Бахшҳо

Қиёмиддин Аваз баъди баҳс бо ноиби Убайдуллоев аризаи берунравӣ аз ҲНИТ-ро имзо кардааст

Қиёмиддин Аваз, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе мегӯяд, дар пайи фишорҳо ва саргардонсозии наздиконаш ӯ дар ниҳоят водор шудааст, ки дар утоқи кории Ҷамила Лангариева, муовини раиси пойтахт, аризаи қатъи узвият дар ҲНИТ-ро имзо кунад.

Дар ин бора Қиёмиддин Аваз бо нашри як матлаб дар сомонаи ҲНИТ иттилоъ дода, изҳор доштааст, ки дар пайи фишору таҳдидҳои зиёд алайҳи наздикону пайвандонаш, аз ҷумла падару модараш маҷбур шуд, зери аризаи берун шудан аз саффи ин ҳизб имзо гузорад.

Ба қавли Аваз, гӯиё барои берун рафтани ӯ аз саффи Ҳизби наҳзати исломӣ падараш таҳти фишор қарор гирифта, ҳатто аз ноҳияи Вахш ба шаҳри Душанбе оварда шудааст, то аз фарзанди худ талаб кунад, зери ариза имзо гузорад: “Ӯро ба идораи ҳукумати шаҳри Душанбе бурда, аз ман ҳам даъват карданд, ки ба ҳукумати шаҳр равам ва вақте падарам ин корро аз ман хост ман ҳам рафтам. Фазо гувоҳи ин буд, ки аллакай бо падарам радубадалҳои зиёде сурат гирифтаву падарамро водор кардаанд, ки бояд маро барои канор рафтан аз масъулияти ҳизбӣ розӣ кунонад. Дар утоқи муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷ. Лангариева ба ҷуз ӯ боз раиси шуъбаи кумитаи дини шаҳр ҳузур доштанд, ки дари утоқи кориро сари чанд вақт як нафар боз мекарду мепӯшид.

Радубадалҳои дар бораи ҲНИТ натиҷае ба бор намеовард. Ҳар боре, ки муовини раиси шаҳр мехост ҲНИТ-ро барои кишвар як омили хатарзо нишон бидиҳад, ман онро бо факту далел рад мекардам. Ҳамаи даъвоҳои онҳо алайҳи ҳизб беасос ва тӯҳмат буданд”.

Ӯ дар охир таъкид кардааст, ки ҳарчанд зери аризаи берун рафтан аз ҲНИТ имзо гузоштааст, вале “то замоне, ки ҳизб дар майдони сиёсати Тоҷикистон расман фаъолият дорад, худро узви комили он меҳисобам”.

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нишасти изтирории ахири ин ҳизб гуфт, тамоми аризаву дархосте, ки масъулон ва аъзои ҲНИТ зери фишор навиштаанду менависанд, эътибор надоранд: “Бар асоси қарори Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз 8 майи соли 2015 тамоми ин аризаву дархости масъулон ва аъзои ҲНИТ, ки зери фишор навишта ё изҳор шудаанд, эътибори юридикӣ надоранд”.
Мӯҳр
эхеее бас будагист

муосир
аз аъзоги дар ину он хизб чи мегири. Танхо бо ягон рохе чомеаро дигаргун кардану ягон чойи тенч ёфтан аст. васалом

бехизб
Ман нафахмидам, аризаи хоричшавиро ба дафтари хизб нанавиштедку,аризаи гирифтаи макомот хандаовар аст

Тавба! Ин ҳукумат ба фикрам гумон мекунад агар ҲНИТ набошад ё баста шавад, шиками мардумро сер карда метонаду миллиардҳо доллар қарзи Чинро баргардонда. Ба инаш ҳам ислом гунаҳгор? Ба наздикӣ Тоҷикистон як вилояти Хитой мешад

Ба хамаи аъзоёни хизб 48 соат вакт дода шавад... То аз хизб берун шаванд вагарна бо чазои сахт махкум карда шавад... Ана инхел карор мешавад)

Макнун
Барои чи аъзохои хизби ислохот, демократ, кишоварзи ва комунистро мачбур намекунанд ки аз хизбхояшон бароянд? Магар факат бояд хнит ки баромада аз акидаи 98% мусалмони точикистон аст фаъолияти худро бас кунаду хизбхои кисаги фаъолият кунанд?

Саид
Авазчон наранч, дар таърих бо хамин гуна рафторхои ночо маъруфанд, худованд мо точиконро халос мекарда бошад-аа? Озодагон илтимос чоп намоед. Он чи ки ман гуфтам хакика аст, мардум бояд фахмад, ки кто есть кто?

Ислохотхох
Аз хукумати Чумхури умед доштем, ки ин корхоро мекунад, аммо аз хукумати шахр чунин умедвор набудем...

мухочир
Хамин хизби исломи чи даркор ХУДО мухточи ягон хизб нест .Намозу рузаро хонеду доред Дар ягон Чумхурии Осиеи Миена ин хел хизб ба кайд гирифта нашудааст.

Мардак шав, аризата навишти чи бо гиря карда падарта, Лангариевара дигарора ин корда кати мекуни? Аз сохибони хизб мутахами дори? Кори кардата дар сари дигаро мезани.

Панчакенти
Ба Аваз тарафдоронаш!! Мукобили дарё кучо рох мегарди??? Ё аз чонату чисмат сер шудаи???? Хамин хизбу ришу рафтори Шумо набуд ки Миллатамон боре кариб ру ба нести рафта буд аа????!!!!! Боз чи мехохед.??...

ягон хизб ба точикон даркор нест хам хнит, хам ххдт ва гайраву хоказо, хизб моли яхудиён аст.

Ансор
мухочир,
Акаи муҳочир! Ба ману ту хизб даркор нест Бигзор дигарон кардан гиранд аз ин ба ману ту чи зарар? Ба ҳукумат чи зарар ки зур зада онро бастанист. Ин кор одамро ба андеша водор мекунад. Хамин нахзатихо чи дошта бошанд, ки хукуматихо аз онхо метарсанд?

Абдумалик
Ин кадар далер бошад. ки дар бораи фишор дод мезанад, чаро аризаро имзо кард? Гуфти русхо - после драки кулаками не машут

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)