Бахшҳо

Қарадоғӣ дар Душанбе: Диктатура ва азоби зиндонҳо терроризмро ба вуҷуд меорад

Шайх Алӣ Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон роҳи аслии мубориза бо ақидаҳои тундгароёнаро истифода аз андешаи руҳониёни муътадили исломӣ хондааст.

Шайх Қарадоғӣ рӯзи 22 июл дар Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм”, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, гуфтааст, “роҳи асосӣ барои муолиҷаи андешаҳои тундрав истифода аз андешаҳои муътадили исломист”.

Ӯ таъкид кардааст, барои мубориза бо андешаҳои тундраву ифротгароёна бояд дар фазои озод ва демократии ҳақиқӣ ба даъватгарон ва донишмандони муътадил фурсат дода шавад, то бо баҳсу гуфтугӯҳо гуруҳҳои тундравро илман қонеъ созанду онҳоро ба роҳи эътидол баргардонанд: “Таҷрибаи ёдшуда, таҷрибаи нав нест, балки он аз тарафи ҳазрати Алӣ (р) ба мо расидааст. Вақте хавориҷи замонаш ӯро ба кофирӣ ҳукм карданд, вай дар иваз онҳоро кофир нагуфт, балки Абдуллоҳ ибни Аббос (р)-ро фиристод, то бо онҳо муноқиша кунад ва баъди муноқиша ду ҳиссаи ҷамоати хавориҷ аз раъйи хатои худ гаштанд”.

Дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмон дар идома дар бораи сабабҳои пайдоиши терроризм ҳам суҳбат карда, низомҳои диктотурӣ ва истибдодиро яке аз омилҳои пайдоиши он хондааст. Ӯ афзудааст, “яке аз сабабҳои пайдоиши терроризм дар ҷаҳони Ислом, нашъу намо ёфтани андешаи тундрав дар зери сояи истибдод-диктотурӣ ва зиндонҳои пур аз азоб аст”.

Ҷаноби Қарадоғӣ ибрози таассуф кардааст, ки ҳоло доираи тафриқа ва парокандагӣ домангири тамоми давлат ва минтақаҳои мусулмоннишин гашта, андешаҳои тундрав ва идеологияҳои ба Ислом бегона боиси пора-пора гаштани уммати исломӣ ва ба фирқаву гуруҳҳои бо ҳам душман табдил ёфтани онҳо шудааст: “Як гуруҳ, гуруҳи дигарро кофир мехонад ва як миллат алайҳи ҳаммилати худ меҷангад”.

Ӯ ин вазъияти ба вуҷудомадаро бисёр хатарнок хонда, ба раҳбарони кишварҳои мусулмоннишин гӯшзад кардааст, истифода аз иқдомҳои низомию амниятӣ ва истихбороти роҳҳал несту бояд сабаб ва решаҳои ин бемориро илман омӯхт: “Чунин вазъияти ниҳоят хатарнок аз мо тақозо мекунад, то атрофи он таваққуфи фарогир намуда, мушкилоти мавҷударо аз решаҳо, сабабҳо ва бемориҳояш ҷустуҷӯ ва таҳқиқ намоем. Вазъияти феълӣ ба тамоми раҳбарони кишварҳои мусалмоншин, донишмандон ва мутафаккирон лозим мегардонад, то бо камоли ҳикмат ва бо истифода аз таҳқиқоти илмӣ, доир намудани конфронсҳо, тарҳи роҳҳалҳои илмии ҷиддии содиқона, мунсифона ва фарогири тамоми паҳлӯҳои фикрӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифториҳои ба миёномадаро муолиҷа намоянд. Набояд раҳбарон барои муолиҷаи ин мушкилот аз роҳҳалҳои истихборотӣ-амниятӣ ва низомӣ, ки таҷрибаҳо нокомии онҳоро дар илоҷи мушкилот нишон додаанд, истифода баранд”.

Конфронси “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” рӯзи 22 июли соли равон дар Душанбе оғоз шуда, ду рӯз идома хоҳад ёфт. Ин конфронс бо ташаббуси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон баргузор шуда, ба он 40 шахсияти рӯҳонӣ ва коршиноси варзидаи минтақа ва ҷаҳон, аз Русия, кишварҳои арабӣ, Ҳинд, Аврупо ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои динии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват шудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)