Бахшҳо
25 июл 2015 10:41Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Хабари марги Аъзам баъд аз се моҳи сарбозӣ дар Қисми низомии 2604

Ҷанозаи Аъзам Абдуллоев, сарбози неруҳи марзбонии Тоҷикистон, ки ҳанӯз мақомот сабаби марги ӯро шарҳ надодаанд, дар зодгоҳаш – ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара баргузор шуд.

Аҳтам Абдуллоев, падари Аъзам дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҷанозаи писараш субҳи 25 июл ба хок супорида шудааст.

Аъзам Абдуллоев сокини ҷамоати Кулканди шаҳри Исфара буда, баъд аз се моҳи сарбозӣ дар қисми низомии 2604-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе ҷасадаш ба хона интиқол ёфтааст.

Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, мақомот субҳи 24 июл дар ҳоле ӯро аз марги писараш огаҳ кардаанд, ки шаби 23 июли соли равон ҳамроҳ бо Аъзам телефонӣ суҳбат кардаасту дар он сарбози неруҳи марзбонии Тоҷикистон аз падараш 400 сомонӣ хостааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин бори аввал набуд, Аъзам ҳангоми адои хидмат ба Ватан аз волидайнаш маблағ мехост, қаблан низ 600 сомонӣ талаб карда будааст.
Мӯҳр
Акаи Фаридун кани Шумо ? Оптимисти Мухтарам ! Як ин холата шарх дихед охи ? Боз хамон гапатона такрор карда монед ! "Холо хизмат дар сафи КМ нихоят хуб аст" ...

УФФФФФФ
точик чи дар Россия ва чи дар ватан золимона кушта мешавад. Точикам дар ватани хеш, чаро мутахамам, Ё хато рафта ба точик таваллуд шуданам! Ба падару модари сарбози нокому мазлум, худованд сабру шакибои ато фармояд.

Тозиёна
Чаро фармондеҳони сатҳи олӣ хомӯшанд?? То кай дурӯғи маҳзеро барои фиреб додани мардум мебофанд? Чаро онҳо дар қиболи ин зуҳуротҳе тадбир намеандешанд? Кафолати амнияти ин ҷавоннро кӣ медиҳад.. Чи тавр фарзандонамонро бо ифтихор ҳамчун ҳимоятгари ВАТАН-МОДАР ба марги ноҷаонмардона фиристем.

Ман
Ман бисёр орзу доштам ки ба аскари меравам! Аммо чунин ахвол орзуи маро ба нести бурд. Ман аз ахдам гаштам. Ба хизмати харби намеравам. Зеро бехуда мисли саг мурдан намехохам. Тамоми кабиру вазири вазорати мудофиаи ЧТ бояд ба истеъфо раванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)