Бахшҳо

Тафаккури “дилдармағзисар”

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Владимир Нехорошев, як намояндаи пешини парлумони Қазоқистон замоне дар тавсифи Нурсултон Назарбоев чунин гуфта буд: “Дили ӯ дар мағзи сараш ҷой дорад! Аз ин рӯ ҳар амалаш амиқан тарҳрезӣ шудааст, ба ҳеч ваҷҳ дар тасмимҳои ҳакимонаи ӯ намешавад шак кард”.

Аз ин ки дили як қисм мансабдорони мо ҳам дар мағзи сарашон ҷой дорад шубҳа нест, вале ду ҳафта пеш фаҳмидам, ки дар ҳайати мудирияти Китобхонаи миллӣ ҳам касоне, ки дилашон дар мағзи сарашон ҷойгир мебошад, кам нестанд. Ин пиндор баъди мутолиаи эълони зайл ба бор омад: “Ба диққати шаҳрвандон мерасонем, ки ба хотири риояи тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ворид шудан ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо сару либоси варзишӣ, хонагӣ ва кӯчагӣ қатъиян манъ аст”.

Ин эълон ҳам моҳиятан ва ҳам мазмунан нодуруст, ғайривоқеӣ ва ғайримантиқӣ мебошад. Аз нигоҳи ҳуқуқи иҷтимоӣ ва қонунгузории Тоҷикистон либос дар ҳеч гуна ҳолате марбути тартиботи ҷамъиятӣ намешавад, магар дар ҳолатҳое, ки шеваи пӯшиши либос сарҳадҳои ахлоқ ва иффати инсониро убур карда бошад. Тартиботи ҷамъиятӣ низоми муносибатҳои ҷамъиятиест, ки меъёрҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меъёрҳои ҳуқуқ, меъёрҳои ахлоқ, меъёрҳои созмонҳои ҷамъиятӣ, меъёрҳои одатҳои ғайриҳуқуқӣ, анъана ва маросимро фаро мегирад.

Дар таснифбандии либосҳо навъи либосҳои варзишӣ ва хонагӣ вуҷуд дорад, вале мафҳум ва категорияи либоси кӯчагӣ аслан вуҷуд надорад. Либоси варзишӣ ҳам ду навъ аст, яке либоси варзишии махсус барои мусобиқот ва маросимҳои варзиш, дигаре либоси варзишии оммавӣ. Либоси варзишии оммавӣ аз қабили “спортивка”, “кроссовка”, “футболка”, “тениска”, шалвор як либосе барои истифодаи омм мебошанд ва ҳеч замоне ба тартиботи ҷамъиятӣ муғойир нестанд ва боиси ба вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ ҳам намешаванд. Либоси хонагӣ махсуси хона аст ва дар хона пӯшида мешавад.

Ин ки як инсон вобаста ба сатҳи фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқу тарбияте, ки гирифтаааст кадом либосро дар кадом вазъу шароит ва маҳфилу коргоҳ мепӯшад, баҳси зебоишинохтӣ аст ва ба тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ навъ робитае надорад.

Аз дидгоҳи дигар китобхона ҷойест, ки инсон бояд дар шароити рифоҳ қарор дошта бошад ва маҳдудаҳое назири навъи либос аз диди равонӣ ҳам боиси камтар муассир уфтодани мутолаа мешавад.

Гузашта аз ин Тоҷикистон як кишвари демократӣ аст, интихоб ва навъи либоспӯшӣ бар асоси арзишҳои мардумсолорие сурат мегиранд, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон эътироф шудаанд ва замонат дода шудааст. Аз ин рӯ тасмими Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бархоста аз “тафаккури дилдармағзисар” мебошад, дар ҳеч сурат “ҳакимона” нест ва ҳатман ҷойи шак дорад. Ҳоло дар Китобхонаи миллӣ бояд чӣ муҳим бошад: бештар шудани теъдоди хонандаҳо ва аз ин роҳ пурдониш шудани миллату кишвар ва ё расмипӯшҳои иҷборӣ? Дақиқан, тасмими раёсати Китобхонаи миллӣ мунҷар ба кам шудани теъдоди хонандаҳо мешавад.

