Бахшҳо
03 авг 2015 10:33Тоҷикистон / Сиёсат

Посухи Тошканд ба вазири тоҷик: Ҳеч гоҳ “Роғун”-ро дастгирӣ намекунем...

Вазорати умури хориҷии Узбакистон бо пахши як иттилоияи расмӣ иддаои Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетикаи Тоҷикистонро, ки гӯиё бо Тошканд дар мавриди бунёди нерӯгоҳи “Роғун” нофаҳмие надоранд, рад кардааст.

Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Узбакистон, ки 1-уми август дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст, таъкид гардидааст, ки Узбакистон хулосаи ташхиси байналмилалии нерӯгоҳи Роғунро қабул надорад, зеро он ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй нест.

Ин ниҳод баромади Рустам Азимов, ноиби сарвазири Узбакистонро, зимни баррасии хулосаи ташхиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба “Роғун”, ки 14-18-уми июли соли 2014 дар Алмато садо дод, зикр карда, таъкид намудааст, ки Тошканд ҳамоно ба мавқеяш устувор мебошад. Азимов дар ин баромадаш “Роғун”-ро барои кишварҳои поёноб зараровар, хатарнок ва ташхиси ҷаҳонии ин лоиҳаро номақбул хондааст. Ӯ инчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки камбуди солонаи барқ дар Тоҷикистон ҳудуди 600 мегават мебошад, аммо иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3600 мегаватро ташкил медиҳад.

Ин изҳороти Тошканд дар ҳолест, ки Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, гуфт феълан дар мавриди нерӯгоҳи Роғун бо Узбакистон нофаҳмие надоранд ва марҳилаи аввали нерӯгоҳ тақрибан се сол баъд фаъол хоҳад шуд.

Усмонзода, , 22-юми июл дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки барои фаъол кардани марҳилаи аввали нерӯгоҳ се сол лозим аст: “Дар марҳилаи аввал ду агрегати 400 мегаваттӣ, дар маҷмуъ бо иқтидори 800 мегават фаъол хоҳанд шуд”.

Вазири энергетика гуфт, баъди фаъол кардани марҳилаи аввали Роғун мушкили камбуди барқ дар кишвар ҳал хоҳад шуд: "Барқарорсозии ду нақб ва сохтмони нақби сеюм, ки бо пешниҳоди Бонки ҷаҳонӣ ба лоиҳа ворид шудаанд, пеш рафта истодааст. Аз тамоми дунё ширкатҳо хоҳиши иштирок дар ин лоиҳа, аз ҷумла сохтмони сарбанд ва қисмати энергетикиро доранд".

Вазири энергетика тасдиқ намуд, ки дар кишвар тамоми таҷҳизот барои фаъол кардани марҳилаи аввали нерӯгоҳ вуҷуд дорад: “Дар ҳақиқат дастгоҳҳои барқӣ қисман дар замони Шӯравӣ ва қисман дар якчанд соли охир аз ҷумҳурии Украина ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Ду комплект, дастгоҳҳои барқӣ, генераторҳо ва дигар лавозимотро пурра омода кардаем”.

Ӯ хулосаи мусбати ташхиси Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғунро таъкид намуда, афзуд, ки феълан бо Узбакистон нофаҳмие надоранд: "Вазифаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки барои таъмини мардуми кишвар бо барқ талош кунад".

Усмонзода инчунин аз ташкили гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон истиқбол карда, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо хушнуд астем, ки баъди чандин сол миёни Тоҷикистону Узбекистон комиссияи байниҳукуматӣ ташкил шуд. Дар доираи ин комиссия бисёр масъалаҳо бардошта шуд. Масъалаҳо вобаста ба энергетика ва газ аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд, вале ҷониби Узбакистон хоҳиш карданд, ки дар навбати аввал он масъалаҳое, ки имкони ҳалли онҳо бештар аст, дида шаванд. Масъалаҳое, ки баъзан мушкилиҳо доранд дар навбати дуюм онҳо омода астанд, ки ҳамкориро идома диҳанд”.

Зимни сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба майдони сохтмони Роғун ваъда дода шуд, ки марҳилаи аввали он саривақт ба истифода дода мешавад ва барои фаъолсозии марҳилаи аввал тамоми техникаю таҷҳизот фароҳам шудааст.
Мӯҳр
мухтарам муовини Сарвазири рУЗ.Ёрдам карда наметавонед, пас ба кори хамсоя халал нарасонед.Шумо обро аз Точикистон намехаред, пас ба иктидори норасои ва изофии НБО-Рогун-ба кордор нашавед. Ин аст, одоб ва эхтироми хамсояги.

ш Душанбе
Вазорати умури хориҷии Узбакистон .....хохи нахои мо месозем рогунро....дигар гап нест

Сарвазир ва мансабдорони дигари узбак ! Номуси точики, ки омад, дигар рохи ба кафо баргаштан нест ! Агар лозим ояд аз неругоххо ахромхо (пирамида) месозем!

ахромхо ба маънои хубаш! Яъне лозим ояд аз неругоххо шахрхо месозем!

Мухтарам хамсояи азиз агар ба сифати сохтмонхои Точикистон бовар надоред хуб мешуд хамон дамбаи обро коршиносони худатон бисозанд.

Хаки хамсоягиро бо мукобил буданаш касе ва чизе халалдор намекунад. Мо бояд манфиати халки худро андеша намоем. Аввал хеш, баъд дарвеш... Хангомачуи дар радифи Рогун танхо хусумати "муслимонона" асту беш нест. Агар кишвар бо барк пурра таъмин шавад рангзардкуни ва худсафедкуниро хочате намемонад.

хвмсоии боинсоф
Бале, бобоени мо самаранди буданду,имруз мо кухистони.Хонаю чой ва сарзаминамонро кашида гирифтед, мо хеч даъво надорем.Аммо монед дар кухистон зиндагии худро ташкил намоем.Рогун фоидааш бо Шумо"бародарон" хам мерасидагист. Он бояд сохта шавад.Шуморо дигар хеч кас намепурсад.

Чаро мо дар ватанамон чизе созем аз узбако ичоза гирем. Бояд мо Рогунро созем ва аз узбакхо пурсидану розигияшоро гирифтан шарт нест. Бо кавле "Собака лает, а караван идёт."

Худо хоҳад мо Роғунро месозем ва касеҳам наметавонад сари роҳи моро гирад сохтани Роғун барои давлати Тоҷикистон як сармояи бузург аст ва боиси пешрафти иқтисодии ин кишвар мегардад. Аммо Узбакистон намехоҳад, ки Тоҷикистон пешрафт дошта бошад вале мо бо кумаки Худованд Роғунро месозем!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)