Бахшҳо
28 июл 2015 14:14Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Нерӯбахшҳои организм

Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино

Электролитҳо пайвастаҳои минералӣ мебошанд, ки қобилияти гузаронидани заряди электрикиро доранд. Ин пайвастаҳои минералӣ дар бофтаҳои хун дар шакли маҳлулҳои намакӣ ҷой гирифта, ба интиқоли моддаҳои ғизоӣ ба ҳуҷайраҳо ва бофтаҳо кумак мекунанд ва аз ҳуҷайраҳо маҳсули мубодилаи моддаҳоро бароварда, дар онҳо мувозинати об ва сатҳи зарурии турширо (кислотностӣ) нигаҳ медоранд.

Асоситарин элоктролитҳои бадани инсон натрий, калий, калтсий, магний ва хлор ба шумор мераванд. Онҳоро дар навбати худ ба катионҳо ва анионҳо тақсимбандӣ мегарданд. Асоситарин катионҳои бадан - натрий, калий, калтсий ва магний ва анионҳои асосӣ хлор, гидрокуарбонатҳо, фосфатҳо ва сулфатҳо ба шумор мераванд. Миқдори калий, натрий ва хлор дар бадан, ба истеъмоли онҳо ба воситаи хӯрок, ба миқдори об дар бадан ва шумораи электролитҳое, ки ба василаи гурдаҳо аз организм бароварда мешавад, вобаста аст. Инчунин ба сатҳи ин пайвастаҳои минералӣ, сафедаҳои натрийуретикӣ, ки ба баровардани натрий тавассути гурдаҳо кумак мекунад ва ҳормони алдостерон, ки дараҷаи ғилзати натрийро дар як сатҳи муайян нигаҳ дошта, ба берун шудани калий аз бадан мусоидат менамояд таъсиргузор қарор мегиранд.

Электролтҳо дар бадан ҷавобгӯи мувозинати моеъҳо буда, иқтидори биоэлектрикиро ба вуҷуд меоранд, ҷараёни мубодилаи моддаҳоро танзим менамоянд, миқдори рН моеҳои баданро муайян намуда, бофтаҳои устухониро мустаҳкам мекунанд. Ин пайвастаҳои минералӣ як навъ нерӯбахши организм ба шумор рафта, дар лахт гардидани хун ширкати бевосита дошта, аз фаъолияти иммунотропӣ бархурдоранд. Халал ёфтани мувозинати электролитӣ ва кислотаӣ - ишқорӣ дар бадани инсон, метавонад бемориҳои зиёдеро ҳамроҳӣ кунад, бинобар ин озмоиши ин пайвастаҳои минералӣ, ҳам барои беморони бистарӣ ва ҳам барои мизоҷони бори нахуст ба пизишк муроҷиат намуда, аз аҳаммият холӣ нест. Озмоиши электролитҳо, чун қисмати асосии муоинаи умумии тиббӣ ва ҳам чун тести ҷудогона барои муайян намудани мубодилаи моддаҳо (метаболизм) дар организм бениҳоят зарурӣ мебошад. Одатан озмоиши электролитиро ҳангоми ташхиси бемориҳое, ки нишонаи варам, дилбеҳузурӣ, сустӣ, аз ҳуш рафтан, кори номунтазами дил, инчунин ҳангоми муоинаи мизоҷоне, ки мубтало ба бемориҳои шадиди давомдор (кӯҳнакасал) мебошанд, таъин мекунанд. Ин озмоиш инчунин барои контроли самаранокии табобати бемории гипертония, норасоии кори дил, бемориҳои ҷигар, гурдаҳо ва ё сатҳи пасти яке аз электролитҳо (масалан натрий ё калий) анҷом мешад.

Аз миёни ҳамаи электролитҳо барои инсон аз ҳама муҳимтар нишондиҳандаи сатҳи калий ва натрий ба шумор мераванд. Натрий, калий ва хлор тавассути ғизо вориди бадани инсон мегарданд ва тавассути гурдаҳо аз бадан ихроҷ мегарданд. Мувозинати ин аносири химиявӣ, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими саломатии инсон, хусусан фаъолияти дил ва гурдаҳо ба шумор меравад. Ҳангоми халалдор гардидани кори гурдаҳо, бадани инсон гоҳе авқот миқдори зиёди обро барои мухлут кардани натрий ва хлоридҳо дар худ нигаҳдорӣ мекунад ва ин сабагори аз меъёр зиёд кам шудани ин пайвастаҳо мегардад. Ва дар ҳолати кам гардидани миқдори об дар бадан бошад, миқдори калий, натрий ва хлоридҳо якбора зиёд мегарданд. Инчунин як қатор бемориҳо монанди бемориҳои қалбӣ, мушкили мушакҳо, асабҳо ва диабети қанд ба аз меъёр кам ё зиёд гардидани як ё чанд электролитҳо оварда мерасонанд. Барои муайян намудани сабаби халали электролитӣ ва таъини тарзи дурусти табобат, мувозинати электролити халалдоршударо ёфтан аҳаммияти вежа дорад. Танҳо баъди муайян намудани ин электролит мешавад табобати дурустро ба роҳ монд. Агар мувозинати ин пайвастаҳои минералӣ дар бадан халалдор гарданд, ба бемор сарчархзанӣ, рагкашӣ, кори номунтазами дил ва ҳатто марг таҳдид мекунанд.

Барои муайян намудани миқдори электролитҳо дар тибби муосир аз таҷҳизоти навтарин ва технологияҳои муосир истифода мекунанд. Озмоишгоҳи такмилшудаи Бемористони Ибни Сино қодир аст дар кӯтоҳтарин муддат ва бо диққати зарурӣ мизоҷонро муоина намуда, бо истифода аз таҷҳизоти навтарин мувозинати электролитҳоро дар бадани ӯ муайян намояд. Озмоишгоҳи бемористон барои гузаронидани ии амал бо ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ ва кормандони ҳирфаӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Барои бехатарии мизоҷон ва бартараф намудани хатари бемориҳои сироятӣ дар озмоишгоҳ танҳо аз васоили якмасраф истифода мешавад. Дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" фаъолият мекунад ва Шумо метавонед худ ва наздиконатонро суғурта намуда, то 15% и хароҷоти озмоишгоҳро аз ҳисоби полиси суғуртавиатон пардохт намоед.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)