Бахшҳо

ВИДЕО: Генерал Раҳимзода гуфт, Гулмурод медонист, ки аз вазифа озодаш мекунем...

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини Дастаи таъиноти махсус ё “ОМОН”-и ВКД, ки ба гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” ё ДИИШ пайвастааст, пушаймон буда, мехоҳад, баргашта назди қонун ҷавоб гӯяд.

Ҷаноби Раҳимзода ин нуктаро дар нишасти хабарии ВКД имрӯз, 25 июл изҳор дошта гуфт, “лекин ҷосус, ватанфурӯш, падарфурӯш, фарзандфурӯш пушаймонӣ надорад. Тақдири ӯ ба худаш маълум аст”.



Айни видео дар bambuser

Рамазон Раҳимзода афзуд, ҳанӯз замони ба ҳайси раҳбари ОМОН фаъолият намудани Ҳалимов онҳо муайян кардаанд, ки вай аз ҷиҳати равонӣ солим нест: “Мо корҳои оперативӣ- профилактикӣ пеш мебурдем ва Ҳалимов он вақт аз ҷиҳати руҳӣ ва равонӣ ба мақомот дуруст наомад. Чандин маротиба санҷиш кардем, эрод гирифтем, ҳис мекард, ки оқибаташ ба хубӣ намеанҷомад, мо ӯро аз мақомот озод мекунем, барои ҳамин рафта, ба гуруҳи ифротӣ шомил шудааст”.

Генерали тоҷик Гулмурод Ҳалимовро шахси тасодуфие номид, ки дар авҷи бесарусомониҳои кишвар ба мақомот роҳ ёфтааст: Баъди солҳои 90-ум баъзан кормандони ҳайати шахсӣ бидуни санҷиши руҳӣ-равонӣ барои кор ба мақомот қабул шудаанд ва солҳои охир бисёре аз чунин ашхоси тасодуфиро аз ҳайати шахсӣ тоза кардем. Яке аз чунин шахсони тасодуфӣ, ки дар он солҳо ба кор қабул шудааст, фикр мекунам ҳамин кас буд. Мо нисбаташ гумонбар будем, санҷиш кардем, медонистем, ки аз ҷиҳатии солмии ақл ва руҳиву равонӣ дуруст нест”.



Айни видео дар bambuser

Ин дар ҳолест, ки Гулмурод Ҳалимовро хатмкардаи Академияи ВКД-и Тоҷикистон медонанд, ки дар гузашта дар Русия ва Амрико таълим гирифтааст. Ӯ соли гузашта бо фармони вазири корҳои дохилӣ унвони полковникиро гирифт ва ба иттилои расонаҳо барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Гулмурод Ҳалимов 27 май баъди як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод. Дар ин навор ӯ аз иқдомҳои ба гуфтааш зидди исломии мақомоти тоҷик интиқод карда, дар бораи як ҷаласае бо ҳузури вазири корҳои дохилӣ дар ин ниҳод суҳбат карда изҳор дошт, онҷо таъкид шудааст, ки духтарони бероҳаро ҳиҷоб пӯшонида дар телевизион намоиш бидиҳанд. Аммо вазири корҳои дохилӣ дар нишасти хабарии имрӯз гуфт, “агар мо нисбати ҳиҷобу сатр гуфта бошем, ки як расму ойини тоҷикӣ бояд ҷорӣ шавад, бояд расму ойини миллии мо, ки аз ҳама арзиши миллии мо ба ҳисоб меравад, бояд нигоҳ дошта шавад. Мо ҳаминро гуфта бошем ва ӯ агар аз ҳамин хафа шуда бошад, акнун худатон қазоват кунед. Ба як сатру ҳиҷоб гуфтан, агар одам худаш ифротгаро шаваду зану фарзанд, падару модару хешу таборро партофта ба дигар гуруҳ рафта ҷангад, чӣ маъно дорад? Худатон баҳо диҳед, ки то чи андоза ба ақл рост меояд”.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон, ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) алайҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбати Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.

Ахиран, бархе расонаҳои арабӣ аз кушта шудани ин полковники фирорӣ хабар доданд, аммо баъдан расонаҳои марбут ба ДИИШ гуфт, ӯ кушта нашуда, танҳо захм бардоштааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, то имрӯз 519 шаҳрванди кишвар ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шудаанд, ки 150 каси онҳо дар ҷангҳои Сурия кушта шудаанд. Ӯ гуфт, дар шаш моҳи соли равон 35 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки қасди ба Сурия рафтан доштанд, ошкор кардаанд. Нуҳ нафар аз Сурия, нуҳ нафар аз Туркия, ду нафар аз Русия, як кас аз Қазоқистон ва 14 нафари дигарро дар худи Тоҷикистон муайян ва дастгир карда, пеши роҳашонро гирифтаанд, то ба ба гуруҳҳои террористӣ, экстремистӣ ба Сурия ва дигар кишварҳое, ки муноқишаҳои ҷангӣ идома доранд, нараванд: “Ниҳоят мушкилоти зиёд аст барои баргардонидани ҷавононе, ки шомили гуруҳҳои ҷангҷӯй шудаанд, рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва шахсоне, ки ихтиёран баргашта омадаанд ва афроде, ки дастгир шудаанд, шаҳоати онро медиҳад, ки нафарони шомилшуда ҳама пушаймонанд ва мехоҳанд баргарданд”.
Мӯҳр
Солех
Пешниход мекунам, ки ба ахли оила ва хешу табораш фишор оварда шавад. Аз ин авлод ва аз ин махал ягон нафар ба ба корхои давлатй ва тичоратй рох дода нашавад. Нисбати онхо мардуми Точикистон бр=ояд нафрат дошта бошанд. Дар он сурат чомеаи мо ором ва осуда зиндагй мекунад.

Ин одами тасодуфи чигуна инкадар рутбахои баланду , тадриботи харбиро дар дохилу хоричи кишвар гирифтааст чаноби вазир ?
Холон ки аксарияти машкхои харбие ки Палковние дар хорича дидааст дар холати истикрори кишвар будааст.
Чи гуфтаатонро намедонед.

МАРГ БАР ХОИНОНИ ВАТАН,ЗИНДА БОД ХОМИЕНИ ВАТАН

коршинос
акаи ченерол, кани мархамат карда хафт маротиба экспертиза кунед, мисли Расули "худи" баъд мо бовар мекунем, ки полковник Гулмурод аз чихати рухи ва равони солим набуд, чаро лоаккал СБ МВД ро ба чавобгари намекашед, гунох аз худи шумост, домулло!

кулябец
Наход тамоми шахсоне ки баъди соли 1990 ба вазифа омадаанд тасодуф ба мансаб омада бошанд? Холи халк чи мешуда бошад??

www
Cолех чавобгарии чинои принсипи фардиро дорад. Хавои нашав.

Ачнаби
Дар расонахо гуфтан ки и одам аллакай мурдай бо зинда шида боша? И неки ранги Шохрух Хон бдай. Дар филмхояш мемураву бо тифли навозод шуда мебароя.

"ОЗОДАГОН" !Номард нашав, фикрхои ин дарвешро чаро чоп накарди?
Хакикат ба " ШУМО" х,ам маъкул нест, а?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)