Бахшҳо

Вазорати молия: Маоши президенту вазирон махфист

Раҷаб Одинаев, сардори Раёсати буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, маоши вазирон ва президенти Тоҷикистон махфӣ мебошад.

Одинаев имрӯз, 24-уми июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, зимни ислоҳоти музди меҳнат дар соли 2005 хизматчиёни давлатӣ тақсимбандӣ шуданд: “Хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва мансабдорҳои маъмурӣ. Маоши хизматчиёни давлатии сиёсӣ-маоши вазирону роҳбари давлатро ифшою чоп кардан мумкин нест. Махфӣ аст. Маоши мансабдорҳои маъмурӣ ошкор аст”.

Дар ҳамин ҳол Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз 1 сентябр музди маоши кормандони буҷавӣ, нафақа ва идрорпулиҳо дар ҳаҷми аз 15 то 25 фоиз боло меравад. Ӯ афзуд, ки вазорат бо мақсади боло бурдани маошу дигар пардохтҳои буҷавӣ 329 миллион сомониро равона хоҳад кард.
Мӯҳр
.
Чаро маоши Обама, Путин, Меркел махфи несту маоши ЧО махфи аст?

Огоҳ
Вазорати молия магар намедонад, ки маоши ҳама вазирҳо ба коргаронашон маълум аст, ба ҳама кормандонашон.
Дар давлате, ки сохтор ҷумҳуриявист, ин чиз набояд махфӣ бошад. Пас модар диктатураи мутлақ ҳастем, на ҷумҳурӣ.

Чакработи
Аз онки дар миёни мардум овозахои хархела дар бораи маошхои вазирону кабирон пахн мешавад, бехтараш дурусташро чоп кунед. Русия ва дигар кишвархо ошкоро мегуянд-ку!

ш душанбе
"ба гуфтаи шухихои Аловидин Бобаш рози" Аммо аз хаминхел маоше ,ки холо нагирифтаем хамаи намуди махсулот нархаш боло рафтааст.......

Чаро
ООО ин чи хел махфи??!! Маошро онхо аз киссаи халк мегиранд, халк бояд донад, ки андозхои месупоридаашро чи гуна сарф мекунанд?! Набошад ин горат ва дуздист!! Оё ин поимол кардани принципхои чумхурии демократи-дуняви нест?

Шахбоз
Агар маоши вазиру президент махфи бошад пас ДЕМОКРАТИЯ не Ғуломдори аст. Маоши вазирону президенхои давлатхои абардкудрат махфи нест аз Точикистон бошад махфи. Шарм ба холтон кора карда наметонен хамачира махфи карда гаштен.

ИРС
махфи ба он маъност, ки шояд то андозае аз мардуми бекору мухочири дарбадари кашшок шарм доранд ва аз хамин хотир маоши аз меъёр зиёди худро аз чашми халк пинхон мекунанд.

Мухтарам Одинаев, хеле таасуф, ки бо хамин гуна фахмиши паст шумо чунин мансаби масъулиятноки давлатиро ишгол кардаед. Маълумоте, ки махфи аст, дар Точикистон бо конуни алохида мукаррар шудааст. Президент ва дигар мансабдорони давлати функсияхои умумиро анчом медиханд, аз хисоби бучаи давлат маош мегиранд ва махз бо хамин сабаб музди мехнати онхо "махфи" шуда наметавонад. Баръакс шаффофияти идораи давлати аз маълумот чихати маоиши сардори давлат огоз меёбад ва ин коида дар дилхох давлати шакли идораи чумхурияви риоя мегардад. Барои хамин шумо "велосипеди нав" ихтироъ накунеду хизмати хирсонаро ба давлат хотима дихед...

Анвар
Агар нафакагираш 15 18 хазор гирад пас маошашон маълум АСТ.

Албатта махфи мешавад,хангоме, ки нафака 150-200 сомони аст. Агар мардум маоши онхоро фахмад талхаи аксарияти халк мекафад.

Шояд сабаби махфи будани маошашон дар он бошад ки дар чумхурии кафомондаву камбагал маоши хело калон мегиранд!

Хохиш дорам аз ин ба баъд аз ба кор гирифтани истилохи "идрорпули" худдори намуда, ба чои он истилохи маъмул ва роичи "кумакпули" мавриди истифода карор гирад. Чунки калимаи "идрор" араби буда, дар Эрон ва Афгонистон ба маънои "шошидан" (мочиться) аз он истифода менамоянд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)