Бахшҳо

КПСС, бозиҳои геополитикӣ, ҲХДТ-ву ҲНИТ ва хусуру хушдоман

Файзинисо ВОҲИДОВА

Равандҳое, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир ба назар мерасад, бо дарназардошти таҳдид ба суботи ҷомеа дар натиҷаи рӯи кор омадани гуруҳу созмонҳои иртиҷоӣ барои ҳар як кишвари мустақил аз лиҳози ҷанбаҳои сиёсию иҷтимоӣ як амри маъмул гардидааст. Аммо, кишварҳои абарқудрат аз ҳама лаҳазот манфиати худро пиёда мегардонад. Ба касе пӯшида нест, ки ҷанги бузургманишӣ байни Чину Русия аз як тараф ва Амрикову Исроилу бархе аз кишварҳои Аврупо аз тарафи дигар ҷанбаҳои геополитикӣ дошта, ҳар кадоме мехоҳанд нуфузи худро дар минтақа дошта бошанд. Солҳои ахир аз созмонсозиҳои Путин коршиносон аз эҳтимоли зинда кардани Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҳадс мезананд. Дар давлатдории ҷаҳон Чин бо сохти коммунистии худ боқӣ мондааст. Тоҷикистон гарчанде Русияро шарики стратегии худ меҳисобад, аммо вактҳои ахир бештар ба Чин майл дорад. Айни замон Чин дар як қатор лоиҳаҳои бузурги бахши саноат, энергетика, сохтмон иштирок варзида, дар сармоягузорӣ, савдо, кишоварзӣ яке аз лидерони асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳузури Русия бо пойгоҳи ҳарбӣ ва бозиҳои геополитикиаш бо баҳонаи мубориза алайҳи “Давлати исломӣ” зарурат ба баҳс надорад. Бо вуҷуди сармоягузории бархе аз бахшҳо аз ҷониби Теҳрон, бо назардошти он ки Эрон давлати исломӣ мебошад, аз ин манишҳо истисно мебошад, зеро Тоҷикистон айни замон майли қабули арзишҳои динию мазҳабиро надорад. Амрикои зирак бошад, аллакай эҳсос намудааст, ки чаро Русия ва Чин маҳз дар минтақаи Осиёи Миёна чашм ба Тоҷикистон духтааст. Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ осебпазир аст. Пеш аз ҳама интиқоли пули муҳоҷирони корӣ бо баҳонаи буҳрони иқтисодӣ коҳиш ёфтааст. Мо иқтисодиёти муътадил надорем. Ба ин набудани корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, ҷойҳои корӣ, экспорти молу коло ва даромади мунтазами боҷу андоз боис гардидааст. Бахши хусусӣ, ки таъминкунандаи макроиқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар ҳоли ҳозир дар як вазъи фалаҷ қарор дорад. Андозбандии номуътадил, санҷишҳои бемантиқу пай дар пай, ришваситонӣ, беасос ва сунъӣ ба зимаи тоҷик вогузор намудани пардохти фоизу ҷарима боиси аз фаъолият бозмондани садҳо корхонаҳои хусусӣ гардидаанд.

Аз дигар ҷиҳат Амрико хуб дарк кардааст, Чину Русия бо баҳонаи “кумак кардан” бозгашти сохти шӯравиро маҳз дар Тоҷикистон пиёда карданианд. Агар 70 сол Тоҷикистони Советӣ буд, шояд имрӯз ба ҳамин монанд як модели нави шӯравиро бо системаи яккаҳизбӣ ҷорӣ карданианд. Сафари як гуруҳи узви ҳизби ҳоким таҳти роҳбарии муовини раиси ҲХДТ ба Чин ва боздид аз парлумони коммунистони Чин далолати гаравидан ба КПСС мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф дар байни ҷомеаи исломии Тоҷикистон ҷанги иттилоотию, динию мазҳабӣ роҳандозӣ шудааст. Бояд дар Тоҷикистон яккаҳизбӣ бошад ва сохторҳои ҳукуматӣ мисли пештара “райком”, “горком”-у “ЦК” бошад. Барои ин ба ҳизби ҳоким ҷомаи нав пӯшонда, шояд ба ҷои КПСС ягон номи дигарро созанд. Муҳим он ки сохти давлатдорӣ мисли коммунистони қарни 20 бошад. Инро Амрико кайҳо дарк кардааст, чун Чин худ давлати коммунистӣ буда, Русия зина ба зина ба самти КПСС қадам мениҳад. Сохти навини давлатдорӣ бо усули демократӣ ва ҳузури бисёрҳизбӣ, ки асосаш гуногунандешӣ аст, дигар тоқатфарсо гардид, зеро идораи давлат, назорати ҷамъиятӣ, иштироки намояндаи аҳзоби сиёсии мухолиф дар парлумон, ҳисобу китоби шаффофи масрафшавии буҷаи давлатӣ барои тасарруфи амволи ғайр монеъа эҷод менамояд. Барои расидан ба ин ҳадафхо пеш аз ҳама бояд мухолифини ҳукумат, рушанфикрон, олимони назари тозадошта саркуб шаванд, ки хоси кишварҳои тоталитарӣ буда, шеваи авторитариро зинда мегардонад.

