Шармандагии сиёси!
Хахахаха...

Пурдил
Кисаги будани худашонро нишон доданд! Ту депутати халк шуда ин кадар фишоре, ки болои мусалмонон ва апазится аст намебини?!

муҳочир
шумо муҳтарам исмонов худро шарики сулҳу ваҳдат ҳисоб мекунед баъд аз интихобот фишор ба наҳзатиҳо шуруъ шуд шумо ягон мурочиат ба макомот накардед имруз аз кучо сар боло кардед ки наҳзатиҳо бе маслиҳати шумо ба созмонҳо мурочиат кардан охир ҳизби шумо номаш мондааст халос

Шамс
100% рост мегуяд!!! Сулх танхо бо ХНИТ набуд, балки бо ИНОТ буд...

Ислохотхох
Мухтарам Исмонов Саидчаъфар ту худ нав аз тангкучахои сиёсат гузаштаистодаи. Вакте болои хнит фишор аст дахонатон мухр задаги хомушед, агар ба созмонхои байналмилали шикоят кунанд бояд аз шумо маслихат пурсанд. ту худ кисти?

Исфара
Магар 27 уми июни соли 1997 чаноби оли бо мархум нури созишномаи истикрори сулхро имзо накардаанд? Магар мархум нури таъсисгузори хнит набуд?
Магар 27 уми июни соли 1997 чаноби оли бо мархум нури созишномаи истикрори сулхро имзо накардаанд? Магар мархум нури таъсисгузори хнит набуд?

Точик
Ба ту курсии парламента барои ана хаминхел рузхо додаанд ки тут изхорот пахш намои.. агар рози намешуди курси намерасид ба ту.

нури
и усмонов гуё гами миллат мехурад Биёед худро ба кури надозед т шахсан аз хаки поймол шудаи мардум дар парламент чи дифоъ карди инот мегуйи инот мучохиддин и чон баркафи хнит буд на шумо

Cаидчаъфар Исмонов дар хакикат Шумо сиёсатмадор будаед! Бехтарин неъмат ин орому субот аст . баъзе бародархо шояд фаромуш карданд, ки соли 1991 Бури Каримов ба майдон мардумро даъват кард, баъд куввахои дигари фурсатталаб аз он ходиса истифода карданд ва Точикистон ба чанги шахрванди кашида шуд . Бури Каримовро дигар касе надид . факат баъд шеърхояшро мехонданд. Хазорхо дехконбачахо несту нобуд шуданд. зарарашро ки руйпуш мекунад? хеч кас !!!! Ки ба модарони писаргумкарда фахмонда метавонад, ки писарони онхо барои чи мурданд? Хеч Кас!! Мо бояд душман накобем , душман дар дохили мост , ки акли у кураст. !!! зеро пешравии чомеъаро намебинад. факат камбуди мекобад!!! Ислом дини пок ва ахлоки пок аст !! имруз дузд ва рохзану авбош аз сохторхои кудрати метарсад.аз мулло эшон , ва ислом наметарсад.пас оромии чомеъаро агар сохторхои кудрати таъмин намоянд , пас монед корашонро кунанд.
Худованд ба хамаи шумоен инсоф дихад. дар мавриди Исмонов С. хаминро мегуям , инхел одамхо дар чомеъа кош бисертар мешуданд. Исмонов Шумо бехтарин сиёсатмадоред.
аз бехудагуии ин нафарон малол набошед.... инхо хамон туда одамхое хастанд, ки х,ар гуна ифродгархо ва тундравхоро пайраваанд.!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Аз хизбхои ... сухан напурсидаанд хеч кас. 3 Хизби мустакил хастанд, ки кавитаринаш ХНИТ аст. Ва хама икдомхои ночавонмардона барои аз байнбарии он аст.

Абдулло
Хнитам неки безор кард. Чи бояд шумо ба парлумон рох мейофтед? Мардум овоз надихад хукумат чи кор кунад? Риши дарозу бемаъни!! Касе дар бораи ороми меандешад у хак аст.

вали
Ино аз ХНИТ касд мегиран.

Наимчон
Афсона нахон бисёр, аз хукумата не аз Худо тарсед ман аъзои ягон хизб пизб нестам неки окибати и беадолатихоро Худо нигох дорад.

Руслан
ХДТ такрибан 4-5 сол пеш пас аз фирори М, Искандаров аз Хукумат маблаги калон гирифта, хизбро ба нести бурданд, дар байни онхо Исмонов низ буд. Шармандаги аз ин зиёд нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)