Бахшҳо

ВИДЕО: Созиши Эрон бо “5+1” аз нигоҳи сафири Амрико дар Душанбе

Сафири ИМА дар Тоҷикистон, хонум Сюзан Эллиотт зимни пазироии рӯзноманигорони Тоҷикистон дар хонаи худ ба суолҳо перомуни созиши Эрон бо кишварҳои 5+1 дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон посух дод ва ҳамчунин мавқеъ ва сиёсатҳои минбаъдаи кишварашро муаррифӣ кард.

Хабарнигори “Озодагон”, Иршод Сулаймонӣ ҳам дар ин мулоқот ҳузур дошт ва бо чанд суоле ба хонуми сафир гуфтугӯ анҷом дод.

Сюзан Эллиотт:
Тавофуқе, ки бар асари баҳсу музокироти тӯлонӣ ба даст омад, гумон мекунам, як қадами хубест барои беҳтар кардани муносибот бо Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон мебошад. Тавофуқи Эрон бо кишварҳои 5+ 1, ё тавре мо мегӯем, шарикони байналмилалӣ бисёр қадами устувор аст. Президенти Амрико, Барак Обама яке аз касоне буд, ки ин созишномаро истиқбол кард ва худи Ҷон Керӣ, вазири хориҷии ИМА иштирокчии ин музокирот буд. Мо бисёр хурсандем, ки муваффақ шудем ва худи созишнома як дастоварди бузурге ҳаст.

Озодагон: Ҳамон тавре ки тамоми дунё дар бораи ин созиш ҳарф мезананд, ин як тавофуқест, ки ахиран баъди низоъҳои бисёр харобиовари Ховари Миёна, Афғонистон, Ироқ ва Сурия ҳосил шуд ва мо шоҳид шудем, ки кишварҳои дунё манофеашонро на аз роҳи душманӣ, балки аз роҳи ақл ҳимоят карданд. Ҳамин созише, ки шуд аз назари хонуми сафир, агар пеш аз пайдо шудани ДИИШ дар минтақа ҳосил мешуд чӣ мантиқ медошт ва ҳоло чӣ мантиқ дорад?

Сюзан Эллиотт: Ман гумон мекунам, ки масъалаи ДИИШ, ки шумо матраҳ кардед, масъалаи дигар аст ва музокирот барои тавофуқ сари барномаи ҳастаии Эрон солиёни зиёд тӯл кашид. Ба даст овардани ин созиш аз ҳамкории давлатҳое шаҳодат медиҳад, ки нуқтаназарҳои гуногун доранд. Кишварҳое назири Русия, Чин, ИМА ва ғайра. Шумо дуруст зикр кардед, ки чун пайдоиши ДИИШ барои ноамнии тамоми дунё боис шуд ва хусусан, сатҳи баргашти сулҳи Шарқи Наздикро коҳиш дод. Созиш бо Эрон метавонад боз ҳамкории давлатҳоро дар баробари мубориза бо терроризм боз ҳам зиёд кунад.

Озодагон:
Аз назари ИМА дар ҳамин тавофуқе, ки ҳосил шуд кӣ бояд бештар содиқ бошад: Эрон ва ё ИМА-ву кишварҳои ғарбӣ? Чун дар матни созишнома баъзе шартҳое аст, ки агар Эрон онҳоро риоя накунад баъд аз 45 рӯз тамоми тавофуқ ва худи созишнома ба таври автоматик бекор мегардад.

Сюзан Эллиотт:
Ин бисёр ҳам саволи хуб аст. Ин созиш, асосан на бар пояи эътимоду бовар, балки дар асоси назорат ҳосил шудааст. Ман наметавонам аз номи ҳукумати Эрон суҳбат кунам, вале аз номи ҳукумати ИМА чунин гуфтаниям, ки ҳар як давлате, ки аъзои ин музокирот буд уҳдадор аст, ки барои иҷро кардани тавофуқот содиқ бошад. Ҳамчунин бояд бигӯям, дастоварди дигар аз ин тавофуқ замоне мешавад, ки агар Эрон барои назаратчиён имконият бидиҳад, то раванди барномаи ҳастаиро назорат кунанд. Ҳамаи он таҳримоте, ки буданд яку якбора барканор намешаванд, балки марҳила ба марҳила бардошта мешаванд. Зеро назоратчиён мебинанд, ки Эрон то куҷо ба ин созишнома садоқатмандона муносибат мекунад.

Озодагон: Баъди ҳамин тавофуқ то куҷо дунё метавонад ба хуб шудани муносибот ва барқарор гардидани равобити дипломатии ИМА ва Эрон хушбин бошад?