Ин гуна тасмими эълонҳои идороти давлатӣ, ки мухолиф бар муқаррароти Қонуни асосӣ, арзишҳои ҳокими инсонӣ ва мардумсолорӣ мебошнд, оҳиста-оҳиста пояҳои давлати худкома будани Тоҷикистонро қавитар мекунанд.
Мӯҳр
Бародари гироми, Иршод! Бори аввал аст, ки бо мулохизотатон мувофик нестам. Агарчи сару либос, чунонки мефармоед ва албатта, хеч иртиботе бо "тартиботи чамъияти" надорад, аммо дар кучо бо кадом либос омадан худ нишондихандаи сатхи маърифтати шахрвандон ва дар мач.муъ чомиъа аст. Чунонки мегуянд, "масчид чойи г. нест". Нафаре, ки ба китобхона меояд, мехохад маърифат биандузад ва агар ин кадарро намедонад, ки ба куч.о бо чи либос ояд, аввад бояд ба у хамин нуктаи содаро омухт. Худатон хам фармудаед, ки "либоси хонагӣ махсуси хона аст ва дар хона пӯшида мешавад". Ва либоси варзиши низ барои варзишгох ва тафрехгох аст. Аз ин ру тасмими рохбарони Китобхонаи милли дуруст аст. Дар ин маврид истинод кардан ба Конуни асоси хам чоиз нест. Барои касе ки намедонад дар кучо бо чи либос равад, Конуни асоси баробар бо когази носпечонии носфурушон арзиш надорад.

Дуруд бар чаноби Иршоди!
Он чи дар иртибот ба сару либос навиштаед усулан хатост!!!Хохиш андешаи чангалии хешро ба сари чомиа бор нанмоед.Шумо аввал ба таърихи тахаввули сару либос ва этикети он каме огох шавед,баъд ин навиштахои кучабогию хиёбониатонро агар замина дошта бошад каламдод намоед. Товарищ ИРшоди!Кутохтар карда гуем сару либос хонаги,расми ва гайра вучуд дошт.ТОчики озодаю шахрмандро инкадар биёбони ба калам мадехеду пиндошту маниши ашорофияташро коста нанмоед.Назари хешро дар робита ба шумо насли хиёбони натичагири нанмоед.ВАссалом.

лекин ба хар хол китобхонии Чавонон зиёд шудааст, агар рузи якшанбе равед чойи нишаст намеёбед ...бовар кунед!

Абдулло
Хеч чиз нафахмидам. Каблан аз О хохиш карда будам, ки хаминро бисйор реклама накунед, аммо... Ин ягон хамкор аст чибало!? Барои чи дигар рузноманигорони О-ро намебини? Маълум аст, ки ин шахш ситоишро нагз мебинад....

Вокеан дустам Иршод эродхои шумо сади дарсад дуруст аст, ва имрузхо то онхаде либоспушии мардумро пайгири мекунанд, ки хеч дар фикри истехсолот нестанд, имрузхо ин миллат ин мардум бештар ба дигарчиз ниёз доранд, бояду бояд хамаги дар фикри ихтирооту истехсолот бошем, магар намебинед, ки белибоси расми хам дар аврупову Япония чикадар истехсолоту илму фановари пеш аст.

Бори аввал хостам вориди китобхонаи нав шавам, хаво гарм буд мехостам бо либосхои чинсу футболкаю ва шлопки ба суи китобхона рахсипор шавам.. Хушбахтона дустам ба ман хабар дод ки бо либосхои спортиви ва дар пой бояд шиламси ее шилопки ее появзоле ки пойи лучи банда намоен аст ворид шудан маън будааст.. Ноилоч появзоли чармии махкамаамро пушида рафтам... Пурсон шудам ки чаро шумо ба банда ки дар пойаш шиламси ее шилопки ее появзоле ки пойи лучи банда намоен аст ворид шудан намомонед.. гуфтанд хаминхел фармон аз рохбарият шудааст..
Ин хам хело таачубовар буд бароям....

