Бахшҳо

Раиси Кумитаи замин: Дар бораи заминфурӯшии Кабирӣ хабар надорам

Табарзода Ятими Акбар, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки дар мавриди вуҷуди ҳолатҳои ғайриқонунии харидуфурӯши замини беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягон хел маълумот ва ахбор надорад.

Чанде пештар бо нашри як матлаб дар рӯзномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Тоҷикистон – “Ҷумҳурият”, Кабирӣ дар ғайриқонуни хусусӣ кардан ва фурӯхтани заминҳои марбут ба ин беморхона муттаҳам дониста шуда буд.

Ахиран Прокуратури генералии Тоҷикистон ҳам бо нашри як изҳорот гуфта буд, ки “Роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад. Раиси ҲНИТ - Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ аст”.

Худи Муҳиддин Кабирӣ дар чандин суҳбатҳояш бо расонаҳо, даст доштанашро дар ҳолатҳои ғайриқонуни фурӯхтани замини беморхонаи мазкур рад намудааст.

Ҳамчунин Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар ним соли 2015 аз ҷониби мақомоти идораи замини Тоҷикистон 6034 мавриди вайрон шудани қонунгузории соҳаи замин номнавис шудааст, ки 4219 мавриди он ҷаримабандӣ шудааст: ““Дар маҷмуъ бо маблағи 1 372 340 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин 905 620 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаи идораи замин ворид шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 412 мавод ба прокуратура ва барои рӯёнидани ҷарима 547 мавод ба судҳо ирсол шудааст ва 3516 ҳолати қонунвайронкунии замин дар маҳалҳо сабт гардидааст”.

Раиси Кумита аз пешниҳоди маълумоти дақиқ дар мавриди бо чӣ теъдод даст доштани кормандони ниҳоди зертобеяш дар вайрон кардани қонунгузории замин ва харидуфурӯши он худдорӣ кард.
Мӯҳр
Мухочир
Ачаб. Раиси кумитаи Замин ки хабар надошта бошад пас маълум мешавад ки ин Парванда хам кори сохтаи дасти Макомот аст .

Мухаммад
Мухтарам рузноманигорони Озоди! Моликияти давлатиро Кабири аз пеши худ на конуни ва на гайри конуни хусуси карда наметавонад. Маликияти давлатиро факат Кумтаи Давлатии Амвол ба фуруш е музояда мебарорад. Он хам баъди мувофака бо Хукумати Чумхурии Точикистон. Яъне руйхати амволи ба фуруш гузошта мешуда аввал дар мачлиси Хукумат тасдик мешавад, баъд Кумитаи амвол онро ба рузномахо эълон мекунад. Хар касе хохад дар музояда иштирок карда мехарад. Ин як. Дуввум аз соли 1997 то соли 2010 раисхои Кумитаи амвол аввал писари холаи Президент Матлубхон Давлатов ва кудои Президент ва собик вазири саноат Гулов. Магар Кабири е гайри Кабири болои ин ду нафар хеши Президент фишор оварда гайри конуни моликияти давлатиро гирифта метавонанд????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)