Бахшҳо
21 июл 2015 15:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Роҳи оҳан: Дархост аз Узбакистон, коҳиши нархҳо ва шикоят аз роҳбаладон

Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Узбакистон хостааст, қисмати тахрибшудаи роҳи оҳани Тирмиз-Амузангро, ки ба вилояти Хатлон мепайвандад, дубора барқарор кунанд.

Баҳром Шодиев, муовини раҳбари ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” имрӯз, 21 июл дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, ин дархост дар вохӯрии ахири ҳайати кишвар бо ҳамтоёни узбакашон дар шаҳри Тошканд садо дод. Оқои Шодиев мегӯяд, “дар ин музокирот Тоҷикистон ду масъаларо баррасӣ кард, ки яке аз онҳо барқарор намудани қитъаи роҳи оҳани Тирмиз–Амузанг буд”. Муовини раҳбари ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” нагуфт, ки ҷониби Узбакистон ба ин дархост чӣ посухе додааст, аммо афзуд, “барқарор шудани ин роҳи оҳан интиқоли молу колоро осон карда, ба иқтисоди кишвар ҳам кумак хоҳад намуд”.

Қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон, ки қисматҳои ҷанубии Тоҷикистону Узбакистонро мепайваст ва роҳи транзитӣ барои Тоҷикистон ҳисоб мешуд, моҳи ноябри соли 2011 аз ҷониби мақомоти Узбакистон баста шуд. Тошканд он замон гуфт, ин қисмати роҳ гӯиё дар пайи як амали террористӣ ва тахриби як купрук масдуд гардидааст. Ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон аз омодагии худ барои бозсозии он пул хабар дод, вале Узбакистон таклифҳои Душанберо оиди кумак барои барқарор намудани пули мазкур беҷавоб гузошт.

Баҳром Шодиев, муовини раҳбари ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар идомаи нишасти хабарӣ гуфт, онҳо тасмим доранд, нархномаи тарифҳои худро поин бубаранд. Ӯ мегӯяд, тарифҳо дар солҳои 2009-2011 ҳам аз ҷониби Узбакистон ва ҳам аз ҷониби Тоҷикистон баланд шуда буд ва ҳоло онҳо ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, тарифҳо то 50 фоиз арзон ва боркашонӣ зиёд шавад: “Агар ҳаҷми боркашонӣ зиёд шавад, зарар намебинем. Мо пешниҳод кардем, ки тарифҳо аз ду тараф паст карда шавад”.

Ҷаноби Шодиев иброз намуд, ки тарифҳои “Роҳи оҳани Тоҷикистон” гуногун буда, ҳар роҳ тарифҳояшро худаш муайян мекунад. Ин тарифҳо ба намуд, вазни бор ва ҳаҷми масофаи роҳ вобастаанд. Ба иттилои масъулини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар нимсолаи аввали соли 2015 ҳаҷми боркашонӣ дар ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ду миллиону 860 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 346 ҳазор тонна ё 11,3 дарсад кам мебошад.

Роҳи оҳан: Дархост аз Узбакистон, коҳиши нархҳо ва шикоят аз роҳбаладонДар нишасти хабарии ширкати “Роҳи оҳан” ба пулситонии роҳбаладон аз мусофирон ҳам дахл карда шуд. Шералӣ Қурбонов, сардори корхонаи воҳиди мусофирбарӣ гуфт, дар гузашта мусофирон дар мавриди пулситонии роҳбаладон арзу шикоят мекарданд, аммо ахиран ин шикоятҳо қариб нестанд: “Як сол пеш ҳаминхел арзу шикоятҳои шаҳрвандон як як ворид мешуд. Соли гузашта мо арзу шикоятҳоро баррасӣ намудем. 22 роҳбаладро барои ситонидани маблағи зиёду кашонидани бори иловагӣ ва мусофирони бе чипта аз кор озод кардем. Дар нимсолаи аввали соли 2015 ягон арзу шикоят ворид нашудааст”.

Роҳи оҳан: Дархост аз Узбакистон, коҳиши нархҳо ва шикоят аз роҳбаладонАбдулфайз Холиқов, сардори дирексияи сохтмони Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, дар мавриди ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон гуфт, то имрӯз 12 километр роҳи Душанбе-Ваҳдат-Ёвон васл шуда, зиёда аз 20 километри дигар дар арафаи анҷомёбист: “Айни ҳол корҳо рафта истодаанд, ягон мушкил нест, тамоми маҳсулот дастрас шуда истодааст. 11 ширкат дар ин роҳ фаъолият карда истодаанд”.

Ӯ афзуд, тибқи нақша роҳи мазкур, ки 40,7 киллометр дарозӣ дорад, то ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон бунёд мешавад
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)