Бахшҳо

Э.Раҳмон: Ин ҳодисаи ногаҳонӣ аз лаҳзаи аввал зери назорати шахсии роҳбари давлат қарор дошт

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29 июл дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнони Бадахшон, ки дар пайи офатҳои табиии чанд рӯзи қабл зарар дидаанд, гуфтааст, ин ҳодисаи ногаҳонӣ аз лаҳзаи аввал зери назорати шахсии ӯ қарор дошт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои зарардида аз мавзеи бехатари ноҳия 22 гектар замин ҷудо шуда, масолеҳи сохтмонӣ низ ба онҳо дастрас хоҳад гашт. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Ғунд рӯзи 16 июл дар ҳудуди ноҳия офати табиӣ рӯй дод ва мувофиқи маълумоти ҷамъбастшуда манзили истиқоматии 84 оила, аз ҷумла 68 хона пурра хароб шуда, 16 хона қисман зарар дидааст.

Раисиҷумҳури кишвар таъкид кардааст, тамоми саъю талоши худро ба он равона кардаанд, то масъалаи бо манзили зист таъмин намудани оилаҳои зарардида, барқарор кардани иншооти харобшудаи инфрасохторӣ ва роҳу хатҳои интиқоли барқро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳаллу фасл намоянд. Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат ба сокинон гуфтааст, “мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон бовар дошта бошанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин ҳолати вазнин ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва тамоми чораҳоро меандешад, ки оқибатҳои офати рӯйдодаи табиӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуда, субҳи ҳамин рӯз зимни шиносоӣ бо вазъи корҳои то ҳол анҷомёфта итминон ҳосил намуд, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи истифодаи дурусту оқилонаи захираву имкониятҳои мавҷуда ва иқдому ташаббусҳои созанда пешрафти бахшҳои мухталифи ҳаёти ноҳияро таъмин карда истодаанд: “Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгириҳои молиявии давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон низ сол то сол зиёд гардида, давоми се соли охир ва шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Шуғнон 130 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин маблағҳо ба бунёди иншооти таъиноти мухталиф, сохтмони роҳи марказии шаҳраки Ваҳдат, навсозии роҳҳои дохилӣ, тақвияти соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии буҷети ноҳия равона карда шудаанд. Тӯли даҳ соли охир дар ноҳияи Шуғнон 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, айни замон бо мақсади рушди соҳаҳои афзалиятнок ду лоиҳаи муштараки дигар ба маблағи қариб 3 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст”.

Раисиҷумҳур гуфтааст, даҳсолаҳои зиёд Шуғнон соҳиби мақоми ноҳия буд, вале дар ҳудуди он иншооту биноҳо ва умуман инфрасохторе, ки хоси ноҳия мебошанд, вуҷуд надоштанд, “яъне Шуғнон ба ном ноҳия буд. Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва аз баракати сулҳу оромиву суботи сиёсӣ имкон пайдо кардем, ки барои сокинони ноҳия шаҳри зебоеро бунёд намуда, то хурду бузурги ноҳия бо он ифтихор карда тавонанд”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ гуфтааст, дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия ҳиссаи корхонаи коркарди санги лаъл ва фабрикаи дӯзандагии “Ҳаёти нав” зиёд аст: “Соли гузашта дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 20 миллион сомонӣ ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ қариб 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин барои ноҳияи дурдасти кӯҳистон нишондиҳандаи хуб мебошад”.

Президенти кишвар иброз доштааст, имрӯз дар деҳаи Боғеви ҷамоати Сучони Шуғнон корхонаи коркарди орд бо иқтидори 60 тонна дар як шабонарӯз мавриди истифода қарор дода шуд, ки талаботи сокинонро ба орд таъмин мукунад: “Бояд гуфт, талаботи аҳолии вилоят ба орд ҳар моҳ аз 10 то 15 фоиз афзуда истодааст ва баъди ба кор оғоз кардани корхона на танҳо талаботи аҳолӣ бо орди истеҳсоли маҳаллӣ пурра таъмин мешавад, балки маҳсулоти аз коркарди гандум истеҳсолшуда вилоятро бо хӯроки чорво ва паранда таъмин мегардонад. Ба фаъолият оғоз кардани корхона инчунин яке аз манбаъҳои ғанӣ гардидани буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад”.

Манбаъ мегӯяд, раисиҷумҳур ба Вазорати нақлиёт супориш додааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят доир ба таъмири роҳҳои маҳаллии ноҳия мунтазам чораҷӯӣ намуда, дар баробари ин, масъалаи ҳамлу нақли борҳоро тавассути тарозуҳои нақлиётӣ зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
Мӯҳр
Шукри тинчиву амони карда, хамакаса ватанамонро обод карданамон даркор. ба чойи гайбату бадномкуни хама бояд барои ободии ватан саъю кушиш намояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)