Бахшҳо

Додситонии кулл ҲНИТ-ро ҳамраъйи созмонҳои ифротгарову Кабириро "заминфурӯш" хонд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот дар баробари муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои посдори сулҳи тоҷикон, онро беасос хонда, ҲНИТ-ро ҳамрайъ ба созмонҳои ифротгаро донистааст.

Масъулини ин ниҳод гуфтаанд, “раванди хориҷшавии аъзо аз ҲНИТ идома дошта, созмони мазкур мақоми ҳизби сиёсиро, ки шарти мавҷудияти он тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” доштани аъзо дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, аз даст додааст”.

Дар изҳороти Прокуратураи генералӣ, ки торнигори АМИТ “Ховар” нашр кардааст, гуфта мешавад, “муроҷиати Шӯрои сиёсии ХНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафил амали ҳангомаҷӯёна буда, хуб мешуд, ки роҳбарияти ҲНИТ сабаби нокомиҳои худро дар сиёсати пешгирифтааш ва амалу рафторҳои аъзои хеш ҷуста, аз пахши чунин изҳороти беасос худдорӣ менамуд”.

Масъулини Прокуратураи генералӣ гуфтаанд, Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997, ки ҳамчунин 7 протокол ва 1 низомномаро дар бар мегирифт, пурра иҷро шудааст. Ин ниҳод муроҷиатҳои Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро, ки мегӯяд, солҳои охир зери таҳқиру фишори ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифтаанду барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои он мақомоти ваколатдори давлатӣ таваҷҷуҳе зоҳир накардаанд, дур аз воқеият дониста, гуфтааст,“ҳама муроҷиатҳои намояндагони ҳизби номбурда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ҷавобҳои расмӣ гардонида шудаанд”.

Дар ин изҳорот аз муроҷиати хаттии муовини аввали расии ин ҳизб У. Ҳисайнов ёдоварӣ шуда, гуфта мешавад, муроҷиати мазкур мавриди санҷиши ҳаматарафа қарор гирифта, дар ҷараёни он бо аъзои ҲНИТ ва шахсоне, ки гӯиё зери фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор гирифтаанд, суҳбатҳо гузаронида шуда, шахсони мазкур ҳолати зери таъқиб ва фишор қарор гирифтани худро қатъиян рад намуданд.

Дар изҳорот роҳбарияти ҲНИТ, аз ҷумла раиси он -- Муҳиддин Кабирӣ дар қонунвайронкуниҳои зиёд муттаҳам дониста мешаванд: “Роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад. Раиси ҲНИТ - Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ аст”.

Прокуратураи генералӣ дар ин изҳорот иттилоъ додааст, ки натиҷаи савдои иншооти мазкур, санаду аҳдҳо вобаста ба хусусигардонӣ ва шартномаҳои ҳадя 16 апрели соли 2015 аз ҷониби суди ноҳияи Рӯдакӣ беэътибор дониста шудаанд. Ин ниҳод дар изҳороти худ гуфтааст, дар 5 соли ахир 45 аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои гуногун содир намудаанд, ки 17 нафари онҳо дар “ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз қабили ташкили иттиҳодияхои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ” даст доштаанд.

Дар идома аз раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев ва роҳбари шуъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Сабзалӣ Маҳмадризоев ёдоварӣ шуда, таъкид гардидааст, ки аввалӣ барои шомил шудан ба иттиҳоди муташаккили ҷиноятӣ ва иштирок дар бетартибиҳои оммавии моҳи июли соли 2012 пушти панҷара ва дувумӣ "24 июли соли 2012 ҳангоми ҳамлаи яроқнок ба намояндагони ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳалокат расидааст”.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон сабаби 1,5 дарсад соҳиби раъй шудани ҲНИТ-ро дар интихоботи 1-уми марти соли 2015 ба ваҷхҳои оварда худ дар изҳорот муртабит дониста, зикр кардааст, “ин аз паст рафтани нуфузи ҲНИТ ва аз даст додани мавқеи он дар ҷомеа шаҳодат медиҳад”.
Мӯҳр
Адолат
Ин изхорот аз пеш маълум буд, ин изхороти на хукуки, балки сиёсист ва боз обруи кишваро бурданд.

осим
МО ба дуруг бовар надорем.зинда бод Кабири

худованд окибати ин бозихови тухматхову фишорхоро окибаташа ба хайр бигардонад!

мурод
Офарин ба Прокурори генералии Чумхурии Точикистон Рахмон Юсуф бояд ин чалодон решакан гаванд.

wwww
ман аз бегонагон харгиз нанолам....
худкушу бегонапараст...
эй хамватан ба хамдигар чунучаро чаро...
бие то кадри хамдигар бидонем....
гаразхо тира доранд дустиро...
гаразхоро чаро аз дил наронем.

Каппаи хизби нахзат дуд кард ку

тахлилчи
лекин хуб конун гуфтед-да.......канда занед, офарин

дехкон
Хай агар махкамаш кунанд гушомон тинч мешава дааа!

Сар ба сар нашав бо " АРБОБ",
Мезанад ба х,ар боб!

Бо дар болои АРБОБИ ЗУР Худованд хаст ки чор кафонаш мекунад

Muhojir
Ин Афсонахои Бемантика дигар дар Асри -21 Алхамдулиллох хамаи Мардуми Точикистон кобили фахмидан хастанд ки то кучо росту то кучо дуруганд. Мардуми Шарифи Точик ро Гусфанду дар Асри - 18 Хаёл накунед .

мухаммад
Ба хар хар чиз ва ё хар хислати хубу писандида аз хадли эьтидоли
худ гузарад бемаьне мешавад. Мана ин хам натичаи сабри беандозаи
нахзат ва паёмади сулхи зиллатбори устод Нури.

Абдула
Ба ин мегуянд самараи сабр сабр боз сабр.

дар хакикат созмони ифроти аст ин хизб,,,,нав конуни хубе бароварда истодаанд....

бисёр кори хуб шуд,,,,тамоми тарафдоронша судшон кнен илтимос гарени зур мешавад,,,

номи ислома чазир кадан ино,,,,хайфи шумоборин мусулмонон ,,,,обруи ислома резондед,,,,,ба гапои хочахои хоричи даромадед,,,,ана ин окибаташ,,,,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)