Бахшҳо

Шуғнон: Аз даъвати ҲНИТ то ҷаласаи изтирории ҲХДТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тамоми шаҳрвандон, бо шумули аъзои худ ва шахсиятҳои дорову афроди саховатманди кишварро барои дастгирӣ ва кумаки сокинони аз селоб зарардидаи вилояти Бадахшон даъват кардааст.

Тавре аз дафтари матбуоти ҲНИТ хабар доданд, раҳбарияти ин ҳизб аз аъзову ҷонибдорони хеш ва афроди хайрхоҳ хостааст, дар робита ба вазъи сокинони ноҳияи Шуғнони Бадахшон худро бетараф нагиранд: “Дар ин рӯзҳои сахту мушкил барои мардуми шарифи Бадахшон дар канор набошанду ҳама чун узви як тан кӯмаки худро ба осебзадагон расонанд”.

Аз ин пеш, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кишвар бар уҳда дорад, аз тасмими худ барои кумак ба сокинони Шуғнон хабар дода буд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҲХДТ, масъулини дастгоҳи ин ҳизб дар ҷаласаи изтирории худ вазъи ахир дар вилояти Бадахшонро ба баррасӣ гирифта, барои ҷудо кардани маблағи муайян ба сокинони зарардида аз ҳисоби ин ҳизб, қароре қабул кардаанд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар пайи баланд шудани сатҳи оби дарё дар деҳаи Барсем 41 хона, дар деҳаи Бердибекобод 3 хона ва дар деҳаи Колхозобод 12 хонаи истиқоматӣ пурра зарар дидаанд: “Инчунин бар асари ин офати табиӣ 1 мактаб, 6 мағоза, 1 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 2,5 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаи Хоруғ-Мурғоб, 2 километр роҳи аҳамияти маҳалидошта, 2 километр хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 квт, 2 километр хатти интиқоли шиддатноки 10 квт, 5 адад мошинсарой, 3000 адад дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, 6 адад автомашина, 6 адад ҷуйбори обёрикунанда, дар деҳаи Барсем ба масофаи 250-300 метр, 1 адад ҷуйбори обёрикунанда дар деҳаи Бердибекобод ба масофаи 950 метр, 2 адад пули пиёдагард ва 2 адад пули мошингузар пурра хароб гаштаанд”.

Ба ҳисобҳои пешакии Кумита, зарари ин сел ҳудуди 19 миллиону 353 ҳазор сомониро ташкил додааст. Манбаъ афзуд, зарари асосӣ баъди канда шудани садди обанборе, ки дар пайи фаромадани сел ба вуҷуд омад, расидааст: "Феълан вазъ дар ҷои ҳодиса муътадил буда, сатҳи об поин фаромадааст".


Акс аз Фейсбук
Мӯҳр
Ин бародарони Нахзати аз фурсати муносиб истифода бурда мардумро бо гапи холи дилашонро пур карда истодаанд. Хай мешавад аз дасти шумохон хамин кадар кор ояд хам мешавад. Ку аз бародарони Нахзати нестай ягон ба дилу гурда ва гами мардума мехурдаги ягон Хона ё ягон маблаги пули ба мардум ёри дихад????????????????????????

Мухочир
Соир,
Соир мегум ачаб басаводе будаи . ХНИТ -ро агар Хукумат натарсида рузаш дихад чи кумакхое мекунанд. барое ки дар хуни хар як мусалмони вокеи ва махсусан Аъзои ХНИТ хуни бо сифати одамият . Инсоният ва пур аз мехру дилсузи дошта метапад . на Хуни гуруру бадбинона, ва чиркин бар зидди Хамватанону бародарони худ равона дошта .

И нахзатихо ждат мекнан ки кай ягон мусибат шаваду худро хайрхох элон кунанд. хайрхохиро инсон бештар дар вакти тенчиги мекунад бародарои нахзати

Бе ХНИТ хам давлат худаш медонад чи кор кунад. аллакай корхои зиёд ичро шудаги. ХНИТ бра дам бгир.

Исфара
Хизбхои киссаги чикор мекарда бошанд?

Ali
Kumak be u-i daroz navishta meshavad. Соир,

Точик
ОФАРИН чихел хакикат гу хасти бале хукумат медонад чи кор кунад аз дигар давлатхо кумак хоста истодааст барои он ки ягон кор аз дасти худаш намеояд. Як хукумат ки 19-20 млн сомониро ёфта наметавонад барои бартарафкунии офат вой бар холи ин гуна хукуматдорон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)