Бахшҳо

Парлумон номзади пешниҳодкардаи Ашраф Ғаниро рад кард

Маъсум Истонакзай, номзад ба мақоми вазирии дифои миллии Афғонистон натавонист, раъйи таъйиди парлумони ин кишварро ба даст оварад.

Маҷлиси намояндагони Афғонистон имрӯз дар нишасти расмӣ дар мавриди Маъсум Истонакзай, ки пеш аз ин ба унвони номзади вазири дифоъ аз сӯи раисиҷумҳури ин кишвар муариффӣ шуда буд, раъйгирӣ кард.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, дар ин нишаст 213 намояндаи маҷлис ҳозир буд ва қарор буд, ки Истонакзай 107 раъйро ба даст меовард, то 1+50 ороро пурра карда, ба курсии вазорат роҳ меёфт. Аммо, ин номзад ба вазирӣ танҳо 84 раъйи эътимодро ба даст овардааст.

Абдулрауф Иброҳимӣ, раиси парлумони Афғонистон бо таъйиди ин хабар ба расонаҳо гуфтааст, ки Маъсум Истонакзай натавонист мавриди таъйиди маҷлис қарор бигирад ва раиси ҷумҳур бояд дар зудтарин фурсат фарди дигареро ба ҳайси вазири дифоъ ба хотири касби раъйи эътимод муарифӣ кунад. Ба ин тартиб, раъйгирӣ дар мавриди интихоби вазири дифои Афғонистон ба давраи чаҳорум рафт.
Мӯҳр
А на демократия дар давлати чангзада!! Ана ин хел бояд интихоб шаванд ВАЗИРОН!! Номи дузд, горатгар авбош дар парлумон болои об мебарояд.. ва дар курсии вазири намешинад!!! Зинда бод Афгонистон!!!

Исфара
Хушо ба холи миллати афгон парлумони мустакил парлумони мардуми доранд! Мо инхел парлумонро медида бошем?

Зинда бод, мардуми шарифи давлату сарзамини Афгонистон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)