Бахшҳо
27 июл 2015 16:38Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даргузашти Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 27 июл Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷев, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари беморӣ даргузашт.

Маросими видоъ бо Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷев дар назди манзилаш, воқеъ дар маҳаллаи 63-юми шаҳри Душанбе бо иштироки академик Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсиятҳои илмиву фикрии Тоҷикистон баргузор шуд.

Даргузашти Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев талафоти ҷуброннопазир барои илм, хусусан илми фалсафаи тоҷик унвон шуд.

Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев 10 феврали соли 1941 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм намуда, факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аспирантураи Академия илмҳои Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 1971 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Ҷаҳонбинии Фаридаддини Аттор” ҳимоя намуда, соли 1993 рисолаи докториро дар мавзӯи “Идеологияи Нақшбандия” дар Қазоқистон дифоъ кардааст.

Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев аз соли 1969 то поёни умр дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба сифати ходими хурди илмӣ, мудири шӯъбаи таърихи фалсафа, академик-котиби шӯъбаи улуми ҷамъиятӣ хидмат намуда, пажуҳишҳои арзишманд анҷом додааст.

Ӯ муаллифи бештар аз 250 мақола ва асарҳои гаронарзиши илмӣ, аз қабили “Ҷаҳонбинии Фариддадини Аттор”, “Назарияи маърифати тасаввуф”, “Идеологияи Нақшбандия”, “Хоҷа Аҳрор”, “Консепсияи диниву сиёсии Хоҷа Аҳрори Валӣ”, “Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор” буда, зери роҳнамоии илмияш 15 нафар рисолаҳои номзадиву докторӣ ҳимоя намудаанд.

Олим ҳамчунин бевосита дар таълифоти дастаҷамъӣ монанди “Осори фалсафии Носири Хисрав. Ҷилди 3”, “Ибни сино ва фарҳанги замони ӯ”, “Таърихи фалсафаи тоҷик. Аз замонҳои қадим то асри 15” ба таври назаррас саҳмгузорӣ кардааст.

Намози ҷанозаи Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев дар масҷиди маҳаллаи 64-уми шаҳри Душанбе доир гардида, ҷанозаи ӯ дар қабристони Чимтеппаи канори Душанбе ба хок супорида шуд.


Даргузашти Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

Даргузашти Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Мӯҳр
Суфизода
Худованд ин инсони поксиришту донишманди фархехтаро дар бихишти барин гарики рахмати Хеш гардонад!

Бо камоли таассуф хабардор шудам устоди донишманд доктори улуми фалсафа, профессор Ахмадчон Мухаммадхочаев дори фониро видоъ гуфтанд. Ин мусибатро ба хонаводаи мўхтарам ва ахли илм таслият арз менамоям ва аз Худованди маннон хосторам, ки барои бозмондагонашон сабри чамил ва саломати ато бифармояд!

Аличон
Худо рахматаш кунад. Доимо дар ёди дустон ва хешу табор боки монад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)