Сюзан Эллиотт: Ман фикр мекунам, ки дар ин масъала суҳбат кардан ҳоло ҳам барвақт аст, вале чун президенти мо ҳам изҳор доштанд,, ин як қадами бисёр хуб барои аз сар гирифтани муносиботи мо аст. Аммо ман гумон мекунам, ки агар ин созишнома муваффақона вориди иҷро шавад, барои беҳтар шудани муносибот ҳатман замина мегузорад.

Ҳамчунин хонуми сафир ба суолоти ҳамкасбонамон аз дигар расонаҳо низ посух гуфт.


Абдуазими Абдуваҳҳоб:
Вокунишҳои шадид ба ин созишнома пеш аз ҳама дар худи ИМА садо дод. Ҷумҳурихоҳон ва лоббиҳое, ки аз Исроил ҷонибдорӣ мекунанд вокунишҳо доштанд. Шумо фикр намекунед, ки агар ҷумҳурихоҳон ба қудрат бирасанд ва ё замони тасвиб дар Конгресс ин созишнома ба мушкил рӯ ба рӯ шавад?

Сюзан Эллиотт: Шумо медонед, ки кишвари мо як давлати демократӣ ҳаст ва ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки фикри худро дар ин росто иброз кунад. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки тавофуқ бисёр созиши хуб аст, вале ҳастанд нафароне, ки ин тавофуқро кори бад медонанд. Ин созиш бояд аз ҷониби Конгресси ИМА ба тасвиб расад. Вале ман боварии комил дорам ва мехоҳам итминон дошта бошам, ки албатта ин созишномаро Конгресс мепазирад. Чун ин созиш на танҳо миёни ду давлат - ИМА ва Эрон аст, балки як тавофуқи байналмилалист. Мебинем, ки посухи Конгресс чӣ мешавад, ман назари некбинона дорам. Албатта ин дар Конгресс як масъалаи бисёр мушкил ва пурбаҳс хоҳад шуд ва ба осонӣ ба даст намеояд.

Абдуазими Абдуваҳҳоб:
Оё мешавад гуфт, ки аз ин ба баъд ИМА бо Эрон дар муқобили ДИИШ ҳамкорӣ мекунад?

Сюзан Эллиотт:
Пешгирӣ кардан ва барҳам задани фаъолиятҳои террористӣ аз мақсадҳои муштаракаи давлатҳо дар ҷаҳон аст. Эрон, албатта дар сатҳи байналмилалӣ метавонад бо дигар давлатҳо бар муқобили терроризм ҳамкорӣ кунад, аммо на барои дастгирии терроризм. Чун Шумо медонед, ки ягон қазия наметавонад ба василаи хушунат ҳал шавад. Ҳар фикру ақидаи гуногун сари қазияҳо бо музокироти боз метавонанд, ки ба натиҷаи хуб анҷом ёбанд. Ман бар ин назарам, ки тавофуқ сари ин созишнома дар оянда метавонад барои созишномаҳои дигар, аз ҷумла мубориза алайҳи терроризм сабаб шавад.

Хуршеди Ҳамдам: Эрон ҳоло бушкаҳои нафти беҳисоб дорад. Чун дар солҳои таҳримот ин нафти Эрон дар кишвар захира шуд. Акнун бо бардоштани таҳримот, оё давлатҳои ғарбӣ, хусусан ИМА Эронро ҳамчун олтернотив дар бозори энержӣ барои пур кардани ҷойи Русия, ки аз бозӣ баромадааст, истифода мекунад ё хайр?

Сюзан Эллиотт: Ман бар инам, ки пеш аз он ки ин таҳримот ба Эрон гузошта шуданд ин кишвар ҳам як бозори ниҳоят бузурге барои фурӯши нафт дошт. Мешавад гуфт, ки ин таҳримот таҳримоти пурсамар буданд ва тавонистанд, ки Эронро барои ба даст овардани фоидаи бештар водор кунанд. Чун Шумо гуфтед, ки оё Эрон метавонад ҷойи Русияро бигирад, ман бар инам, ки дар ҷаҳон бозори нафту газ як бозори озод аст ва ягон давлат наметавонад ҷойи давлати дигарро бигирад. Фақат онҳо метавонанд ба сифати рақиб дар бозори ҷаҳонӣ бошанд. Яъне ин давлатҳо метавонанд, ки ИМА, Арабистони Саудӣ бошанд, хулоса кишварҳое, ки дорои захоири бузурги нафту газ мебошанд. Ба фикри ман Эрон ҳоло имконияти бисёр хуб дорад, ки газу нафтро бештар ба фурӯш барорад.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)