Бахшҳо
14 июл 2015 15:02Тоҷикистон / Сиёсат

Аламшоҳзода дар бораи мусодираи силоҳу маводи мухаддир ва худкушии ҷавонон дар Бадахшон

Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, давоми 5 соли ахир як ҳазору 222 адад силоҳи оташфишон аз сокинони вилояти Бадахшон мусодира шудааст. Дар ин бора ӯ рӯзи 14 июл дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ" дар шаҳри Хоруғ хабар дод.

Ҷаноби Аламшоҳзода, ки дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар Бадахшон суҳбат мекард, гуфт, аз соли 2010 то ба ҳол аз сокинони вилояти Бадахшон як ҳазору 222 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 205 автомати калашников ва 446 адад таппонча дарёфт ва мусодира шудааст.

Муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди қочоқи маводи мухаддир дар ин минтақаи наздимарзии кишвар низ суҳбат карда, афзуд, танҳо давоми солҳои 2014 ва 2015 аз қочоқи як тону 733 кило маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст.

Ба қавли Аламшоҳзода, тайи 5 соли ахир 1500 сокини вилоят дар диспансери наркологӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 170 нафарашон аз сабаби аз меъёр зиёд истеъмол кардани маводи нашъадор ба ҳалокат расидааст: “Дар маҷмӯъ дар вилоят 2 ҳазору 712 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд, ки 441 нафарашон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар давлатҳо боздошт гардидаанд”.

Аламшоҳзод инчунин теъдоди ҳолатҳои худкушӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшонро низ ёдовар шуда, изҳор дошт, давоми 5 соли ахир дар Бадахшон 107 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки 75 нафари онро мард ва 32 тани дигарро занҳо ташкил медиҳанд: “Мутассифона миёни онҳо 21 ноболиғ низ ҳаст”.
Мӯҳр
tatish
ракамхо аз дохили киштии кайхони

Ракамхо дурустанд,вокеият хамин аст!tatish,

Мардон
Канд занед чаноби генерал бисер тахлили амик !!!

Анушервон
Икдоми бисёр хуб. Ташаккури зиёд мухтарам Аламшозода.Чунин чорабинихо метавонад чавононро хушдор созад ва аз рохи бад гардонад.Дар Хоруги мо хам хасатанд нафароне, ки шояд аз гумрохи ё кам огохи фирефтаи ашхоси гаразчу мегарданд. Вале онхо аллакай ангуштшуморанд.Онхо охиста-охиста хакикатро дарк карда истодаанд.Дар кул бошад мо чонибдори андешахои солими шумоем.Дар хама холат мо барои химояи Ватан ва пешгирии амалхои нангиновари тафрикаандози,ифротгарои,терроризм экстрмезм ва дигар харакатхои номатлуб бо умо барин чавонмардон дар сафи мубориза хастем.

Бузмаков
аз ҷумла 205 автомати калашников ва 446 адад таппонча дарёфт ва мусодира шудааст. 205+446 = 651, дигараш чи бошад, кордхои зардакпусткуни?? ё калтак?

Оморбой
Галаструки сурхта садка акаееее кадом вакт статистика рост буд???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)