Бахшҳо

Шарти Атовуллоев барои қатъи мубориза ва бозгашт ба Ватан: Сарафрозро раҳо кунед...

Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигор ва сиёсатмадори фирории тоҷик дар саҳфаи фейсбукии худ изҳори омодагӣ кардааст, ки бар ивази раҳоии Эҳсон Одинаев, як ҷавони мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон, аз муборизаҳо даст кашида ба Ватан баргардад.

Атовуллоев аз бедарак шудани Сарафрози Оламафрӯз - номи мустаори Эҳсон Одинаев, ҷавони 24-солаи тоҷик, ки дар интернет алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баромад мекард, хабар дода, афзудааст, ки агар он дар дасти мақомоти тоҷик бошад, бар ивази раҳоияш омодааст аз муборизаҳо даст кашад: “Ман омодаам даст аз мубориза баркашам ва ба Ватан баргардам. Агар Ӯ дар зиндони шумост ва варо озодаш бинамоед”.

Ин изҳороти Атовуллоев дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро ба иттиҳоми даъват ба сарнагунии низом, таҳқири раисиҷумҳур ва чанд айби дигар дар пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд.

Эҳсон Одинаев, ки Атовуллоев гуфтааст, ба ивази раҳоияш ба Тоҷикистон бармегардад, ба гуфтаи шариконаш аз соатҳои 10-11-и 19 майи соли 2015 ба ин сӯ гум шудааст ва дигар аз ӯ ҳеч кас иттилое надорад.

Тоҷикистон Одинаевро дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дода, дар эълоне, ки сомонаи Интерпол нашр кардааст, ӯ дар ҷиноёти харобкории компютерӣ (computer sabotage) муттаҳам мешавад. Одинаев, ки соли 1991 дар ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст, бо номи Сарафрози Оламафрӯз дар интернет аз ҳукумат ва раисиҷумҳури Тоҷикистон интиқод мекард. Ӯ инчунин дар рахна кардани почтаҳо ва сомонаҳои интернетӣ муттаҳам мешавад.

Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон мегӯяд, дар суроғае, ки Одинаев зиндагӣ мекард, тамоми молу колои мансуб ба ӯ сари ҷой ҳастанд ва чизеро бо худ набурдааст ва талоши чандинрӯзаи шиносҳош барои пайдо кардани Эҳсон бенатиҷа анҷом шудааст. Наздикони Эҳсон мегӯянд, эҳтимол ӯ рабуда ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта афроде, ки аз ҳукумати Тоҷикистон танқид мекарданду дар Русия гум мешуданд, дар боздоштгоҳи Душанбе пайдо мешуданд.
Мӯҳр
Абдулло
Ачоиб! Ин фикр мекунад, ки дар ватан инро хама интизоранд. Агар сабаби омадани ту дар рахоии ин кас бошад бигузор дар зиндон монад.

Аз ин мебарояд ки Додочон аз ин халки тарсу ноумед шуда аз мубориза даст кашидааст!

Додик
Чи гуна мубориза? Аз гарб пул гирифта бар зидди миллати худ сухан кардан? О зидди хукумат бошу зидди мардуми Точикистон гап назан. Беномус набош. Мард шаву як бор дар фикри мардуми бечора бош. Ба монанди мардуми бечораи точик зиндагони кун. Муборизаи ту баъди соли 2000 тамоман катъ шуд. Муборизаатро бар зидди ТОЧИКИСТОН мебари, на хукумат. Ин суханхоятро бас кун.

Хатлони
Не, хато мекуни Овораи -дайду.
Барои халки Точик Баламутхои ба монанди дар як аср лозим нестанд.

Саид
У худаш боз кист, ки шарт мегузоштааст. Аввал омада ба гунохоят икрор шуда, чазоятро гир, баъд мебинем, ки ...

чунин душманони миллату давлат мисли Дадочони Атовулло мисли Сарафроз бе ному нишон гум мешуд хубтар мешуд.

