Бахшҳо

Агентӣ: Бархе маъюб-соҳибкорон ҳанӯз ҳам 16-17 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, соҳибони нафақаҳои “осмонӣ”, аз ҷумла Ҳукумов ва дигарон ҳанӯз ҳам маблағҳои ҳангуфтро гирифта истодаанд, зеро қонун қувваи бозгашт надорад.

Абдураҳмон Ҳакимов, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар асоси як фармоиши муштарак аз моҳи июни соли ҷорӣ ташхиси такрории тиббии нафақахӯрони маъюб дар назар аст. Ҳакимов илова кард, ки ташхиси тиббӣ дар салоҳияти Хадамоти тиббӣ буда, бо назардошти хулосаи ташхиси тиббӣ имкони бозбинӣ кардани ҳаҷми нафақа вуҷуд дорад.
Ба иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа феълан дар кишвар бархе шаҳрвандон то 15-17 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд, ки бисёрашон соҳибкор мебошанд.

Абдураҳмон Ҳакимов шарҳ дод, ки нафақаҳои зиёд то моҳи апрели соли 2012 таъин шудаанд ва шарҳ дод, ки то он вақт зимни таъини нафақаи маъюбӣ ягон маҳдудият вуҷуд надошт: “То 19 апрели соли 2012 дар таъмини нафақаҳои маъюбӣ маҳдудият пешбинӣ намешуд ва он бо назардошти музди меҳнати ду соли пеш аз баромадан ба нафақа ё 5 соли интихобӣ таъин мешуд. Барои маъюбони гуруҳи 1 ва 2 то 70 фоизи маош ва гуруҳи 3 то 50 фоизи музди меҳнат нафақа таъин мешуд”.

Ӯ илова кард, ки аз моҳи апрели соли 2012 бо тағйири қонунгузорӣ зимни таъини нафақаи маъюбӣ маҳдудият ҷорӣ гардида, ҳадди ниҳоии нафақаҳо муайян шуд: “Аз ҷумла барои маъюбони гуруҳи 1 – ҳадди ниҳоии нафақа 10 ҳадди ақали нафақа, ё худ 1300 сомонӣ, барои маъюбони гуруҳи 2- 8 ҳадди ақали нафақа, ё худ 1040 сомонӣ ва барои маъюбони гуруҳи 3 - 6 ҳадди ақали нафақа баробар ба 780 сомонӣ муайян шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки нафақаҳои зиёди бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ахиран норозигии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро низ ба вуҷуд оварданд. Аввали соли равон Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси вақти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, афроди алоҳида дар кишвар тариқи сохтакорӣ нафақаҳои маъюбии калонҳаҷмро мегиранд. Раиси Оҷонсии зидди фасод, аз ҷумла Наталя Назаршоева, роҳбари "Бонки рушди Тоҷикистон"-ро ном бурд, ки моҳе 17 ҳазор ва дар чор сол 718 ҳазор сомонӣ нафақа гирифтааст: “Ин ҷо боз Амонуллоҳ Ҳукуматулло ва боз як нафар корманди худи корхонаи роҳи оҳан, ки моҳе 1815 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирифтааст.”

Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молия ва раиси феълаии Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон қаблан зимни баромад дар назди намояндагони мардумӣ изҳор дошт, ки феълан дар кишвар 13 нафар нафақаи маъюбии зиёд мегиранд. Ӯ аз ҷумла иттилои матбуотро дар мавриди 18 ҳазор сомонӣ нафақаи маъюбии Амонуллои Ҳукуматуллоҳ рад карда, гуфт, собиқ раиси “Роҳи оҳан” 8400 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Ба гуфтаи Наҷмиддинов ин нафақа барои Амонуллои Ҳукуматулло соли 2011-ум, се сол пеш аз барканорияш, таъин шудааст.
Мӯҳр
0564
Ачоиб ки нафароне ки хатто як узви худро гум карда буданд дар вакти аз комисия гузаштан ба таври мачбури аз дарачаи як е ду ба дарачаи сеюм гузаронида буданд, ин маърака магар ба ин табака дахл надорад е нафаре 718 хазор сомони гирифтааст ин магар дахшат нест дар холе ки маъюби барчомонда 70-150 с мегирад кучоро нигах мекунанд масъулин?

фазанди ман маюби грухи 2 аст баъди хамин кадар даводав ки 2000 с масраф кард холо 120 с нафака мегирад озодагон инро расонаи карда будед бе натича афсус адолат нест

куруш
Бисер хандаовар шарм намедошта бошандхо. Модоме ки маьюб буд, пас чаро вазир шуда кор мекард? Театри лухтак.

аз паси ин хангомахо нисфи маъюбон ки бе ин хам рузгори танг доштанд аз маъюби махрум гашта, нафакаашон катъ гардид, офарин, акнун навбати стипендия овоза кардан даркор ки то 50 хазори мегирифтаанд, студенд пула чи кор мекунад бархам додан лозим

Директори Агентии сугуртаи ичтимои ва нафака Сафарали Начмиддинов гарчанде ки як сол мешавад нафакахур аст вале то хол мансаби хизмати давлатиро банд карда нишастааст. Оё супориши ёрдамчии Президент оид ба сиёсати кадрхо Асадулло Рахмон танхо ба хизматчиёни давлатие, ки нафакаи маъюби мегиранду бесохибан дахл дошта бошад Ё агар Сафарали Начмиддинови муйсафед ба нафака гусел карда шавад кори Агентии сугуртаи ичтимои ва нафака фалач мешуда бошад. Озодагон агар вобастаги надошта боши чоп кун ва ба маълумоти Ёрдамчии президент оид ба сиёсати кадрхо расонед,чунки ин чизеро ки ман дарч намудам хакикати хол аст.

Падар
Фарзандам маъюбимодарзод ба туфайли момдояҳои "професионалӣ ҳангоми таваллуд" аст. Аҷибаш он ки аз ҳамаи комиссияҳо дар хурдӣ гузашта нафақа таъйин шуд, аммо бо як фармоиши боло, ки нафақахӯрон дубора санҷида шаванд, бтдуни ҳеҷ санҷиш аз нафақа маҳрум шуду барои барқарор кардани ҳақаш аз ман 2000 самонӣ талаб карданд. Ба ивази ҳамин қадар маблағ гуфтанд ба муддати як сол 110 сомонӣ нафақаш мекунем. Тасаввур кунед 1300 сомонӣ да як сол бо навбатистишову даводавҳо нафақа медодиян ба ивази 2000 сомонт дар як сол. Ҳашаротҳои муфтхӯр. Гузаштам аз баҳраш..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)