Бахшҳо

Изҳороти Кумитаи дин дар мавриди ҷамъовари маблағ аз зоирин барои осебдидагон

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҷамъоварии маблағ аз зоирини тоҷик барои осебдидаҳои офати табиии ахир дар кишварро такзиб кардааст.

Масъулини Кумитаи дин гуфтаанд, аз ҷониби шӯъбаву бахшҳои ин ниҳод дар шаҳру навоҳии кишвар ҳеч гуна дастуре дар ин робита дода нашудааст. Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, “сару садоҳо ва шарҳи баъзе аз истифодабарандагони шабакаи Интернет дар мавриди ҷамъоварии маблағ аз ҳаҷравандагон барои кумаки осебдидагони офатҳои табиии рӯзҳои ахир асоси воқеъӣ надорад”.

Масъулини Кумитаи дин аз тамоми шаҳрвандони кишвар, ки қасди иштрок дар мавсими “Ҳаҷ-2015”-ро доранд, хоҳиш кардаанд, дар сурати пеш омадани чунин ҳолатҳо бо мақомҳои ваколатдор тамос гиранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан зоирини тоҷик аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон хабари ҷамъоварии маблағ аз онҳо барои осебдитдагон аз офати табииро тасдиқ карда, гуфтанд, мақомот аз онҳо хоҳиш кардаанд, ҳар кадом 1 ҳазору 200 сомонӣ “кумакпулӣ” пардохт кунанд. Бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” аз қавли Мирзосаид Сабуров, мудири Шӯъбаи умури дини ноҳияи Қубодиён навишт, идеяи кумакпулӣ аз ҷониби зоирони Ҳаҷ ба осебдидагони деҳаи Заркамари ин ноҳия аз доираҳои ҳукумат берун шудааст: "Ҳар як ҳоҷӣ ба суратҳисоби “Заркамар” пул мегузаронад. Чун раиси ноҳия ба довталабони Хонаи Худо муроҷиат карду хоҳиш намуд, ки дастгирӣ кунед. Имрӯз бояд онҳоро дастгирӣ кунем ва фардо ҳатман моро дастгирӣ менамоянд”.
Мӯҳр
муосир
Хачравхо аввал бояд осебдидагонро дастгири намоянд. онхое, ки хонаи Худо ба хотири хисобот мераванд, зуд хангомаандози мекунанд. ООО баробари муъминат имруз мушкили дорад, кумак намо савоби зиёд мегири.

Аввалаш ман гуфтани хастам:мебинем рост аст ё не, ва баъдан гуфтани хастам
Албатта ёрдам гардан савоб аст лекин ин вазифаи давлатдорист бародар!
Хатти акал инро ихтиёри гузоранд бароеки баьзехо ба зур каме пул ёфта ба хач мераванд .
Охир савоб гирифтан мачбури неску!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)