Бахшҳо
29 апр 2015 10:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Нефрология

Нефрология илм дар бораи ташхис ва табобати доруӣ ва диализии бемориҳои гурда буда, ҳамчунин назорати гурдаҳои пайвандзадаро таҳти назорат қарор медиҳад.
Нефрология як бахши навзуҳури илми тиб буда, аз пайдоишаш ҳанӯз сад сол нагузаштааст.
Илмест,ки сабаби пайдоиши беморихо ва норасоиҳои гурдаро меомӯзад. Дар ин бора урологи Бемористони Ибни Сино доктор Мубин Аминов маълумоти бештар медиҳад:

Пеш аз ҳама гломерулонефритҳо (харобшавии бофтаҳои гурдаҳо),амилоидози гурда (ҷамъшавии амилоид дар бофтаҳои гурда),синдроми нефротикӣ ва нефропатия мавриди омӯзиши ин соҳа мебошанд.

Бисёр бемориҳое,ки ба гурда осеб меоранд, танҳо мансуби ин узв нестанд ва нишоне аз гирифторӣ дар бадан аст. Ҳоло дақиқ шудааст, ки бемориҳои музмини гурда боиси рушди бемориҳои дилу рагҳои хунгард мешаванд. Бемориҳои нефрологӣ - ба монанди норасоии ҳоди кори гурдаҳо (ОПН) ва норасоии музмини кори гурдаҳо (ХПН) ба сурати авориз буда, махсуси уфунатҳо, заҳролудшавӣ аз доруҳое, ки ба гурда таъсири манфӣ мерасонанд, бемориҳои эндокринӣ (диабети қанд), ревматологӣ, гематологӣ, остеоартроз ва остеопарозанд.

Аз нуктаи назари этиологӣ беморҳои нефрологӣ бемориҳои систематикӣ буда, аз ин лиҳоз онҳоро аз бемориҳои эндокринӣ, неврологӣ ва ревматологӣ фарқ бояд намуд. Барои ташхиси онҳо мисли дигар бахшҳои тиб донистани таърихи беморӣ ва таҳлили озмоишот зарур аст. Озмоишҳои лабараторӣ ба мисли мочевина, креатинин,сатҳи Са ва ph, PH-и пешоб муайянкунандаи ҷой доштан ё надоштани бемориҳои нефрологӣ мебошад.Ҷамъоварии пешоби 24-соата ва таҳлили он маълумоти бо арзише дар бораи фаъолияти гурдаҳо медиҳад.

Ҳамчунин ҷой доштани сафедаи аз меъёр зиёд дар пешоб гувоҳи вуҷуд доштани бемориҳои гурда мебошад.

Беморон аз рӯи ҷой доштани нишонаҳои зерин, фавран бояд ба нефролог муроҷиат намоянд:
1.Норасоии ҳоди кори гурдаҳо (ОПН)-ба таври ногаҳонӣ қатъ гардидани кори гурдаҳо,

2.Норасоии музмини кори гурдаҳо (ХПН) ин тадриҷан пастшавии фаъолияти гурдаҳо,

3.Гломерулонефрит.
4.Пиелонефрит.
5.Уфунати маҷрои пешоб.
6. Гематурия (пешоби хунолуд)
7. Сангҳои гурдаҳо.

Дар ин сурат танҳо нефролог метавонад дарди Шуморо дақиқ омӯзад ва табобати лозимаро тавсия кунад. Барои мисол як бемории гломерулонефрит 9-10-намуд дорад ва ҳар намудаш табобати махсусро тақозо мекунад, ки танҳо пас аз биопсияи гурда намуди он мушаххас мешавад.

Барои он,ки бемор ташхисашро мукаммал созад,дар сурати зарурат бояд:
1.Биопсияи гурда-барои таҳлили бофтаи гурда намояд.
2.Ангиография анҷом диҳад- агар шубҳа ба нуқсони раги хунгарди гурда бошад.

Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки ҳама он шароите,ки дар боло зикр шуд, дар Бемористони Ибни Сино мавҷуд аст ва беморону хоҳишмандон метавонанд, ин ҷо муроҷиат намоянд ва ташхисашонро мукаммал созанду табобат бо стандарҳои байналмилалиро, дар кишвари худ қабул намоянд!

Бо таваҷҷуҳ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишварамон, дар назди бемористон ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» ташкил шудааст, ки ниёзмандон бо пайвастан ба он, зимни ташхису табобат аз имтиёзҳои зиёд дар амри пардохти ҳаққи хидматҳои тиббӣ бархурдор мешаванд. То 80% хароҷоти шуморо ин ташкилоти навтаъсису аллакай муваффақ пардохт мекунад!

Маълумоти бештар дар сомонаҳои мо: www. ibnisino.tj ва www.sugurta.tj
Мӯҳр
Духтур
Тамоми рухониёни гузашта ва имрузро агар чамъ кунем бо муршиду муриду пешвохояшон( албатта бо ришхояшон якчоя) бояд 50 сол зери назари Мубин Аминов дарс бихонанд то ин нефрология чи буданашро бифахманд вот гап дар где- мушкили чомеаи башари аз он чумла Точикистон!!!

Духтур, Духтур лекин дар хаминчо хам муллоро гунахкор донистаед-да, заминларзаи Непалро хам хамонхо кардаанд...фаромуш накунед

Хирург
Рекламаи туфта.

Абдуллох
Ман рости гап максади ин бародаро нафахмидам, дар инчо ин духтур ба рухониёну муллову мурид ва риши онхо чи рабт дошт ё дигар аз тарс ва нафрати шахси дар тамоми мавзуъ муллохоро хатман хамрох кардан даркор? Ин кадар дустдори ин Мубин Аминов хасти, ки Худоро фаромуш карди агар максадат киёси мулло бо духтур бошад охир кори рухониён табобати гурдаву дилу чигар ва беморони ба ин монанд нест. Ана хамон мушкилии гуфтагит барои мардуми точик неву барои тубарин кам саводон аст ки муллора аз духтур фарк намекуни. Худованд хидоят кунад хамаи гумрохонро.

Духтур
барои хамин илм (чи сиёсат, иктисод, технология тиб хамаи илм) ва муллои ду чизи тамоман аз хамма чудо ва дуранд. он чизе ки мулло ва ту мегуи ба илм намегунчад дар сурате ки сохибони ин тафаккур аз замони пайдоиш -мо хама чизем мегуянд яъне дин -сиёсат тиб иктисод ва амаи ин аммо дар асри 21 собит шуд ки чизеву касе набудаед. Боз ривоят кофтеду ёфтед ва гуфтед ки -илмро ба кофир хам медихад бар хар чиз бахонаи туву дигар хамандешахоят тайёр аст барои хамин аввал ришатонро тарошида баъд мачбуран китобхои аслро ба шумо омузондан лозим то ба чор тараф бо чашми ибрат нигаристанро биомузед ки ин дунёро ки пеш бараду мардумро ба хушбахтихо бирасонаду ки махкум ба дузаху тарс аз морхои даруни кабр кунад еле беинсоф ва бемантикед бародари, хохари!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)