Бахшҳо

Раиси “Тоҷикаэронавигатсия”: Аз чархболи Оқохону "датчик" дар Помир то даъвои “Тоҷик Эйр”...

Исмоил Ҷобиров, раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” мегӯяд, ниҳоди зертобеяш наметавонад барои таъмини парвози ҳавопаймоҳои куҳнаи “Тоҷик Эйр” дар хатсайри Душанбе-Хоруғ дар ҳар дараи Помир “датчик” шинонад.

Ҷобиров, имрӯз, 23-юми июл зимни нишасти матбуотӣ ба суоли “Озодагон” оиди иддаои “Тоҷик Эйр”, ки дар масири Душанбе-Хоруғ “датчик”-ҳо насб нашудаанду халабонҳо бо диди озод парвоз мекунанд, посух дод, ки беҳтар мешуд, агар “Тоҷик Эйр” дар ин масир аз ҳавопаймоҳои муосир истифода мекард. Раҳбари “Тоҷикаэронавигатсия” изҳор дошт, ки 93 фоизи кишварро кӯҳ ташкил медиҳад ва ниҳоди зертобеяш наметавонад танҳо ба хотири парвозҳои “Тоҷик Эйр”дар масири Душанбе-Хоруғ дар ҳар дараву паси кӯҳ “датчик” шинонад, зеро ин хеле маблағи калон талаб мекунад: “Ҳозир самолётҳое ҳастанд, ки дастгоҳҳояшон самт ва вазъи парвозро пешакӣ дар масофаи муайян нишон медиҳанд. Аммо самолётҳое, ки “Тоҷик Эйр” дар ин самт истифода мекунад, аз замони Шуравӣ буда, бо дастгоҳи замонавӣ муҷаҳҳаз нестанд. Ҳаво ва вазъро муайян карда наметавонанд”.

Раиси “Тоҷикаэронавигатсия” таъкид намуд, ки ҳавопаймоҳои муосир вазъи парвозро мустақилона муайян мекунанд ва чархболҳо, аз ҷумла чархболи Оқохонро мисол овард, ки дар ин масир мунтазам парвоз мекунаду таҷҳизоти муайянкунанда низ дорад: “Ин чархболо аллакай таҷҳизоти махсус доранд ва муайян мекунанд, ки дар он тарафи кӯҳ боду ҳаво чӣ гуна аст”. Ӯ корбурди ҳавопаймоҳои муосирро дар масири Душанбе-Хоруғ роҳи беҳтарини ҳалли масъала арзёбӣ намуд.

Ин дар ҳолест, ки Файзулло Сатторов, директори парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” ахиран хатсайри Душанбе-Хоруғро “вазнинтарин дар ҷаҳон” унвон карда, афзуд, ки ширкат аз нигоҳи молӣ аз ин хатсайр танҳо зарар мебинад: “Бо вуҷуди зараровар будани хатсайр роҳбарияти “Тоҷик-Эйр” ягон фикри гирифтани даромад аз ин парвозҳо ва ё қатъи онҳоро надорад. Мо талош мекунем, ки парвозҳо ҳар чӣ бештар анҷом дода шаванду мушкили мусофирон ҳал гардад. Аммо онҳое, ки фикр мекунанд, мо метавонем тамоми сол аз рӯи ин масир парвозҳо анҷом диҳем, хато мекунанд. Парвоз дар ин хатсайр вазнинтарин дар ҷаҳон аст. Чунин хатсайр дуто буд, яке дар Канада, ки онро барҳам доданд. Дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин масир ягон таҷҳизот нест ва халабонҳо аз рӯи диди озод аз рӯи таҷҳизоти ҳавопаймо парвоз мекунанд. Дар ин масир ягон таҷҳизот насб нашудааст. Агар як миқдор абр пайдо шавад, ягон кас аз рӯи меъёрҳои амниятӣ ҳуқуқи иҷозаи парвозро надорад”.

Файзулло Сатторов афзуд, мушкилот дар хатсайри Хоруғ-Душанбе шояд дар солҳои оянда, баъди он, ки дар ин хатсайр ягон “датчик”-ҳо насб карда шаванд, ҳал мегарданд. Ба гуфтаи ӯ танҳо дар сурати насби “датчик”-ҳо ширкат метавонад, новобаста аз боду ҳаво ба Хоруғ парвоз анҷом диҳад.

Ин изҳорот дар ҳолеянд, ки ахиран як гуруҳ сокинони Бадахшон бо як муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостанд, ки мушкилот дар ин масирро ҳал кунад, зеро барои дарёфти як чипта мусофирон ҳафтаҳо дар навбат меистанд.
Мӯҳр
Адолат
Рост хавопаймохои Тачик эйр кунаву фасуда аст имруз ё фардо дар кухпорахо сукут мекунад аз масулони хави хохиш мекунам дигар ба точик эйр ичзо парвоз надиханд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)