Бахшҳо

Девори тарс. То кай метавон мардумро дар миёни он нигоҳ дошт?

Азизи НАҚИБЗОД

Ҳукумати кунуни Тоҷикистон бо шевае ба сари қудрат омада буд, ки эътироф ё пайравӣ намудани мардум аз он аз роҳи тарс ба вуқуъ меомад. Чунин менамуд, ки гӯиё ҳукумат як борае (деворе) аз тарс бунёд ниҳода бошад. Дар оғоз фаъолияти ҳизбҳои мухолиф, рӯзномаҳои дигарандеш мамнуъ эълон гардид. Дар даҳ соли аввали мавҷудияташ рӯзномаҳои мустақиле, ки фикри мустақил дошта бошанд ё назарҳои мухолифро ба нашр расонанд, мавҷуд набуданд. Пас аз гузашти солҳои зиёд ва дубора ба фаъолият пардохтани ҳизбҳои мамнӯъшудаи ҲНИТ, ҲДТ, таъсис ёфтани ҲСДТ ва ба миён омадани расонаҳои мустақили сиёсӣ фазо оҳиста-оҳиста ба самти ошкоргӯӣ тағйир мекард.

Эҳсоси тарс аз вуҷуди тоҷикистониён дуртар мегардид. Ва ангор хиштҳои ин девор ба замин фурӯ мерехт. Аммо ҳукумати Тоҷикистон шояд роҳи бақояшро дар ҳамин бунёди девори тарс дид, ки 10 сол қабл барои аз миён бурдани расонаҳои озодандеш даст ба кор шуд. Миёни ҳизбҳоеро ҳам ки андак нуфуз доштан шикаст. Хулас девори тарс дубора “таъмир” карда шуд. Аммо ин бор эҳсоси тарс дар вуҷуди мардум дер давом накард. 2-3 соле нагузашта боз аҳзоби мухолиф қомат рост намуданд. Расонаҳои мустақили нав ба миён омаданд. Ба хусус рӯй овардани мардум ба шабакаҳои иҷтимоӣ фазоро комилан тағйир дод.

Бо гузашти беш аз 20 сол шояд ҳукумати Тоҷикистон ба хулосае расид, ки натавониста меҳру муҳаббат ва эътимоди мардумро ба даст орад. Ва шояд барои ба даст овардани қалби шаҳрвандони худ фурсатро аз даст рафта бишуморад, ки мушоҳида мешавад бештар аз як соли охир дар пайи бунёди дубораи ҳамин девори тарс аст. Ҳамавақт ёдовар шудан аз солҳои даҳшатбори ҷангӣ шаҳрвандӣ (як тарафи ҷанг ҳам ҳукумат буд) ва ҳушдор додани мардум аз он мегӯяд, ки мақомот мехоҳад заҳри чашми мардумро дубора бигирад.

Хулас мақомот бо роҳҳои мухталиф доранд ин девори тарсро баландтару маҳкамтар месозанд. Вале пурсише ба миён меояд, ки магар роҳи дигаре барои бақои қудратҳо ба ҷуз тарсонидани мардум вуҷуд надорад? –Дорад! Аммо барои ҳукуматҳое,ки бо роҳи мутамаддин ба қудрат мерасад ва бо шеваи мутамаддин ҳукумат мекунад, хос аст. Масалан ба ҷои тарсонидани мардум ба вуҷуд овардани шароит ва имконият барои онҳо, осон намудани мушкилоти эшон. Аз рӯи адолат рафтор намудан бо онҳо. Агар аз рӯйи мантиқ нигарӣ аз сохтани ин девори тарс ба вуҷуд овардани дашт ё саҳрои адл осонтару камхарҷтар ба даст меояд. Ва муҳимтар аз ҳама эътимоди мардум ҳосил мешавад ва хавфи аз даст додани қудрат низ аз миён меравад.

Дар сурати дигар, яъне такя задан ба девори тарс хавфи таркидан ва фурӯ рехтани чунин девор ҳамеша вуҷуд дорад.
Мӯҳр
сино
Ҳақиқати ҳол дар Тоҷикистон чунин аст.

Dilshod
Ин девори тарс нест ин девори мухками муковимат бо хатархои сиесати чахони хаст ки мутаассифона хадаф хои нопокашонро тавассути хизбхое чун нахсати исломи, рузноманигорони зудфиребшавандаву бегонапарасту хаели мехоханд дар сояи ислому диндориии дуругин ва озодии баену ошкорбаени даврахои нангини соли 90-92 ро ташкил намоянд! Хамон ошкорбаениву химояти диндорие ки вокеахои солхои навадро ба Сари мардуми точик овард дар сад соли дигар лозимамон нест!!!! Зинда бод Точикистону зинда бод хадаф хои олии Точикистон ва рохбарони ки бо калбу нияти пок дар рохи хизмат ба давлату миллати точик содиканд!

Абдуллохи Иззом
Салому дуруди бе поён ба Озадагон ва тамоми хонандагони мехрубон пас чанд сол аввалин матлаберо хонданм ки хакикат дар он вучуд дорад . Бале ин девори тарсе ки бунёд шудаст рузе мерасад ки бар сари худи ин хукумат фуру меояд ёба истилохи дигар (чапа) мешаваду инхо худ аз байн мераванд баъзан айби худро бар дигар ахзоб ё гурухо бор мекунанд . Лекин чаро тамоми шахрвандон аз ин гуна зулму ситам дифоъ мекунанд кас дар хайрат мемонад ба монанди муфтиёту хатибхо . Ё марказхо муассисахои дигар дар давлате ё парлумоне ки бисёр хизби ва гуногун андеши набошад онро давлат хам гуфтан дуруст намешавад

Шохин
Ин хел сафсатасароихо ба хабаргузории озодагон намезебад. Номаш хабаргузори аст, пас хабар бинависе на сафсата. Айб аст, ки як хабаргузории бо ном мустакил дар мотами ХНИТ бинишинад ва бо суистифода аз бовари хонандагон гаразхои шахсиву гурухиро руи сафха бикорад.

Рохбарону-Хукуматдорони Точикистон-гарчанде Точикистонро-Давлати Сохибистиклолу Хуккукбунёду Демократииву Дуняви эълон карда бошанд хам,бадбахтона худ Истиклолият ГУМ-кардаанд ва пойбанди андешахои гузашта гардидаанд!Чун худашон намефахманд Истиклолияту-Демократия чи маъно дорад! Онхо ягона Истиклолиятро дар фильмхои Хинди-мефахманду,он чи Тамошо кардаанд дар Амал татбик-тамом!
Кош Девор мегашт ва намедидем азобу,хориву-зории Миллат! Дарего,ки донохову-фалсафагуйхо бисёр ва АМАЛ ХЕЧ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)