Тоҷикистон бо маслиҳату кушиши бародарони стратегӣ мақсади аз байн бурдани ҲНИТ, ягона ҳизби хусусияти динидошта дар минтақаро пеша карда, тамоми усулҳоро истифода мекунад. Дигар аҳзоби сиёсӣ ба истиснои наҳзати исломӣ ва сотсиал-демократ аз аввал гирди ҳизби ҳоким муттаҳид шуда, як барномаю мақсаду маромро пиёда мегардонанд. ҲНИТ ва ҲСДТ ҳизбҳои гапнодаро ва дарди сари ҳукумату шарикони стратегӣ мебошанд. Бинобар ин бояд аз байн бурда шаванд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо "муборизаро" аз ҲСДТ сар карда, баъд ба ҲНИТ гузаштанд. Ба касе пушида нест, ки давоми ду се соли ахир фишорҳо болои ҳизби сиёсии расман ба қайдгирифташудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви он хеле шадиданд. Алалхусус дар пешорӯи маъракаҳои сиёсӣ ин як амали маъмулӣ шудааст. Имсол пеш аз интихоботи парлумонӣ беобрӯ кардани як ҳизби сиёсии қонунӣ тариқи телевизиону дигар ВАО авҷ гирифт.

Кор то ҷое расид, ки ҳатто дар манзили зисти аъзоёни ҳизб таҷҳизоти сабту наворбардориро пинҳонӣ насб карда, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсиро поймол ва ба ҳаёти шахсии онҳо мудохила карданд. Ин шармандатарин амал буд, ки бо ин васила “фарҳанги тоҷикон” ба тамоми дунё муаррифӣ шуд. Бо ин ҳам қаноатманд нагардида, ба ришу сатру либоси онҳо дастдарозӣ карданд. Чун ин ҳам натиҷа надоду наҳзатиҳо бо истифода аз сабру таҳаммул, фарҳанги мусалмонии воло кор гирифтанду гуфтанд, барои онҳо суботи ҷомеа арзиши олӣ дорад, шеваи мубориза тағйир ёфт: азобу шиканҷа ва ситам. Аъзои ҲНИТ-ро ба мақомот оварда, бо таҳдиди кашида гирифтани тиҷорати онҳо, маҳрум кардан аз ризқу рӯзӣ аризаи хориҷ шудан аз узвиятро нависонда ба навор гирифтанд. Сараввал ин амалро аз занҳо оғоз бахшиданд, чун медонанд зан ҳамчун ҷинси латиф тоқати таҳдиду фишорро надорад. Бо ин васила оҳиста оҳиста шеваи таҳдидро боз ҳам ивазу сангинтар намуда, ҳуҷумро ба раиси ҳизб шурӯъ карданд. Бо Муҳидин Кабирие, ки тули даҳсолаҳо барои сабр карданаш зери интиқоду маломати шаҳрвандон қарор гирифта буд ва ҳатто аз ӯ одами ҳукумат ном мебурданду мегуфтанд бо Эмомалӣ Раҳмон созиш бастааст.

Муносибат бо ҲНИТ ҷанги хушдоману арӯсро мемонад. Хушдоман дар назди келин исбот карданӣ аст, ки солҳои сол ҳукмфармо буду хуҷаини оила мебошад ва келин бояд меҳмонӣ ин хонадон бимонад. Келин истодагарӣ мекунад, ки ба мақсади барпо намудани як оилаи солиму мустаҳкам ақди никоҳ бастаасту дар ваъдааш вафодор мебошад. Агар хушдоману келин забони якдигарро наёбанду ба созиш нарасанд, оила солим намешавад. Келин аз баҳри оила мебарояду тарки шавҳар менамояд, хушдоман бошад, дигар барои писараш келини муносиб намеёбад...

Чаро бо ҲНИТ чунин бархӯрд мешавад? Агар мушкил дар исломӣ будани номи ҳизб бошад, хеле мутаасифам, ки мақомот як ҳизби сиёсиро аз муассисаи динӣ фарқ намекунад. ҲНИТ ҳизби сиёсӣ буда, фаъолияташ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбхои сиёсӣ” ба танзим ва ба роҳ монда шудааст. Муассисаи динӣ бошад, ҳеч иртиботе ба ҳизби сиёсӣ надорад. Мутассифона, имрӯз ҳукумат бо ҲНИТ ҳамчун бо як муассисаи динӣ бархӯрд дорад.