ОЗОДАГОН, КАМТАР ШАРМ НАМЕДОРИ? АЙ КАЙ БОЗ АТОВУЛЛОЕВ СИЁСАТМАДОР ielffcn ? МАКОЛАРО ЧУНОН БА АЛАМ ОГОЗ КАРДАЕД, КИИИИИ ТО БАС ГУФТАНА.... : АТОВУЛЛОЕВ, РУЗНОМАНИГОР ВА СИЁСАТМАДОРИ ФИРОРИИ ТОЧИК ! БЛА, БЛА, БЛА! АЙБАЙ, И ГАПА НАГЕН! АТОВУЛЛОЕВ ЯК ЗАРХАРИД АСТ! НА СИЁСАТМАДОР!
Озодагоне, яке чопш накни, ки дар хактон УБОЛ шава....))))

Мухтарам Додочон Атовуллоев ин рафтори Шумо мардона аст,

курбон
Як чизро нафахмидам:-) Шумоен УРО дар чи гунахкор мегуед?

О ТУ ХИЧ КАСДА ДАРКОР НЕСТИВУ... ДОДОЧОН ФИКР МЕКУНА КИ ХАМА УРА МTШИНОСАНУ ЯГОН ОДАМИ ЗУУРАЙ, ЯГОН КАСДА АГАР ДАРКОР БОШИ, ЧИЗЕ МЕГИ БУГУ!!

Саид
Ин кадар хиёнате ки москав ва кремлин барои мардуми оддиву бечораи точик, барои озодмардону озодафитратон кардааст, торих фаромуш нахохад кард. Дар мафкураи точик дар садсолахои оянда як кутби бади, ки дархакикат кутби бадии олам аст ба таври фаромушношудани бояд боки монад. Чо конуни ва чи гайриконуни он кадар афроди арзандаи моро махбусу банди карданду нобьуд карданду катл карданду махкум карданд ки хисобаш гум аст. Ягон кишвар нисбат ба зиёини точик, нисбат ба дигарандешон чунин муносибат накардааст ки онхо кардаанд. Наслхои оянда бояд хамеша аз ин хиёнатхо бохабар бошанд, хар лахза боясти эшонро таъкид кунем, ки кадом тоифаву кадом туда ба мо ва миллату ториху фарханги мо хиёнатхо кардааст. Дар китобхои таълими боясти таъкид ба таъкид навишта шавад, мунтазам ба гушу хуши насли оянда бирезем, ки кутби бадии миллати мо кихоянд. Аз хамагон хохиш дорам ки забони онхоро на хамчун забони муошарати байни миллатхо, балки забони гуломоне, ки рохи зиндагиашонро гум кардаанд - забони гастерхо номем ва ба истифодаи ин забон тахрим гузорем. бар ивази ин забон забони инглиси ва олмониро интихоб кунем. Хохиш хар касе ки ин тавзехро мехонад бикушед, ки аслан аз калимоти руси истифода набаред ва наздикони худро низ нагузоред ки истифода баранд. Хохиш азизон, бисёр хохиш.

Маълум аст аз шеваю тарзи нигориш ки ин чо аз фабрикаи чавоб як туда бесаводону кафторони паштунтабори аз точики ва форси фарсаххо дур чавоб менависанд, шумо хама аввал точикиро биёмузед ва баъдан бинависед бесаводон.

мухочир
Усто Додочон Атовуллоев ин ягон шахси Ватан дуст шахси мубориз аст ..

Freedom
агар ки биёяд аз Зайд бадтар мекунанд.

ислом
Додочон ту худ хиёнаткор хасти бо ки мубориза мебари киро бадном мекуни хали точику Точикистонро.Ту худ зархарид хастиву боз шарм надошта шарт мегузори.Дар Точикистон ба хеч кас даркор нести.Нарху кадри худро баланд гузошти.Ба як пул дар ватан арзиш надори.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)