Бахшҳо
13 июл 2015 10:48Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҳиндустон

[b]Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон, ки дар доираи як сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар, вохурии Эмомалӣ Раҳмон бо Нарендра Модӣ субҳи 13 июл дар Қасри миллат баргузор шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ин вохурӣ бо сурудҳои миллӣ тибқи муқаррароти ташрифотӣ садои 21 шиллик аз тӯпхонаҳо дар фазои шаҳри Душанбе танинандоз гардид, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст: “Маросими бошукӯҳи истиқбол сипас бо гузаштани якҷояи Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Моди аз назди ҷузъутомҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфта, бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмони олимақом, Сарвазири Ҳиндустон ба поён расид”.

Сарвазири Ҳиндустон барои анҷоми як сафари давлатӣ шаби 12 ба 13 июл вориди шаҳри Душанбе шуда, ӯро дар фурудгоҳи пойтахт -- Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон пешвоз гирифтааст.

Нарендра Модӣ қарор аст, имрӯз 13 июл дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Робиндранат Такур, шоир ва муттафакири маъруфи Ҳиндустон иштирок кунад, ки дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе, наздики сафорати ин кишвар ва рӯ ба рӯйи Донишгоҳи славянии Русиву Тоҷикистон қомат афрохтааст.

Қаблан расонаҳои Ҳиндустон аз сафари Модӣ ба Душанбе хабар дода, гуфтанд, ӯ аснои ин сафар аз бемористони низомие дар Тоҷикистон дидан мекунад, ки 15 сол қабл бо кумаки ин кишвар барои табобати ҷангиёни Эътилофи Шимол бунёд шудааст.

Ин воҳиди пизишкии саҳроиест, ки дар ноҳияи Фархори Тоҷикистон бунёд ёфт ва Аҳмадшоҳ Масъуд пас аз шадидан захмӣ шудан дар як ҳамлаи интиҳории 9-уми сентябр онҷо оварда шуд. Манбаъ мегӯяд, ин бемористони саҳроӣ пас аз суқути “Толибон” дар соли 2001 баста шуд, вале моҳи октябри соли гузашта дубора дарҳояш боз гардид.


АКС: Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҳиндустон

АКС: Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҳиндустон

АКС: Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҳиндустон

АКС: Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҳиндустон

АКС: Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҳиндустон
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)