Тибқи моддаи 8-и Сарқонун дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеч як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зурӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Модоме, ки мафкураи ҳеч як ҳизби сиёсӣ мафкураи давлат ба ҳисоб намеравад, пас чаро аз ҲНИТ дар ҳаросанд? Шояд тарс аз он сарчашма гирад, ки барои сохтани КПСС ҲНИТ монеъа эҷод мекунад ва ҳамчун аҳзоби сиёсии мухолиф аз амали коммунистсозӣ интиқод намояд? Агар мақсад КПСС сохтан бошад, маромашон эҳё намудани давлати коммунистӣ бо ҲХДТ аст, бисозанд, аммо суботи ҷомеа набояд халалдор гардад. Байни дину мазҳаб таҳлука ва фитна андохтан оқибати хуб надорад. Чаро ҳизби сиёсӣ, рушанфикрон, аҳли солими ҷомеа қурбон шавад?


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
ватандор
мо дар чи хаел фалак дар чи хаел .Акаев низ фикри яккатози кард.Муборак.Бокиев.Янукович...Холашон холо чист.Беватан мебошанд .Ин бояд барои яккатозон дарс бошад

Абдуллох
МашаАллох. Маколаи бехтарин аз бехтаринхо.

Гапаша хакашро навистид апачон Аллох илматонро зиёд кунаду Сафи шумобоин хакакатгуро зиёд кунад.Азои ХНИТро Мавридии дату куб карор доданд наход бе инсофи то ин дарачая шавад имруз аз хурд то калон хама хизби ХНИТ дуст медорад шумо ин мухабатро аз дили мардум дур кпрда наметавонед бар акс зиёд мешавад ки камне..о бачои да мардум сабуки овардан факат ранчу азоб базехоя бе гунох зиндон мекунад тухмат мекунад магар ин аз инсоф АСТ.

Салом. Аввалин ин, ки ин навиштахои ба номи адвокати номбдор ва хукукдон хар хонандаеро ба гайр аз тарафдорони ХНИТ зери суол мебарад. Барои чи махз хамин Файзинисо Вохидова аз чониби хукукдонхо аз ХНИТ чонибдори мекунад( Барои чи махз Ф.Вохидова барои ба макомот рабт додани амалхои чинотякоронаву шармандавор ва фахши аъзоёни ХНИТ "чонниросори" мекунад? Ф.Вохидова барои Худо шуда ба ягон клиенташ дар хаёташ як маротиба бепул хизмат карда бошад? НЕ! НЕ! НЕ!
Ин шахс фикр мекунад, ки агар ба сари кудрати Точикистон ХНИТ биёяд олам гулисстон мешавад. Не харгиз. Кабириву, Атовулову дигару дигархо биёянд, ки бисер масъалахои хаёти чамъиятии Точикистонро хал карда наметавонанд. Якум масъалаи барк, дар холе ки зимистони оби дарёхои Т очикистон кам мешавад онхо аз худашон барк медиханд ё аз дигар чо? Ё бар сари кудрат меоянду фавран 1,5 миллион мухочирро ба чойи кор таъмин менамоянд? Ё ба сари кудрат омада хешу таборони худкомаи худро фавран хабс мекунанд? Ё ба сари кудрат омада, ба хама мегуянд, ки таргиботи зиддихукуматиро идома дех, чиноятхои вазнинро содир карданд гир, ё хама ба Сурия ва Афгонистон барои чиход равед? Не охир. Ф.Вохидова фикр мекунад, ки ХНИТ ба сари кудрат юбиёяд уро мегиранду раиси суди оли мемонанд, не охир ин сиёсат хамин хел аст, ки як кас чор мезанад инкилоб мекунад ва бар сари кудрат тамоман дигар кас меояд. Барои хамин хуб мешуд, ки Ф.Вохидова аввал тартибу низомро аз хонаводаи худ сар мекард бехтар мебуд.

Азим
Мухтарама Файзиниссо албата чомеаи мо чомеаи биссёрхизби мебошад ва гуногунандеши хоси ингуна чомеа мебошад, лекин дар инчо аммо хаст... гуногунандешие бошад, ки барои такон додани сохахои гуногуни чомеа бошад аммо гуногунандешони мо чи? дар сурат чунин вонамуд мекунанд, ки пешравии чомеаро мехоханд аммо дар асл амалхояшон пур зи тафрикаандозию барангехтани кинаю адоват мебошад.... Яке аз ин гуногунандешон худи Шумо хастед ва пайваста коратон сангпартои ба суи хукумат мебошад....

Чхели хушдоману?? чхели келин ??чхели оилаа ?? Инро бояд дигар намуд тавсиф дод. Точикистон себи сурх, як кисми хурдаш пусидаги, ки номаш - ХНИТ мебошад. Ана ин визуализацияи хуб. Охи ами мардуми точикистон ай хизби нахзат безоран. Дига бо чи гапа мебарен миёрен.