Чалолиддин
Бо либоси варзиши ва гайриахлоки ба Китобхона рафтан катъиян бояд манъ карда шавад. Хамчунон, ки имруз салафихо бо шортику эзорхои суфу сони тунук, ки куну пушташон хам метобад ба масчид мераванд ва обуруи мусулмонхоро мерезонанд. Гумон мекунед, ки салафихо ба хамом омадаанд ё ба казои хочат. Китобхонаро чунин накунед, бигзор бо либоси расми ва бо тани пушида ба китобхона оянд. Набояд китобхонахо чун масчидхо майдони салафихо ва бешармхо карор гиранд. Хар ки мехохад бо шортику либоси варзиши худашро намоиш дихад чойхо бисёр он чо равад, китобхона чойи у нест.

ismoil
Иршодчон тарзи либопушӣ ба Конуни асосӣ рабте надорад ва маҳз арзишхои хокими инсонӣ ки аз одобу ахлок манша мегиранд, такозо мекунанд нормаҳои зебошинохтӣ риоят шаванд.Пас чаро ҳамеша дар сайти Озодагон бе галстуку костюми шик рунамо мешавӣ? Биё як бор дар либоси варзишӣ ё ҷомаи бобоӣ ба дарси ибрат дар мардумсолорӣ шав то чашми мардум кушода шавад. Наметавонӣ! Як чизи дигарро дар олами мардумсолориат "дресс код" мегуянд.

Донишчу
Мухтарам Иршод! Тавсифи намудхои "варзиши" ва "хонаги"-и либосро пешниход намудед. Хохишмандам фахмонед, либоси "кучаги" чигуна аст?

Савол ба маъмурияти Китобхонаи милли: агар бо либосхои варзиши, хонаги ва кучаги вориди Китобхонаи милли шудан катъиян манъ бошад, пас бо кадом намуди либос мумкин аст? Наход факат бо куртаи сафеди остиндору, шиму костюм ва галстуки сиехранг, туфлии лакдору пайпоки сиех?

ХХХ
Иршод-ако, вактхои охир ман мухлиси Шумо шудам. Факат ба пеш, бахри ободии ВАТАН!!!!

Муаллиф хакро мегуяд...шасзан дар се китобхонаи машхури аврупо дар давоми ду сол кор кардаам, дар он чо бо кадом либосе ки хохи мерави. Илова бар ин, онхо шабонарузи фаъолият менамоянд.

3135
Хуб дар ёд дорам, ки махз хамин кавм аз соли 93 то соли 2005 дар Душанбе ва кумитаву вазоратхо бо либоси хонагии варзиши ва дар по красовки пушида мегаштанд, ана акнун мехоханд, ки чавонон шиму галстук пушида ба китобхона раванд, о гап дар либос не, гап калла да, хама медонем, ки корро шамшер мекунад, на гилоф,

мухлис
Иршодчон гунохи Шумо хамин ки кухистониед, хуни тозаи ориеи доред, аз барои хамин,чуноне аз коментхо бармео\д, шуморо нихоят "дуст медоранд"

Ба игвогари асри "XX1" (Иршод Сулаймони)

Матн галат, Мазмун галат, Мантик галат, Маъни галат.......

Кай дуруст, бо забони соддаи оммафахми шеваи точики навистанро ёд мегиред????

Ман хамин одамро ягон маротиба надидам, ки як маколаи дурусти барои чомеаи манфиатбахшро нависта бошад. Ё ин, ки аз хадди бад ба акл аст ва ё баръакс. Чун, ки ба гайр аз фитнаандози дар байни чомеа дигар кори дигар надорад. Аз дасти хамин хел барин журналистони бе маърифат, хозир дар Росия точикро аз 100 км руссхо медонад, ки точик омада истодааст. Чун ,ки дар хона хам , кор хам, шахр хам, сафар хам як либоскати гашта, хаминро фикр намекунанд ,ки хар чой либоси мувофики худро дорад. Хозир мебахшед ,баъзе одами дар сохтмон кор мекунанд ,хамон красовкихо мегуфтагиашкати дар шахрам мегардад, футбол хам мекунанд. Агар Иршоди ба ном доноякро бинад боз аз кафояш барои имзогири китобхона медарояд. Ман фикр мекунам, ки ин шахс холо хам дар сохаи журналистика чои худашро наёфтааст. Чи гуфтанашро намедонад. Ба чои манфиат ва рохи дурустро ба чомеа нишон додан, факат кор шурандозиасту халос.

Дар чойхои чамъияти худат ку (Иршод Сулаймони) сигарет кашида хавора захролуд карда гашти, факат ку захр мечакони ба халк хаминаш бас нест ,ки боз шурандози карда гаштаи дар байни чомеа?

Пеш аз як чизро нависед аввал аклро (агар бошад) кор фармонидан лозим аст.

ба Шуриш
by шахсро боре надида бошед, сигоркашиашро аз кучо фахмидед, э шумо болача будаед шуришчи

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)