Бахшҳо

АКС: Аввалин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ Аҳмад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар доираи як сафари корӣ дар шаҳри Уфа қарор дорад, бо ҳамтои афғонаш – Ашраф Ғанӣ Аҳмад мулоқот кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, ин вохурӣ зуҳри 9 июл дар Уфа баргузор шудааст. Манбаъ мегӯяд, раҳбарони ду кишвари ҳамсоя дар нахустин дидори худ баъд аз ба курсии раёсатҷумҳури Афғонистон нишастани Ашраф Ғанӣ Аҳмад маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахшро баррасӣ кардаанд.

Дар ин вохурӣ таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл зоҳир гардиа, аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, ки иборат аз 80 санади дуҷониба мебошад, изҳори қаноат шудааст.

Инчунин таъкид гардидааст, ки барои татбиқи санадҳои имзошуда, мақомоти дахлдори ду кишвар бештар фаъол бошанд: Атрофи татбиқи лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ доир ба сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти барқии 500 киловолтаи КАСА-1000 ва лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт”.

Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон низ таваҷҷуҳи зиёд ба қарордоди тиҷорати транзитии Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон ҳам зоҳир карда, ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои Афғонистон бо шароити имтиёзӣ таъйид кард: “Тавре зикр гардид, танҳо дар соли равон барои донишҷӯёни афғон 250 бурсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва солҳои оянда ин шумора боз ҳам афзун мегардад”.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки дар вохуррии Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаноби Аҳмад масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои дифоию амниятӣ ва дигар мақомоти дахлдори ду кишвар барои ҳифзи субот дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

АКС: Аввалин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ Аҳмад

АКС: Аввалин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ Аҳмад

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)