Мухочир
Бовар кунед модар файзинисо вохидова дар часури хамто надоред хамеша хакикатро мегуед. Худро ехтиёт кунед шумо баринхо ба миллат даркоред!

Хаким
Хонума Вохидова! 1. Дар як қатор лоиҳаҳои бузурги иктисодиву энержии Точикистон иштирок намудани Чин, хузури пойгоххои низомиву бозихои геополитики Русия маънои онро надорад, ки хузури Амрикову Аврупо дар ОМ, хосатан дар Точикистон ба таври сунъй махдуд карда шуда бошад. Точикистон сиёсати хуби «дархои кушод»-ро пеш гирифтааст ва аз он ки Амрикову Аврупо ба лоихахои бузурги иктисодии Точикистон хамрох намешаванд ин ихтиёри онхо аст. 2. Ман бори дигар ба он боварй хосил намудам, ки ХСДТ (дар шахсияти Р.Зойиров ва Шумо аъзоёнаш), ХНИТ ва ХКТ дар хакикат хам ба кризиси каклони сиёсй, зехнй ва кадрй мувочех шудааст. Доимо аз чизе менолед, фаромуш кардаед, ки мардум аз Шумо хамчун хизбхои сиёсй диди нав, фикру акидаи нав, барномахои чадид, тарзу усули нави кор, наздик ва дастрас будан ба дарди мардумро мехохад. ХНИТ, ХСДТ ва ХКТ аз КПСС магар фарке доранд? Чих ел исбот мекунед, ки Шумо худ КПСС нестед? Солхост ки Кабириву Зойирову Шабдолов рохбарии хизбро бо дандон дошта ба кассе намедиханд. Хамин аст демократия Шумо мегуфтагй хонума Вохидова? Вакти он аст икрор шавед, ки Точикистони азизро бо амри Худованди азза ва чалла Эмомалй Рахмон ва мардуми шарифи он обод карда истодааст ва метавонед Шумо низ фитна наандозеду як кори хубе ба миллату давлати хеш арзонй доред!!!

Чамшед8808 н.Восеъ
Мухтарама Ф. Вохидова ин чизхое, ки Шумо гуфтед ин ба хама маьлум аст. Ба мо на ХНИТ лозиму на дигару дигараш. Мо як зиндагии озоду тенч мехохем ва ба каму беши Худо додагй каноат мекунем. Кабирие ки Шумо таьрифу тавсифаш доред на дар фикри ман хасту на дар фикри шумою мардуми Точикистон.Бо ахлу оилааш дар Туркия кайфу сафо карда гаштаистодааст. Барои хамин чи тавре ки мегуянд хар кас аз дасту пои худаш намонад. Ман бовар дорам, ки Кабири бо он шахсоне, ки дар гурухаш хастанд як мох Точикистонро идора карда наметавонанд. Чи тавре мегуянд: Хам-хам рафтани рубох бахри катли мургон аст. Озодагон агар озод боши нашр намо.

Султан
Приняв во внимание сказанные выше слова, читатель может запросто понять в чем суть данной статьи. Во многих местах Америку возвысили, слово Америка повторяется несколько раз в позиции самого правильного государства. Интересно что стало мотивом для написания такой статьи?! Не Америка ли, чьим постоянным спонсорством пользуется госпожа Вохидова.

хайрон аз ватан
Аз номи иршод ба апачони мо насихатхо чоп шудааст,фикр мекунем, ки Иршод ба ин масъала дахле надорад. Агар максад дигар нанавиштани Иршод бошад, бо чойи коре таъминаш кунед, ки зиндагии оилаашро мисли инсонхо гузаронад,Дигар чизе барояш лозим нест.Узри манро кабул намоед,боки салом.

шахрванд
АПА нон ба лабат расидааст соли 90-93 кучо буди ин афсонаро накл мекарди ба инхел одам режими Ислом Каримов лозим..депорт....дастархон ки пуршуд маслихатчи бисер мешавад

Максади макола тафрика ва ноорому нотинч сохтани миллату Ватан набуда, фикри озоди муаллиф аст.Инро х,ар кас мувофики таълиму тарбияи гирифтааш дарк мекунад:атеист- атеистона, диндор- аз нуктаи диндориаш, бетараф- бетарафона!Биёед эй хамватанон сангпартоии зидди якдигарро бас кунем, ба кадри якдигар бирасем.Амрикою Руссияю Чину мо чин...дар фикру гами худанд...Ба кавли Хазрати Бедил: Tавозуъхои душман макри сайёди бувад, БЕДИЛ,
Ки хам- хам рафтани сайёд, бахри катли мургон аст! ОЗОДАГОН барори кор!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)