З. Саидов: Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон рӯзи дуюм аст, ки дар мавриди парвандаи наваш дар додгоҳ суханони ниҳоияшро ироа мекунад.
Тавре ҳозирини мурофиаи додгоҳӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, суханронии ниҳоии Зайд Саидов аз 99 саҳифа иборат буда, дар назар аст, ки пеш аз зуҳри имрӯз, 21-уми июл ба анҷом расад: “Дар баромадаш дар додгоҳ Зайд Саидов аз бандҳои қонун, ояҳои Қуръон ва ашъори шоирони классику муосир иқтибосҳо оварда, бо зикри мисраҳо аз шеъри Лоиқ Шералӣ гуфт, "тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст, ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам. Бо зикри ин мисраҳо Саидов афзуд, ки дар воқеияти Тоҷикистон шояд танҳо гунаҳаш ин аст, ки тоҷик таваллуд шудаасту тоҷири муваффақ будааст”.
Ӯ бори дигар тамоми иттиҳомотро алайҳи худ рад карда, афзуд, ки қабл аз вазирияш низ ба тиҷорат машғул шуда, соҳиби молу мулк будааст.
Феълан суханронии Зайд Саидов дар додгоҳ дар ҳоли анҷомёбист ва “Озодагон” ба зудӣ ҷузъиёти онро ироа хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи парвандаҳои нав барои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон аз Додгоҳи Олӣ боз 25 соли дигари зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарари расонда ва мусодираи молу мулкро талаб кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов хабар дода, афзуд, айбдоркунанда аз парванда бо даъвои шаҳрванди Ветнамӣ дар мавриди “Тоҷикатлас” даст кашида, инчунин дар мавриди иттиҳоми пулшӯӣ низ хост, парванда аз қисми 4-и моддаи 262 ба сабуктар- қисми 2 бандубаст карда шавад.
Оқои Табаров афзуд, ки дар робита ба иттиҳомот зимни бунёди “Душанбе плаза” айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ дар маҷмуъ барои Зайд Саидов 25 соли зиндон, 34 миллион сомонӣ ҷуброни зарар ва мусодираи амволи барӯйхатгирифташударо талаб кард. Вакили дифоъ илова кард, ба амволи ба рӯйхатгирифташуда аз ҷумла мошинҳои фарзандони Зайд Саидов дохил мебошанд.
Ӯ таъкид намуд, ки дар маҷмуъ бо роҳи қисман зам кардани ҷазо ба ҳукми қаблӣ додситонӣ барои Зайд Саидов 30 соли зиндон талаб кард. Зайд Саидов қаблан ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |