Бахшҳо

Мансурзода: Дар баҳси “Вавилон-М” бо Кумитаи андоз нуқта гузоштем

Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе даъвои Кумитаи андозро алайҳи “Вавилон-М” қонунӣ хонда, афзуд, ки даъвои кассатсионии ширкатро рад кардаанд.

Мансурзода гуфт, “Вавилон М” аз додгоҳ дархост карда буд, ки санади санҷишӣ ва қарор барои рӯёнидани 341 миллион сомонӣ андоз, ҷарима ва фоизҳо аз ин ширкат қисман бекор карда шавад: “Дар марҳилаи қаблӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 228 ҳазор сомонӣ даъвои Кумитаи андоз алайҳи “Вавилон М” бекор карда шуд. Дар қисмҳои дигар дар ҳамаи марҳилаҳои судӣ даъвои Кумитаи андоз асоснок карда шудааст”.

Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ илова намуд, ки “мо дар ин баҳс нуқта гузоштем ва ҳоло ин қарор дар ҳоли иҷро қарор дорад”. Ба суол, ки оё додгоҳ имконияти ширкатро барои пардохти чунин маблағ ба назар гирифтааст, Мансурзода изҳор дошт, ки қазияро танҳо аз нигоҳи қонунӣ баррасӣ мекунанд ва ба имконияти молии ширкатҳо баҳо намедиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати “Вавилон М” дар робита ба 341 миллион сомонии баҳсӣ ба додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Додгоҳи қонуни асосии кишвар муроҷиат карда, ҷавоби рад гирифт.
Мӯҳр
Бахтичамоли
вавилон ширкати бо кудратест, ки ин хама мушкилихоро паси сар карда барои ободии кишвар хизмат хохад кард.
аз дасти ин ширкат хазорхо одамон обу нон мехуранд иншоолох, ки хама мушкилихо паси сар мешавад.. дар панохи Худо бошед.

Офарин ба Мансурзода! Инро бинед чи гуфтааст: «Ба суол, ки оё додгоҳ имконияти ширкатро барои пардохти чунин маблағ ба назар гирифтааст, Мансурзода изҳор дошт, ки қазияро танҳо аз нигоҳи қонунӣ баррасӣ мекунанд ва ба имконияти молии ширкатҳо баҳо намедиҳанд». Яъне «бигзор чунин як ширкати бузург муфлис шавад, бигзор хазорон нафар бе чойи кор монанд, вале бояд маблаги мазкур пардохт карда шавад».

Саодат
Ширкати Вавилон ягона ширкати ватани аст. Чун ин ширкат ба Огохон тааллук надорад, дар пушташ Россия намеистад, Раисаш шахрванди хоричи нест, имконияти хаматарафаи буги кардани он вучуд дорад. Сад афсус ки мо худкуши бегонапарварем, ширкатхои худиро буги мекунем ва ширкатхои бегона имконияти бештар медихем. Окибати ин хама ноадолатихои судяхои мо моро ба кучо мебурда бошад?

Камар
Нишасти имрӯза сахнаи хуб буд. Инро метавон ба сахначахои хачвии гарибшо ворид кард. Магар раиси суд хукук дорад, бигуяд, ки мо ба имконияти молии ширкатхо коре надорем, мо факат ба конун кордорем. Магар конун мегуяд, ки масъала яктарафа барраси шавад? Магар конун мегуяд, ки дар давраи бухрони ширкати ватаниро буги кунед? Ин чи гунна конун будааст?
Конун ба хукми худ надорад айбе, Хар айб ки хаст дар конундонии мост ва дар мустакил набудани судяхо.

малол
Худкушу бегонапарвар.Бисьер гам доден хамин ширката.Ман дар кумитаи андоз иктибоси Вавилона дидам 50%сахмия аз они Бехзод Файзуллоев ва 50% аз Бахтиер Муминов будаст харду точик зодаи Хатлонзамин, ин хам майли о суд тарфдори кард чи даркор ин кадар овоза. Хамин суми калона дар тахи се сол чи хел надидед е дар фикратон дигар чиз аст.Агар, фикри шумо дигар чиз бошад дар хамин мохи Шариф, чазотона мегиред. Акалан Давлатзода Мансурзода 4-хазор коргара фикр кунед ва 4-хазор билет харед ба Сурия аз хамин сум.
Озодагнон чоп кун.

