Бахшҳо

АКС: Қасди ДИИШ барои таркондани 12 ШКД-“муртадхона” дар Тоҷикистон

Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Душанбе аз ҷилавгирии нақшаи созмони террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” барои таркондани 12 шӯъбаи корҳои дохилӣ, ки террористон онҳоро “муртадхона” мегуфтаанд, хабар дод. Ҳадафи террористон тарконидани ШКД-ҳо дар Душанбе, Рашт, Кӯлоб ва Файзобод даҳаи ахири моҳи Рамазон будааст.

Тавре аз ВКД ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Бобоҷони Раҷабалӣ, ҷавони зодаи шаҳри Кӯлоб, ки дар бозори Корвон ба тиҷорат машғул будааст, дар “Одноклассники” бо “Абусаид” ном тоҷик, ки дар Сурия меҷангад, шинос шудааст: “Дар пайи ташвиқот Бобоҷон “Абусаид”-ро ҳамчун роҳбар қарор додааст ва бо дастури ӯ ният доштааст дар Тоҷикистон “ҷиҳод” кунад ва 12 ШКД-ро дар як рӯз тарконад. Тибқи иттилои оперативӣ “Абусаид” инчунини бо шаҳрвандони дигари Тоҷикистон бо номи Рӯдакӣ, Рӯдакӣ Муҳаммад ва чанди дигар робита барқарор кардааст. Бо дастури “Абусаид” ин нафарон бояд сад балони газро ҷамъоварӣ карда, 12 ШКД-ро метарконданд”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан ду муттаҳами асосӣ-Бобоҷони Раҷабалӣ ва Ҷабборов Садридин, соли таваллудаш 1976 сокини ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардидаанд.

Дар гузорише, ки ВКД шоми 23-юми июл тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон пахш кард, боздоштшудагон гуноҳашонро иқрор кардаанд. Дар гузориш Бобоҷони Раҷабалӣ дар суҳбат бо мақомоти тафтишотӣ мегӯяд, “бояд 100 балони газро ҷамъ карда, дар як рӯз се таркиш дар шаҳри Душанбе, се таркиш дар Кӯлоб се таркиш дар Файзобод ва се таркиши дигарро дар Ғарм амалӣ мекардем, ки аз ҷониби милисаҳо дастгир шудем. Барои пурзӯртар шудани таркиш бояд дар дохили балонҳо ҳар гуна меху оҳанҳои куҳна меандохтем”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳангоми корҳои оперетивӣ-ҷустуҷӯӣ аз боздоштшудаҳо 10 балони кислород ва дигар лавозимоти таркиш мусодира шудааст.

Дар мавриди Ҷабборов Садриддин, ёрдамчии Бобоҷон иттилоъ дода шуд, ки ӯ низ бо “Абусаид” дар интернет шинос шуда, ниҳоят моил шудааст, ки ба Сурия равад. Ӯ дар суҳбат бо муфаттишон гуфт, “ман гуфтам маблағ надорам ва роҳкироро равон кунед. "Абусаид" гуфт, бо одамаш дар Душанбе мулоқот кунам, кӯмак хоҳад кард. Зимни мулоқот маълум шуд, ки одамаш Бобоҷони Раҷабалӣ будааст”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан ҳар ду муттаҳам дар боздошт буда, тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад.


АКСҲО аз гузориши телевизионии ВКД:

АКС: Қасди ДИИШ барои таркондани 12 ШКД-“муртадхона” дар Тоҷикистон

АКС: Қасди ДИИШ барои таркондани 12 ШКД-“муртадхона” дар Тоҷикистон

АКС: Қасди ДИИШ барои таркондани 12 ШКД-“муртадхона” дар Тоҷикистон
Мӯҳр
.
Дуруги навбатии МВД.

Хуршед
Шарм намедори худат дуруг мегуи чихели МВД дуруг гуфтаст ин беномусон нияти куштори хамватанони худро доштанд Худованд халки моро нигох дошт ки ин Худозадахо ба максади нопоки худ нарасиданд.

хамаи хамин савдогарони бозори Корвонро аз галбел гузаронидан даркор. Зеро рузи дароз дар ташвикоти дини хастанд. Ман зидди дин нестам. Як худатон тамошо кунед ин кадар ришдору хичобдор бисёр, ки гуё дар Афгонистон боши. Гапи маро бовар кунед. Тамоми бедодгарию ифротгарои дар хамин бозорхои калон хаст.

Ас
Акнун онхоро суд мекунанд; хабси абад, 25-30 сол махбас ва г.х. Бо ин тоифа бо методхои худашон мубориза бояд бурд. Масалан, хамаашонро ба як хучра андохта, бо балонхои кислород, пропан, маводи таркандаи дигар таркондан, буридани дасту гушу бини ва узвхои дигар, мусодираи пурраи хонаву амвол, сангсор ва дигар чазохои берахмона. Бале, берахмона нест кардан лозим аст инхоро, зеро агар сар бардоранд ба касе рахм нахоханд кард.

Саломат
Сохибкорои бозори Корвон то бего бекоранд, рост меган аз сахар то бегох тасбехзанию бекор шиштанкоршонай. Хамаи ташфикоти сатру хичоб ай хамин фурпушандахо буромадигиай. Хамаша як боз аз назорат гузаронен. Як таи дигаршам ай исор буд ай вакзал капида буданша, савдогари бозо буд

Асрор
Садкаи хамин ватан куна шумора, хаму чангхои Сурияра намебинен,ки чи хел карданд мардуми осоиштара, эй мардои беномус фикри зану модар ва бачахотона намекунен .

Mahdi
Дуруг нест ростай и овоза кариб як мох шид будак неки яхел беакло хован. Ана ак малум меша Давлати Исломитон чи хел давлатай. Номша бояд Давлати кофири мона

Абдулло
Савол ба дииш: барои чи шумо меген худо бузург аст аммо ба кавли худатон душманонашро шумо нест мекунед? Ойо Худо кудрати нест кардани душманашро надорад? Худо ба кумаки шумо нийоз дорад? ОЗОДАГОНЧОН!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)