Мушоида мешавад, ки Озодагон на хамаи нуктаи назарро дар сомона чойгир менамояд
Худатон казоват кунед, чи тавр карори доир ба ин бахс кабул кардаи мархилахои суди иктисоди "конуни" мебошанд:
- вакте, ки макомоти ваколатдори давлати хулосаи расми пешниход кардаанд, ки санчише, ки макомоти андоз гузаронидааст, гайриконуни мебошад;
-дар холате, ки ду олими хукукшинос дар хулосахои хамчун коршиноси мустакил додаи худ, дар кардаанд, ки санади санчишии аз натичаи санчиш тахия шуда, ба талаботи конунгузории кишвар, чавобгу намебошад;

- вакте, ки олимони итисоддони амчун коршиноси мустакил чал гардида, дар хулосаои худ, ба таври мушаххас дарч кардаанд, дар санади санчиши алатои зиёди арифметики ва дигар хисобу китоб чой доранд ва манбахои андозбанди асоснок карда нашудаанд ва исбот карда нашудааст, ки "чи тавр маблаги гирифтанашударо метавон, даромад хисобид;
-вакте, ки масъулини Хадамоти зиддиинисори амчун шохид ба суд нишондод додаанд, ки хангоми тахия калкулатсия ширкат талаботи Низомномаи дахлдоро пурра риоя карда, харочотхояшро аз лихози иктисоди асоснок кардааст;

- дар холате, ки хамин мутахассисин дар санади санчиши тахия кардаи худ, зикр кардаанд, ки дар фаъолияти ширкат талаботи конунгузории зиддиинхсориро риоя кардааст ва дар фаъолияташ холти риоя нашудани
коннгузории зиддиинхисори чой надорад;
- дар холате, ки исбот шудааст, ки ширкат хеч гуна хизматхои асоси ва иловагии ба макомоти ваколатдори давлати мувофиканашударо ба муштариён дасрас накардааст;
- дар холате, ки исбот шудааст, ки ширкат аз хизматхои гайриконуни ройгон хисобидаи макомоти андоз ва судхо даромад гирифта, факат аз
ин манбаъхо ситонидан ва бучет супоридани андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз аксиз ва хирочи ичозатномавиро ба маблаги зиёда аз сад миллион сомони ба бучет таъмин кардааст;

- дар холате, ки маълум аст, даврахои бахсиро худи масъулини макомоти андоз ду маротиба мавриди санчиши мачмуии андоз ва як маротиба мавриди санчиши мавзуи андоз карор дода, конунвайронкунии чмиддиеро ошкор накарда буданд;
ба инобат гирифта намешавад, ки Кодекси андоз, дар ин холат , манзур агар давраи андози мавриди санчиш карор гирифта бошад, гузронидани санчиши такрории мачмуии андозро, манъ кардааст;
- ба инобат гирифта намешвад, ки ширкат таи давраи бахси ба бучет супоридани андозхо ва дигар хирочу пардохтхои хатмии давлатиро ба маблаги зиёда аз панчсапд миллион таъмин кардааст;

- сарфи назари карда мешавад, ки зиёда аз хазору чор сад нафар дар ширкат ба кори доми фаро гирифта шудаанд ва хама шахрвандони кишвар мебошанд;
нодида гирифта мешавад, ки ширкат дар як сол аз як саду бист то як саду панчох миллион сомони ба бучет маблаг месупорад;
- ба шахрвандон хизматрасонии кандуи чавобгуи стандартхои чахоиро дастрас менамояд;
Хавтанони азиз худатон казоват кунед, сухан дар бораи кадом адолати конуни ва конуни будани карорхои судии бо ин бахс кабул шуда меравад. МАнсурзода,хобатонро ба об гуяд, мо ба гуфтахои шумо бовар нодарем.

Бехзод! Аз ин мушкилихо, ки хасудону натавонбинон рохандози кардаанд рухафтода нашав! Ту барои сокинони кишвар, марди росткавл, созанда ва ватанпар шинохта шуда ва бо ин мо бовар дорем. Рохи халли ин мушкилиро чуста, сабру тахаммулу бардошт ва дурандеширо фаромуш накун.
Мансурзода ва Мансурзода баринхо, хеч вакт офаранда ва созанда набуданд. Хама вакт аз мавкеи химояи манфиат ва мансаби худ баромад мекарданд ва минбаъд низ хоханд кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)